Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9-уми сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард.

«Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9-уми сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин комиссия таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1-уми декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.

Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад. Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

Шарифзода Раҳматулло – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment