Таърихи умумиҷаҳонӣ шахсиятҳоеро медонад, ки бо хусусиятҳои хоси дарбаргирандаи хеш аз дигарон фарқ карда, имрӯз бо номи нек ёдоварӣ мешаванд. Ба вуҷуд омадани шахсиятҳои бузург дар таърихи инсоният комёбии беназир буда, онҳо дар рушду такомули башарият саҳми худро мегузоранд. Бузургии ин гуна ашхос аз он иборат аст, ки эшон манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузошта, баҳри пешрафти ҷомеа хизмат менамоянд. Дар таърих танҳо ҳамон миллат бурд намудааст, ки тақдир ба он шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст, ки онҳо чун оҳанрабо дар атрофи хул миллатро муттаҳид карда, халқашонро

Таърихи умумиҷаҳонӣ шахсиятҳоеро медонад, ки бо хусусиятҳои хоси дарбаргирандаи хеш аз дигарон фарқ карда, имрӯз бо номи нек ёдоварӣ мешаванд. Ба вуҷуд омадани шахсиятҳои бузург дар таърихи инсоният комёбии беназир буда, онҳо дар рушду такомули башарият саҳми худро мегузоранд. Бузургии ин гуна ашхос аз он иборат аст, ки эшон манфиатҳои ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузошта, баҳри пешрафти ҷомеа хизмат менамоянд. Дар таърих танҳо ҳамон миллат бурд намудааст, ки тақдир ба он шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст, ки онҳо чун оҳанрабо дар атрофи хул миллатро муттаҳид карда, халқашонро баҳри созандагӣ, ободкорӣ ва амалӣ гардидани мақсадҳо ва арзишҳои нек равона намудаанд. Бесабаб нест, ки мегӯянд: “Бузургии ҳар як миллат дар бузургии фарзандони ӯст”. Номи миллатро аслан фарзандони бонангу номусаш зинда медоранд. Дар воқеъ миллати тоҷик аз зумраи он миллатҳоест, ки  фарзандони фарзонаи он тавонистанд дар рушду инкишофи таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссагузорӣ намоянд. Чунин чеҳраҳо номи худро дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд.

Ба ин мазмун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар-мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобе бо номи “Чеҳраҳои мондагор” нашр гардид, ки маҳз аз чунин шуҷоат, корнамоӣ ва саҳмгузории бузургони миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ хабар медиҳад. Китоби мазкур метавонад ҷавҳари худшиносиро дар замири қалби ҳар як фард, алалхусус, дар афкори ҷавонон бедор намуда, ҳисси ватандӯстии онҳоро боз ҳам зиёд намояд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дар саҳнаи сиёсат ба мувафақиятҳо ноил гардидан, ҳамчун дӯстдори таъриху тамаддуни халқи хеш тавонист, ки ба омӯзиши он пардохта, то ҷое ҳам ба комёбиҳо ноил гардад. Махсусан ба хотири ба насли ҷавони ҷомеа муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи ин миллат, ки дар таърих бо хираду заковати хеш ҳамто надоштанд, китобе бо номи “Чеҳраҳои мондагор” рӯи чоп овард. Пешвои миллат дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” шахсиятҳои бузурги миллатро дарҷ гардонидааст, ки саҳми онҳо дар олами илму ирфон, сиёсат ва дину мазҳаб назаррас аст. Китоби мазкур аз корнамоиҳои Куруши Кабир оғоз гардида, то Спитамену Монӣ, Маздак, инчунин, саҳмгузориҳои Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Рудакию Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳамзамон, ҷонфидоиҳои Қаҳрамонони Тоҷикистонро дар садаи бистум дарбар мегирад. Воқеан ин шахсиятҳо нафароне буданд, ки дар лаҳзаҳои ҳасос, дар лаҳзаҳое, ки душманон мехостанд, миллати моро аз лиҳози сиёсӣ, ҳудудӣ ва фарҳангӣ нест намоянд, бори гарони занҷири миллатро бар души хеш кашиданд. Ба андешаи муаллиф, ин занҷир аз овони “Авесто”-ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшаҳои Монӣ, бо шеъри Рӯдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, саъю талошҳои тақдирсози Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон то ба имрӯз расидааст.  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллии насли наврас ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии эшон бохабар будан аз таҷрибаи таърихӣ дар мисоли корнамоиҳои фарзандони гузаштаи ин миллат бархурдор буданро зарур меҳисобад. Саҳмеро, ки мӯҳтарам пешвои миллат дар омӯзиши таъриху тамаддуни ориёӣ гузоштаанд, хонанда метавонад дар вақти мутолиаи китобҳои вай онро дарк намояд. Хидмати таърихиеро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кардааст, басо бузург аст.  Махсусан он дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва равшан намудани он ба аҳли ҷомеа саҳми бузург дорад.

