Имсол аз қабули Конститутсияи кишвар 25 соли таърихӣ, яъне 25 соли эҳё ва рушди конститутсионализми миллӣ сипарӣ мегардад ва воқеияту рӯйдодҳои бузургу созанда ва дастовардҳои дар соҳаҳои мухталиф бадастомада шоҳиди онанд, ки дар зарфи амали чорякасраи ин ҳуҷҷати бунёдӣ дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ, инчунин эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меҳвари асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтанд.

Дар мақолаи мазкур баъзе ҷанбаҳои рушди конститутсионӣ-ҳуқуқии давлат дар зарфи бисту панҷ соли амали Конститутсия ва хусусиятҳои ҳуқуқии ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ аз нуқтаи назария ва амалияи ҳуқуқи конститутсионӣ мавриди таҳил қарор дода шудааст. Ҳамчунин дар доираи мақола аз ҷониби муаллиф ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва судие, ки баъд аз қабули Конститутсия роҳандозӣ шуданд ва натиҷаҳои муфидро ба бор оварданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.

Калидвожаҳо: Конститутсия, ислоҳоти ҳуқуқӣ-судӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуҳуқӣ, хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, демократия, соҳибихтиёрӣ.

Имсол аз қабули Конститутсияи кишвар 25 соли таърихӣ, яъне 25 соли эҳё ва рушди конститутсионализми миллӣ сипарӣ мегардад ва воқеияту рӯйдодҳои бузургу созанда ва дастовардҳои дар соҳаҳои мухталиф бадастомада шоҳиди онанд, ки дар зарфи амали чорякасраи ин ҳуҷҷати бунёдӣ дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ, инчунин эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меҳвари асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтанд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Конститутсия волотарин дастовард, асоси суботу рушди мутаъдили давлат ва маҳаки асосии ифодакунандаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, самти равиши дурусту ояндадорӣ, низоми ҳуқуқии кишварро бо назардошти риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад.

Бо ин мазмун Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқии инъикос ва бавуҷудоварандаи ормонҳо ва пинсипҳои миллӣ, кафили мувофиқатии меъёру мазмуни он, фарҳангу оин ва таъриху замони муосир буда, асоси татбиқи пайдарҳамии тамоми низоми принсипҳои ҳаёти иҷтимоию ҳуқуқии ҷомеа мебошад.

Барои таҳия ва рӯйи кор омадани Конститутсияи давлати навини Тоҷикистон, ки аввали солҳои навадуми қарни сипаришуда акнун зимоми соҳибихтиёриро ба даст оварда, қадамҳои нахустини худро дар роҳи эъмори давлатдории навин мегузошт ва бидуни ҳарчи зудтар муайян кардани самтҳои рушди давлат дар сатҳи Конститутсия метавонист ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардад, Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷлосияҳои XVI ва XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои зимни онҳо қабулшуда заминаи воқиею ҳуқуқии устувор гузоштанд.

Маҳз бо қарори Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ аз 26-уми июли соли 1993 ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуда, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Бо тасдиқи ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия суръати тоза бахшида шуд ва оқибат дар як муддати муайян Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои милливу давлатӣ дар фазои сиёсию ҳуқуқии кишвар муаррифӣ гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.

Ин ҳуҷҷати бунёдӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ намуд ва дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар нақши муассир бозид.

Дар он принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва заминаҳои пешрафти давлати муосир, ба мисли таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ ва гуногуншаклии моликият, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардидаанд.

Пешвои муаззами миллат, ки дар таҳия ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсияи кишвар саҳми босазо доранд, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд муҳиму назаррас маънидод намуда, ҳанӯз 5-уми ноябри соли 2000, яъне баъд аз шаш соли амали Конститутсия дар суханрониашон зикр намуданд, ки «Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт».

Бешак, қабул ва татбиқи минбаъдаи меъёрҳои Конститутсия диди мардум ва муносибати онро ба нақши Конститутсия дар ҳаёти ҳар як шахс, тамоми ҷомеа ва мувофиқан дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дарки аслии моҳияти конститутсионализм куллан дигаргун сохт.

Аз ин рӯ, таҷрибаи 25 соли амали Конститутсия нишон дод, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ташаккулёбанда, Қонуни асосии на давраи гузашта, балки замони муосир, яъне асри XXI ва ҳамзамон ифодакунандаи ҳадафҳои созандаи давлат ҳамчун унсури муҳими таъмини суботи сиёсии кишвар мебошад.

