ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи ихтироъкорони ҷавони донишгоҳ гардид. Дар доираи ин намоишгоҳ 22 нафар донишҷӯён бо амсилаҳои сохтаи худ дар озмуни ихтироъкорони ҷавони донишгоҳ ширкат намуданд: Ҷалолов Муҳаммадҷон Тоирович, аз факултети Нақлиёт, к. 2, г. 370105А, Файзов Ҳадиятулло Сафаралиевич, аз факултети Энергетикӣ,… Read More

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Дурнамои рушди илм ва маориф” баргузор гардид. Дар кори конференсия меҳмонон – олимон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд. Ибтидо сухани ифтитоҳӣ ба Одиназода Ҳайдар Одина – Ректори донишгоҳ дода шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ инчунин Марченко И.О. –… Read More

Сайёрияти фарогир: аз ҳадафҳои нек то натиҷаҳои таъсирбахш

Муносибати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки дар раванди таълиму тарбия дар макотиби олӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои шахсони имконияташон маҳдуд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.      Рӯзҳои 21 – 22 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи озоди Брюссел (Vrije Universiteit Brussel) семинар  (HERE Study Visit· Inclusive mobility: from good intentions to measurable outcomes) баргузор… Read More

АЗ ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,… Read More

ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ

Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмату сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чизе наметавон иваз кард. Аз ин ҷост, ки меҳру муҳаббат ба Модар – Ватан, эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ дар қалби ҳар фарди некном аз овони ҷавонӣ, аз он рӯзе, ки худ ва қадру қимати инсонии худу дигаронро шинохту дарк кард, шурӯъ мешавад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи… Read More

ТАМОКУКАШӢ ҶАҲОЛАТ АСТ

Бо ташаббуси Ҷамъияти саратоншиносии Амрико аз соли 1997 инҷониб ҳамасола панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар тамоми кишварҳо Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку баргузор мегардад. Аз рӯйи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тамокукашӣ сабаби сар задани 25 намуди беморӣ (шуш, дилу рагҳо, саратон, рехтани мӯй…) мешавад. Дар натиҷаи тамокукашӣ ҳамасола 6 миллион нафар дар ҷаҳон мефавтанд. Аз ин… Read More

КИБЕРТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА

Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошад. Тавре зикр гардид, василаи асосии чунин фаъолияти тахрибгарона имкониятҳои нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияи иттилоотӣ арзёбӣ мегардад. Ифротгароии иттилоотӣ асосан тариқи Интернет сурат мегирад. Ба ибораи дигар, ғояҳои ифротгароию террористӣ ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоии мухталиф ба объекти… Read More

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олими ҷавони донишгоҳ НАКИМОВ Сафарраҳмат Пираковичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд. Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 16-уми ноябр НАКИМОВ Сафарраҳмат Пиракович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Бозори гӯшт ва механизми танзими давлатии он дар асоси маводи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти… Read More

КӮЛИ САРЕЗ – МАХЗАНИ ОБИ НӮШОКӢ

Кӯли Сарез, ки онро аз рӯйи зебоӣ “Маликаи хуфта” ҳам ном мебаранд, дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозиаш 55,8 км, бараш 3,3 км, ҳаҷми обаш қариб 17000 километри мукааб, чуқурии миёнааш 185 метр, чуқурии ниҳоияш 505 метр мебошад. Ин кӯл 18-уми феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи… Read More

МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОБ БАРОИ ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ ҶАҲОН

Яке аз сарватҳои табиӣ об мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об хело зиёд ба назар мерасад. Як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба монанди якчанд давлатҳои Африқо имрӯз аз оби ошомидании сифати нӯшокидошта маҳруманд ва аз обҳои ифлос истифода мебаранд. Агар як мушкилоти ҷаҳон экология бошад, мушкилоти дигар обшавии босуръати пиряхҳои ҷаҳон мебошад. Read More