Халқи тоҷик аз даврони бостон сар карда, чеҳраҳои сиёсеро вориди ҷомеа гардонид, ки минбаъд бо хираду адолатпарварии худ дар байни дигарон маҳбубият пайдо намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун таърихнигор аз даврони бостон сар карда, то замони муосир нақши чеҳраҳои сиёсиро дар таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мухтасар дар китобҳои илмии хеш нишон додааст. Албатта дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағир дода, фарҳанги маънавию моддии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Муаррих барои тамоми халқиятҳои эронитабор дар симои чунин шахсият Куруши Кабирро баҳо медиҳад, ки ин дар ҳақиқат дуруст мебошад.

            Эмомалӣ Раҳмон нақши Куруши Кабирро дар таърихи ҷаҳонӣ баланд арзёби намуда вайро бунёдгузори давлатдории мутамаддин меномад.  Ӯ қайд мекунад, ки Куруши Кабир ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузошт, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт. Эмомалӣ Раҳмон ба  маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони Юнони қадим такя намуда, қаламрави давлати ташкилкардаи Курушро аз чунин минтақаҳо иборат медонад; Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финиқия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайра, ки  22 вилоятро дар бар мегирифт. Ӯ қайд мекунад, ки империяи вай дар ҳудуди се қитъаи олам-Осиё, Аврупо ва Африқо доман пнҳн карда буд. Дар асоси ин гуфтаҳои муаррих мо гуфта метавонем, ки вай аввалин империяи ҷаҳониро ташкил намудааст, ки бо бузургии хеш дар дунёи қадим ҳамто надошт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат оиди Куруши Кабир маълумотҳои муфасалеро овардааст, ки дар вақти мутолиа мо метавонем аз беҳтарин хулқу хислатҳои ин абармарди арсаи сиёсати таърихи бостони халқи тоҷик огаҳӣ пайдо намоем. Ӯ қайд менамояд, ки Куруш дар таърихи тамаддуни башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ, усули нави идоракунӣ ва шакли мукаммали далатдорӣ, ислоҳоти умури сипоҳу низоми лашкар, густариши тиҷорату, тадбирҳои роҳсозӣ, алалхусус, пойдории адолату пуштибонии ҳуқуқу манзалати ҷумлаи халқиятҳои сокини қаламраваш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Дар ин радиф Эмомалӣ Раҳмон оиди нақши Эъломияи таърихии Куруш сухан ронда, онро беҳтарин дастоварди фарҳангии халқҳои ориёитабор медонад. Албатта эъломияи Куруш аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии далатдориро пуштибонӣ мекард. Он аз ҷиҳати мазмун ва мӯҳтавои худ дар муқоиса бо замонаш ҳамто надошта, олимону хирадмандони ҷаҳониро мафтуни хеш гардонистааст.  То имрӯз аҳамияташро гум накардааст. Маҳз бузурги ва хирадмандиаш буд, ки аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳии як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Муаррих қайд намудааст, ки барои ба ин мартаба расидан ӯ саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди бисёре намудааст. Албатта дар ин роҳ дар пеши ӯ монеаҳои зиёде буданд, ки онҳоро бо ақлу хиради волои худ тавонист бартараф намояд. Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд, ки Куруши Кабир аз рӯзҳои аввали ба тахт нишастанаш барои мустаҳкам намудани ҳокимияти марказӣ ва пурқувват намудани артиши худ шурӯъ менамояд. Яъне барои чунин як давлати бузургро идора намудан датгоҳи мустаҳками давлатӣ зарур аст, ки ташкил намудани он ба ҳар шоҳ муясар нагаштааст. Муаррих иброз медорад, ки вақте Куруш мустаҳкам будани ҳокимият ва пурқувват шудани лашкари хешро эҳсос мекунад, соли 553 то милод бар зидди шоҳи Мод Астиаг исён бардошта, бинобар бекифоягӣ ва заъфи қудрати ӯ қиём намуд ва аз итоати ӯ амалӣ баромад. Астиаг барои танбеҳ додани ин сарвари тобеъаш ду маротиба ба Порс лашкар фиристод, аммо ҳар ду дафъа ҳам ба нокомӣ дучор шуд. Баъди ин Куруш бо тантана ба маркази Мод шаҳри Ҳангматана (Ҳамадон) ворид шуд ва ӯро расман подшоҳи Порс ва Мод эълон карданд. Муаррих ба манбаҳои таърихӣ ишора намуда, қайд мекунад, ки мадракҳо ба ҷуз се муҳорибае, ки байни онҳо сурат гирифтааст, иттилои дигаре надодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар китобҳои худ раванди ба ҳокимият соҳиб гардидани Куруш  ва мустаҳкам намудани ҳокимияташро нисбат ба дигар муаррихон ба таври объективона ва барои хонанда фаҳмо баён намуда, зинаҳо амалишавии онро пай дар пай овардааст. Ҷиҳатҳои фарқкунандаи маълумотҳои муаррих пеш аз ҳама дар истифодаи қариб ҳамаи сарчашамаҳои эътимодбахш ва истифодаи таҳқиқотҳои олимони барҷастаи соҳа мебошад. Дар ин радиф ӯ қайд, менамояд, ки ба ҳар ҳол якбора подшоҳи ин ду кишвар эълон шудани Куруш ҳам нуфузу эътибори ӯро баланд бардошт ва ҳам мавқеъи сиёсии ӯро мустаҳкам намуд. Воқеъияти таърихӣ тадиқ мекунад, ки Куруши Кабир баъди бар зидди шоҳи Мод-Астиаг сар бардошатн ва ӯро мағлуб намудан ба устувор намудани иқтидори давлати Форс кӯшида, тақрибан солҳои 547-546 то милод пай дар пай аввал Парфия, Гиркания, Лидия ва давлатҳои юнонии Осиёи Хурдро забт мекунад.

Дар қатори ин, ки манотиқи марказию ғарбиро мустаҳкам намуда, бо мақсади васеъ намудани сарҳади шарқии худ, тақрибан солҳои 545-540 то милод яъне дар давоми бештар аз панҷ сол да ҳудудҳои Марғиён, Хоразм Суғд ва Бохтар, инчуни сарзамини скифҳо лашкар мекашад. Дар бораи ба Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна лашкар кашидани Куруш олимон ва сарчашмаҳои таърихӣ кам маълумот додаанд. Аксарияти олимон маълумоти додаи Геродотро дар хусуси дар сари роҳи Куруш истодани бобулиҳо, бохтариҳо, сакоиҳо ва мисриҳо истифода намудаанд. Эмомалӣ Раҳмон сабаби чунин ахбори кӯтоҳ додани муаррихони юнониро дар бораи ин кишварҳои дурдасти шарқӣ дар маълумоти кофӣ надоштани онҳо мебинад. Дар асоси ин ахборотҳо ӯ хулоса баровардааст, ки аксарияти кишварҳои дурдасти  Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна бе ҷанг ба ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо дохил шудаанд. Эҳтимоли онро медонад, ки баъди итоат кардани нерумантарин давлати минтақа Бохтар ба Куруш Суғд, Хоразм ва дигар кишварҳо низ ба он пайравӣ карданд. Муаррих новобаста ба макон ва замон ба боварии том қайд намудааст, ки Осиёи Миёна дар давраи Куруши Кабир ба ин давлат дохил карда шудааст. Ӯ далели асосиро оиди ин масъала дар катибаи порсии Дорро дар кӯҳи Беҳсутун дида, он равшану возеҳ хабар додааст, ки дар байни кишварҳои тобеъи форсҳо Марғинон (Марв), Арея (Ҳирот), Бохтар, Хоразм, Суғд ва баъзеи дигар номбар шудаанд. Масъалаи дигареро, ки диққати муаррихро ҷалб намудааст, кадом сол ба Осиёи Миёна ҳуҷум кардани Куруш мебошад, ки он мавзӯи баҳснокест дар байни олимон ва оиди ин 3 назария мавҷуд аст. Вай дар асоси назарияҳои илмӣ ба хулосае омадааст, ки забти Осиёи Миёна пеш аз забти Бобул (539) рӯй додааст. Соли 530 бошад Куруш барои мустаҳкам намудани сарҳади шимолу шарқии худ ба сарзамини масагетҳо ҳуҷум мекунад. Маълумоти Геродотро дар хусуси аз дасти масагетҳо кушта шудани Курушро дақиқу аниқ шумориданашро ба ҳақиқат наздик медонад.