Дар замони муосир, Конститутсия ба сифати омили муҳими бартараф кардани хатарҳои муосир ба низоми ҳуқуқӣ баромад намуда, ба таври фаъол ба ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ҷомеа, давлат, шаҳрвандон ва ба тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ таъсир мерасонад.

Сифатҳои бунёдию созандаи Конститутсия, ки бевосита худиэътирофии меъёрӣ-ҳуқуқиро соҳиб мебошанд, онро аз мантиқи конститутсионализми замони шӯравӣ, ки аксаран хислати барномавии сиёсӣ-идеологиро доро буд, тафовут мегузорад.

Арзишҳои иҷтимоии Конститутсия одатан бо ба меъёрдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини устувории волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мувофиқатии муносиби озодӣ ва масъулият, баробарҳуқуқӣ ва адолат вобаста мебошанд.

Имконпазир будани танзими масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ аз тавсифи махсуси ҳуқуқии хусусиятҳои хоси ин зуҳуроти беназири ҳуқуқӣ, ки ба Конститутсия устуворӣ мебахшанд, бармеоянд, аз ҷумла:

-якум, хусусияти муқарраркунандаи Конститутсия, ки бевосита дар мазмуни меъёрии он ифода меёбад, ишора бар он мекунад, ки маҳз Конститутсия тамоми низоми соҳибихтиёрии давлатро муқаррар ва принсипҳои демократии фаъолияти онро мустаҳкам мекунад, инчунин механизми ҳуқуқию институтсионалии баамалбарории ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро инъикос мекунад.

Бо назардошти ин хусусият Конститутсия ба ҳайси меъёри асосӣ ва воситаи сиёсӣ-ҳуқуқии муайянкунандаи тамоми низоми давлатдорӣ, омили муҳими мустаҳкам намудани мақоми халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад;

-дуюм, волоияти Конститутсия – ҷойгоҳи махсус ва аҳамияти Конститутсияро ҳамчун сарчашмаи асосии тамоми қонунгузории кишвар ифода намуда, самти танзими муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунад ва мувофиқан ба сифати манбаи ягонаи таҷассумкунандаи арзишҳои бунёдии меъёрии ҳуқуқӣ ва маънавию ахлоқии халқ баромад менамояд.

Волоияти Конститутсия дар ягонагии табиии принсипи умумипазируфташудаи волоияти ҳуқуқ ифода меёбад, ки аҳамияти арзишнокӣ ва меъёрӣ-доктриналии он асоси мазмуни тамоми Конститутсияро ташкил мекунад. Дар як вақт волоияти ҳуқуқ бо назардошти таъмини имконияти баробарии озодӣ ва адолат, ҳамчун маҳаки асосии давлати муосири демократию ҳуқуқбунёд ҳамчун муҳимтарин арзиши конститутсионӣ баромад мекунад;

-сеюм, қувваи олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия – нақши фаъоли низомофарии онро ифода намуда, иерархияи низоми ҳуқуқиро таъмин менамояд. Зимнан, ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба таркиби низоми ҳуқуқии давлат шомил мебошад, наметавонад бар хилофи Конститутсия бошад. Ҳамзамон, фаҳмиши ин хусусияти Конститутсия маҳаки асосии назорати судии конститутсиониро ташкил мекунад, зеро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набояд ба Конститутсия мухолифат кунанд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё муқаррароти алоҳидаи онҳо, ки ғайриконститутсионӣ дониста мешаванд, бидуни шарту расмиёти иловагӣ қувваи худро гум мекунанд. Инчунин шартномаҳои байналмилалии эътибори қонунӣ пайдокарда ва ё худ эътибори қонунӣ пайдонакарда барои Тоҷикистон дар сурати хилофи Конститутсия будан дар мазмуни матни пурра ва ё қисмати алоҳидаи он наметавонанд дар кишвари мо эътибор дошта бошанд;

-чорум, амали бевоситаи Конститутсия – дар ниҳояти кор маънои эътирофи мақоми ҳуқуқии ин санадро новобаста ба дараҷаи мушаххасотии он дар қонунгузории ҷорӣ дорад, зеро меъёрҳои конститутсионӣ бевосита танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, тартиби раванди ҳуқуқтатбиқкуниро, ки риоя, иҷро ва истифодаи ҳуқуқ ба он шомил мебошанд, ифода мекунад. Муҳимияти ин хусусият боз бо он қавитар мегардад, ки амали бевоситаи Конститутсия дар ниҳоят амали бевоситаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Бояд дар назар дошт, ки маҳз амали бевоситаи Конститутсия маҳаки асосии амалишваии меъёрҳои он ҳамчун Қонуни асосӣ мебошад. Хусусияти амали бевоситаи Конститутсия, муҳимияти онро ҳамчун сарчашмаи аввалиндараҷа ва универсалии ҳуқуқ ифода мекунад;

