Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олими ҷавони донишгоҳ БОБОЕВА Мадина Маруфовнаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 10-уми октябр БОБОЕВА Мадина Маруфовна рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Семантика ва валентнокии феълҳои эҳсосотӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-028-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олими ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳад расид.

Раёсати донишгоҳ.

Leave a Comment