Дар бораи Куруши Кабир Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, ӯро сиёсатмадори нуқтасанҷу хирадманд баҳогузорӣ намудааст. Эмомалӣ Раҳмон оиди ба Осиёи Миёна лашкар кашидани Куруш ба махлумоти Ктесий таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки тибқи он ҷанговарни бохтарӣ ба муқобили Куруш азми қавии ҷангидан ва ҳифз намудани сарзамини худро дошатн. Вале Куруш ба пешвои ҷанговарони бохтарӣ худро ҳамчун ҷонишин ва валиаҳади шоҳи Мод-Астиаг шинос намуда, онҳоро водор намуд, ки мартабаи подшоҳии ӯро бишносанд ва аз сари ҷангу хунрезиҳо бигзаранд. Дар натиҷа бохтариён ба суханони ӯ эътимод баста, яроқҳояшонро фурӯ гузоштанд ва ихтиёран ба Куруш созиш бастанд. Муарриих диққаташро ба кишваркушоиҳои Куруш дода, қайд менамояд, ки нақшаҳои ҳарбии Куруш бо гирифтани сарзамини модҳо хотима наёфтааст. Яъне ӯ минбаъд давлати Иломиҳоро, ки дар ҷанг бо Ошур заиф шуда буд, ба тасарруфи худ дароварда, пойтахти худро аз Аншон ба Шум интиқол дод. Эмомалӣ Раҳмон масоили дигари баҳснок кадом сол ба сарзамини Осиёи Миёна ҳуҷум намудани Курушро маҳсуб медонад. Ӯ зикр менамояд, ки муаррихони қадим соли дақиқи рух додани ин ҳодисаро нишон надодаанд. Онҳо дар ин бора маълумотҳои гуногу ва ба ҳам мухолиф додаанд. Ӯ ба тадқиқотҳои охирини олимон такя намуда, ахбори Ҳеродотро аз ҳама боэътимодтар мешуморад. Аз рӯи маълумоти вай ин ҳодиса баъди Лидияро ишғол намудани Куруш рух додааст. Муаррих аз Ҳеродот иқтибос оварда, қайд мекунад, ки вақте, ки Гарпаг шаҳрҳои Осиёи Хурдро забт мекард, Куруш тамоми кишварҳои Осиёро пайи ҳам ишғол намуда, танҳо баъди ин ба Бобул ҳуҷум кард.

            Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаарих қайд менамояд, ки баъди ишғол кардани Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар сари роҳи Куруш барои ҳукумрони ҷаҳони мутамаддини давр шудан Бобул меистод. Ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканда иброз медорад, ки он тараққикардатарин мамлакати минтақа, маркази маданият ва тиҷорат буд. Албатта ишғол кардани ин давлат барои Порсҳо ҳам аҳамияти сиёсӣ-ҳарбӣ ва ҳам аҳамияти иқтисодӣ-фарҳангӣ дошт. Дар арафаи ҳуҷуми Куруш ваэъияти дохилии Бобул ба манфиати шоҳи он Набонид набуд. Муаррих розӣ набудани аксарият тоҷирон ва руҳониёни дини яҳудиро ба ин марбут медонад. Яъне тоҷирон мехостан бо дохил гардидан ба империяи Куруш аз роҳои васеъи тиҷоратӣ, ки дар сарзамини давлати Ҳахоманишиҳо қарор дошт, бе мамоният истифода намоянд, дар акси ҳол доираи фаъолияти эшон маҳдуд буд, ин ба рушди тиҷорат монеа мешуд. Эммалӣ Раҳмон Курушро ҳамчун дипломати моҳир номида, қайд менамояд, ки ӯ аз вазъияти дохилии Бобул бохабар буда, кӯшиш мекард, иқдомҳои муайяни сиёсӣ-дипломатиро ба кор барад.  Ҳамчунин вай иброз медорад, ки дар ҳама гуна муноқиша нақши ҳалкунандаро иқтидори ҳарбии тарафҳои муқобил мебозад. Куруш ҳамчун сиёсатмадори дурандеш ин ҳақиқатро хуб медонист. Аз ҳамин сабаб ӯ барои ба Бобул ҳуҷум кардан хуб тайёрӣ дид. Лидия Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ишғол намуда, ақибгоҳи худро мустаҳкам намуд ва нерӯи ин кишварҳоро барои пурқувват кардани лашкари худ истифода намуд. Баҳори соли 539 то милод Куруш дохили Бобул шуд. Мувофиқи маълумоти Ҳеродот шаҳри мураббаъасосро девору бурҷҳои мудофиавии бузурге иҳота мекард, ки давродари он чаҳорсаду ҳаштод стадий (тақрибан 80 км) меомад.девори муҳташами Бобул панҷоҳ оринҷ паҳноӣ ва дусад оринҷ баландӣ доштанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд менамояд, ки вале ин деворҳои устувору дарвозаҳои бузурги рахнанопазир дар назди азму иродаи кишваркушоиҳои Куруши Кабир ва макри сарлашкари ӯ Гобрия дер напоид. Дар тӯли чанд соат қариб тамоми саросари шаҳр забт гардид. 29 октябр Куруш вориди Бобул гардид, шоҳ Набонид асир афтод вале Куруш ӯро ҷазо надода, авф кард. Муаррих қайд менамояд, ки ӯ Бобулро ишғол намуд, як қатор амалҳои сиёсӣ – дипломатиро иҷро кард, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти Порсҳо дар Бобул равона шуда буданд. Ӯ маъбади асосии Бобул Эсагиларо барқарор намуда, ба худои Мардук қурбонӣ кард ва ҳуқуқу имтиёзҳои рӯҳониёни ин худоро аз нав ба онҳо баргардонд. Ӯ эъломия интишор карда, ба ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ва озодӣ дод, яҳудиёнро иҷозат дод ба ватани худ ва ё ба ҳар куҷое, ки хоҳанд рафта зиндагӣ кунанд. Подшоҳии Бобул ва сохти маъмурӣ – идоравии онро тағйир надод. Ин ва дигар чорабиниҳои Куруш аз ҷониби сокинони Бобул хуш пазируфта шуда, мавқеи ӯро дар минтақа мустаҳкам намуданд. Баъди Бобулро гирифтани Куруш Финикия ва Фаластин ихтиёрӣ ба итоати ӯ даромаданд. Акнун дар дасти Куруш Бобул ва тамоми Шарқи Баҳримиёназамин буд. Навбат ба ягона давлати тавонои минтақа-Миср буд, ки форсҳо онро забт накарда буданд.