-панҷум, Конститутсия асоси низоми ҳуқуқӣ мебошад. Қонунҳо муқаррароти Конститутсияро мушаххас ва меъёрҳои онро возеҳу маънидод мекунанд. Баъзан худи Конститутсия бевосита ба қабули қонунҳои конститутсионӣ, ки барои танзими муносибатҳои мушаххас лозиманд, ишора мекунад (моддаи 48);

-шашум, арзишҳои бунёдии ин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар чунин хусусияти ҳуқуқии Конститутсия, ба мисли тавъам будани суботи конститутсионӣ ва воқеияти иҷтимоӣ ифода меёбад. Боиси шубҳа нест, ки бо рушди иқтисодию сиёсӣ ва тағйир ёфтани воқеияти иҷтимоӣ таносуби ҳуқуқию воқеии Конститутсия тағйир меёбад, вале дар маҷмуъ ҳадафҳои олии он бетағйир мемонанд;

-ҳафтум, устуворӣ ва муътадилияти Конститутсия. Қонуни асосӣ бояд тарзе таҳия карда шавад, ки тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа ва хусусиятҳои миллии рушду нумуи давлатро дар худ инъикос намуда, муддати тӯлонӣ на танҳо ба талаботи имрӯза, балки ба ояндаи давлату миллат низ ҷавобгӯ бошад;

-ҳаштум, ҳимояи махсуси ҳуқуқии Конститутсия, ки аз ҷониби мақомоти назорати судии конститутсионӣ амалӣ карда мешавад. Яъне дар сурати ба Конститутсия мухолиф будани санади меъёрии ҳуқуқӣ, он аз ҷониби Суди конститутсионӣ тавассути амалӣ кардани назорати пешакӣ ва баъдина ғайриконститутсионӣ дониста шуда, амалаш қатъ мегардад. Бо ин тарз самаранокии реҷаи қонунияти конститутсионӣ низ дар кишвар таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия пешниҳод мешаванд, пешакӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ баррасӣ мегарданд ва танҳо баъди қабули қарори Суди конститутсионӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ манзур карда мешаванд.

Аҳамияти муҳими назорати судӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути ҳимояи Конститутсия ин мақом фаҳмиши ягонаи Конститутсия, таъмини волоият ва ҳимояи ғояҳои бунёдии онро дар ҳама сатҳҳои ҳокимият таъмин намуда, амалишавии бомароми ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшад. Кафолати рушди устувори давлати демокративу ҳуқуқбунёд низ дар ҳамин ифода меёбад.

-нӯҳум, тартиби махсуси қабул ва ворид намудани тағйирот ба Конститутсия. Ин хусусият дар моддаҳои дахлдори Конститутсия инъикос гардидааст.

Конститутсия ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ устувории худро на танҳо бинобар душвор будани тартиби ворид намудани тағйирот ба он, инчунин бинобар дар худи Конститутсия инъикос гардидани имкониятҳои воқеии худташаккулёбӣ ва маънидодкунӣ-меъёрии он дар шароити тағйирёбии фаҳмиши иҷтимоии ҷомеа нигоҳ медорад.

Ғояи он, ки дар ҷаҳони муосир конститутсияҳои идеалӣ мавҷуд нест ва танҳо конститутсияҳои таъсирноку босамар ва ё амалнакунанда мавҷуданд, қобили дастгирист. Аммо муаммои амал ва татбиқи Конститутсия албатта мушкилӣ ва костагии матни он нест, танҳо фаҳмиши дурусти мазмуну ҳадафи он зарур аст, ки зимни қабул пайгирӣ шуда буд ва татбиқи воқеии он метавонад, заминаҳои конститутсионализми муосирро тақвият бахшад.

Зимнан муқаррароти Конститутсия бояд ба шароити воқеии муносибатҳои рушдёбандаи ҷамъиятӣ мутобиқ буда, аз онҳо дур намонад. Бинобар ин, дар дилхоҳ давлат, ҳатто дар давлатҳое, ки Конститутсияи «қатъӣ» доранд, яъне шакли «мураккаби» такмили онро пешбинӣ мекунанд, андешаи дахлнопазиру тағйирнопазир будани Конститутсия қобили дастгирӣ нест.

Ҳанӯз дусад сол қабл, яъне дар даврае, ки нахустин заминаҳои демократияи муосир гузошта мешуд, Томас Джефферсон қайд намуда буд, ки «қонунҳо ва падидаҳои инсонӣ бояд ҳамрадифи инкишофи ақлу хиради инсонӣ бошанд».

Рушди ҷаҳонии конститутсионализм низ шаҳодати он аст, ки новобаста аз чӣ гуна будани мазмуни Конститутсия он наметовонад якбора ва ба таври доимӣ қоидаҳои сохтори конститутсиониро муайян намояд.

Эътироф шудааст, ки ягон давлат наметавонад бе рушди бомароми конститутсионӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ноил гардида, ҳадафҳои гузоштаи давлати демократиро амалӣ созад.

Танҳо тавассути такмили Конститутсия таъмини рушди конститутсионӣ таъмин карда шуда, дар ҷомеа такя ба арзишҳои пазируфтаи демократӣ дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор меоянд ва бидуни такмил ин санади меъёриии ҳуқуқӣ моҳияти аслии худро гум мекунад.

Амалан дигаргунии дилхоҳ дар конститутсия боиси тағйироти дахлдор дар қонун ва санадҳои зерқонунӣ мегардад. Аз ин рӯ, танҳо пас аз такмили чунин санадҳо ва татбиқи амалии онҳо дигаргуниҳои суратгирифта метавонанд ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии мавҷуда таъсир расонанд ва натиҷаи интизорӣ ба бор оваранд.

Конститутсияи кишвари мо низ бинобар зарурати воқеӣ ва талаботи ҷомеа се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 мавриди такмил қарор дода шуд, ки онҳо тавсеаю тақвияти равандҳои демократикунонӣ дар мамлакат, рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва боло рафтани авзои иқтисодию иҷтимоии онро инъикос карда, мақсади ниҳоии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар як инсон арзёбӣ мегардад.

Тағйироти соли 2016 ҳамчун идомаи мантиқии меъёрҳои амалкунандаи ин ҳуҷҷати бунёдӣ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, барои рушди конститутсионии давлат ва ташаккули минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар шароити муосир рушди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монади дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои умумиҷаҳонӣ ба мисли ҳифзи соҳибихтиёрнии давлат, таъмини волоияти қонун, демократизатсия ва гуманизатсиякунонии меъёрҳои қонунгузорӣ ва таҳкими асосҳои конститутсионии самтҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа такя мекунад. Муҳиму эътирофшуда будани ин асосҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо аз ҷониби аксари давлатҳо новобаста ба сатҳи рушди сиёсию, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пазируфта шудаанд.

Тоҷикистон як марҳилаи рушди конститутсионии давлатдории навинро бо натиҷаҳои назаррасу қобили таҳсин паси сар кард ва барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини принсипҳои демокартии рушди ҷомеа тамоми шароити мусоидро фароҳам овард.

Татбиқи бомароми хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия имкон доданд, ки дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуда, парламентаризми миллӣ рушд кунад ва қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат аз нав таҳияву қабул карда шуда, ба муқаррароти Конститутсия мутобиқ гардонида шаванд. Имрӯз дар фазои ҳуқуқии кишвар 17 Қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва 353 қонуни мукаммал амал мекунанд, ки ба танзими муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва муайян кардани тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона гардида, аз ҳама муҳим кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшанд.

Волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин гардида, ба равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа суръати тоза бахшид ва маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ баланд гардида, дар ин самт як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд.

Бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ 9-уми апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ҷиҳати татбиқи муқарарроти он 22-юми августи соли 1997 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» рӯйи кор омад.

Ҳамзамон бобати таҳкими фаҳмишҳои демократӣ-ҳуқуқӣ дар шуури аҳолӣ 1-уми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» қабул шуд. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ гардида, ин санадҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ замина гузоштанд.

Асосҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон таъмин карда шуда, мавқеи зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд ва дар ин радиф ҳанӯз 3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2001 «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010» қабул шуданд.

Бо мақсади боз ҳам тақвият додани заминаҳои ҳуқуқии дастгирии давлатии занон ва таъмини баробарҳуқуқии занону мардон 1-уми марти соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва давра ба давра Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29-уми майи соли 2010) ва «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (30-юми декабри соли 2015) қабул шудаанд.

Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии ташаббусҳои занон ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла идоракунии давлатӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштанд ва имрӯз занони кишвар бо малакаю маҳорати худ ба манфиати давлату ҷомеа саҳми босазои хешро мегузоранд.

Конститутсия ҳокимияти судиро ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, адолати судиро омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод намуд. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бомаром роҳандозӣ шуда, бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул шуд ва охирон аз онҳо имрӯз бомаром мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар асоси барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар ин самт дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд.

Ҳамаи ин омилҳо ба рушду такомул ва тақвияти ҳокимияти судӣ дар мамлакат, барррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо таъсири амиқ гузоштанд.

Амалишавии кафолати конститутсионии фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ ва эътирофи гуногуншаклии моликият имкон дод, ки дар муддати начандон тӯлонӣ заминаҳои иқтисодии мамлакат таҳким ёфта, теъдоди субъектҳои соҳибкорӣ ба маротиб зиёд шуда, нақши онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ дучанд гардад ва фазои сармоягузории мамлакат боз ҳам таваҷҷуҳпазир шавад. Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ се маротиба Қонун дар бораи мараторий қабул гардид ва теъдоди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба беш аз 323 ҳазору 674 адад расид, ки аз инҳо 292 ҳазору 570 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ва беш аз 31 ҳазор 104 адади он ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд.

Бо такя ба принсипҳои конститутсионӣ-демократӣ дар як муддати кӯтоҳ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар рушд намуда, қонунҳо «Дар бораи ҳизбҳои исёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд ва имрӯз дар ҳаёти сиёсии давлат ҳафт ҳизби сиёсӣ ва беш аз 2600 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Озодии баён ва матбуот таъмин гарида, дар як муддати кӯтоҳ теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо ва агентиҳои иттилоотӣ ба беш аз 510 адад расиданд, ки аксари онҳо хусусианд. Барои таъмини фаъолияти бемамониати онҳо қонунҳо «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва ғайра қабул гардида, дар фазои ҳуқуқии кишвар ба танзими муносибатҳои мушаххас равона гардиданд.

Конститутсия ва дар заминаи он қабули қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд худогоҳиву худшиносии миллиро таҳким бахшида, ҳамзамон барои ҳифз ва ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва сунатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла барои эҳёи дубораи забони ноби тоҷикӣ, ки шаҳсутун ва муттакои ҳастии миллат аст ва ба ҳайси забони давлатӣ эҳтироф шудани он шароити зарурӣ фароҳам оварданд.

Дар заминаи меъёрҳои сулҳҷӯёнаи Конститутсия ва татбиқи сиёсати бомароми хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳони мавқеи шоистаро пайдо намуд ва бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳое, ки ба давлати мо назари некбинона доранд, муносибатҳои ҳамҷавору мутақобилан судмандро тақвият бахшид.

Давлати мо бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро ба роҳ монда, узви зиёда аз 80 созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллӣ мебошад ва ҳамсола бо беш аз 100 кишвари дунё мубодилаи молро анҷом медиҳад.

Дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, аз ҷумла пешгирии ҷиноятҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши созгор дошта, аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ давлатҳои ҷаҳонро барои муборизаи муштарак бо ин вабои аср даъват мекунад.

Чандин ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат дар масъалаи оби тоза ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонро пайдо намуда, бо қатъномаи Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид 21-уми декабри соли 2016 ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» пазируфта шуда, ба татбиқи ин ташаббуси наҷиб 22-юми марти соли 2018 оғоз бахшида шуд.

Муносибатҳои байналмилалӣ бо кишварҳои дунё, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ тақвият ёфта, ба сатҳи сифатан нави рушд бароварда шуданд. Чунончӣ ба шарофати иродаи сиёсӣ ва хиради азалии роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, муносибатҳои байнидавлатии ин ду кишвари ҳамсарҳад бо такя ба принсипҳои бовариву эътимод аз нав эҳё гардида, ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида шуд ва имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба нафъи мардумони ду кишвар рушд намуда истодааст.

Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мустаҳкам гардида, теъдоди санадҳои ҳуқуқие, ки ҳамкориҳориро дар соҳаҳои мухталиф густариш мебахшанд ва барои амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳар ду давлат мусоидат мекунанд, ба 170 адад расонида шуданд ва рафту омади озоди шаҳрвандони ҳар ду кишвар таъмин карда шуд.

Умуман Конститутсия дар зарфи 25 сол рушди давлату давлатдории навинро асос гузошта, амалишавии мақсаду ҳадафҳои олии давлату ҷомеаи Тоҷикистон, суботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии давлат, фаъолияти бонизоми ҳокимияти давлатӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.

Дар Конститутсия фарогир гардидани ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ воқеан санади муҳим ва калидии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда, муаррификунандаи миллату давлат дар ҷаҳони мутамаддин ва таъминкунандаи амалишавии орзву нияҳои созандаву бунёдкоронаи ҷомеаи мо мебошад.

Ҳошимзода Даврон Дододҷон

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Leave a Comment