 Эмомалӣ Раҳмон зикр менамояд, ки баъди 9 соли забти Бобул соли 530 Куруш бар зидди масагетҳо ба  Осиёи Миёна лашкар кашид. Ба назар  чунин  мерасад, ки агар масагетҳо ба бехатарии  қисмати шимолу шарқии империя ҷиддӣ таҳдид намекарданд,  Куруш чунин роҳи дурударозро тай карда, бар зидди онҳо ба ҷанг  намерафт. Дар  ҳар сурат  ӯ  ин  корро  кард ва  дар бораи  ин ҳуҷум Геродот  ва   дигар муаррихони  Юнони   қадим   маълумот   додаанд. Куруш бо лашкараш аз дарёи Аракс (Амударё) гузашта, масагетҳоро дунболгирӣ кард. Дар муҳорибаи якум бо дастаҳои пешгарди масагетҳо  форсҳо  ғалаба  карданд. Дар ин задухӯрд  писари маликаи масагетҳо ҳалок   гардид. Эмомалӣ Раҳмон то чӣ андоза ривояти овардаи Ҳеродотро оиди  ҷангҳои Куруш бо Томирис ҳақиқаташро номаълум медонад. Аммо ӯ сабаби овардани ин қиссаро дар нишон додани оқибатҳои тавсиаталабиҳо ва забткориҳо арзёбӣ намудааст. Ӯ қайд менамояд, ки “албатта, Куруши Кабир аз забткомону ҷаҳонкушоёну қудратталабоне мисли Чингиз, Темур ва ҳатто Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашони араб тафавути куллӣ ва ҷиддӣ дошт. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд. Ба ҳар ҳол, аз сабақи мусбате, ки Куруш дошт, бояд ибрат гирифт. Ӯ ориёие буд, ки озодиро беҳтар аз ҳама чиз медонист ва душманони асиргирифтаашро ба ғулом табдил намедод”. Дар мавриди шахсияти Куруш мо кам олимонеро дар меёбем, ки маълумотҳои манфӣ дода бошанд. Аксарият вайро ҳамчун шахсияти барҷаста ва хирадманд нишон додаанд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаррихи нуқтасанҷ дар тамоми китобҳои таърихии хеш шахсияти вайро бо тамоми ҷиҳату ҷанбаҳояш мусбӣ қайд мекунад. Ӯ далели гуфтаҳои хешро бо сарчашмаҳои хаттию бостоншиносӣ ва муаррихони антиқа асоснок менамояд. Муаррих зикр мекунад, ки набояд   хизматҳои   шахсиятҳои  таърихиро  аз  будаш  зиёд карда, бо иғроқ  роҳ диҳем. Аммо  Куруш  бе  муболиға  ба   ҳамагуна   бузургдошт сазовор  аст. Барои   тасдиқи   ин  фикр   мо аз  фаъолияти  ӯ   метавонем   мисолҳои  зиёд   орем, аммо  бо  якчанд мисол иктифо  меварзем. Эъломияе,  ки ӯ  баъди   тасхири  Бобул   интишор  кард,  падидаи  комилан   нави  сиёсию  фарҳангӣ  буд. Ӯ ба мисли   шоҳони   пешинаи   ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс Куруш  олиҳиматии  сиёсӣ,  адолат  ва  инсондустии   бемисл   нишон  дода,   ба  халқҳои  мағлуб   озодӣ  ва   кафолатҳои  ҳуқуқӣ эъто кард.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инъикосгари шахсиятҳои барҷастаи таърих оиди Куруши Кабир беҳтарин маълумотҳоро баҳри хонанда пешниҳод намояд, ки он дар фаҳми таърихӣ ва густариши меҳри ватандустии эшон кӯмаки амалӣ хоҳад расонд. Ӯ оиди тамоми хулқу атвори ин шахсияти барҷастаи таърихӣ назарияҳои олимони барҷастаро хулосабардорӣ намуда, дар хусуси Куруш гуфтааст: “Куруш сиёсатшиноси   нуқтасанҷ  буд.  Пеш аз   ҳама гуна   муҳориба ӯ   барои   нарехтани   хун  ба  рақибонаш  бо   кафолати   амният,  озодӣ   ва бо шартҳои барои  онҳо имтиёзнок бастани сулҳро пешниҳод   мекард. Танҳо дар сурати аз ҷониби муқобил қабул нашудани  пешниҳодҳояш   даст ба ҷанг мезад. Баъди  ғолиб  баромадан  кӯшиш мекард  мағлубонро  беҳуда   озор   надиҳад ва  иззати   нафси   онҳоро  паст   назанад. Ӯ  одамшиносу инсондӯст  буд  ва   шахсони   лаёқатмандеро,  ки  ба ӯ содиқона  хизмат мекарданд, қадр мекард ва ба онҳо мансабҳои  калони  давлатиро медод. Ағлаб ӯ подшоҳони мағлубшуда ва ба асирӣ  афтодаро   мебахшид. Шоҳи   Лидия  Крез, шоҳи  Бобул  Набонид  ба  ин  мисол  шуда  метавонанд. Куруш  дар  ҳайати империяи  худ  қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондустӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории Аҳди бостон ба шумор меравад. Сазовори  ёдоварист, ки ӯ бори нахуст чандин кишварҳо  ва  халқҳои  ориёиро дар  ҳайати як давлат  муттаҳид  намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо  мусоидат намуд.

Асоев Комрон – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment