Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмату сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чизе наметавон иваз кард. Аз ин ҷост, ки меҳру муҳаббат ба Модар – Ватан, эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ дар қалби ҳар фарди некном аз овони ҷавонӣ, аз он рӯзе, ки худ ва қадру қимати инсонии худу дигаронро шинохту дарк кард, шурӯъ мешавад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо ватандорию ватаншиносӣ алоқаманданд. Ватан сарзаминест, ки обу хок ва нону намакаш бароямон ақлу ҳуш, дилу ҷон ва имон ато мекунад. Барои мо Ватан ин Тоҷикистони азиз, диёри соҳибистиқлол, сарзамини аҷдодии гузаштагони шарафмандонамон мебошад.

Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмату сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чизе наметавон иваз кард. Аз ин ҷост, ки меҳру муҳаббат ба Модар – Ватан, эҳсоси ватандӯстию ватанхоҳӣ дар қалби ҳар фарди некном аз овони ҷавонӣ, аз он рӯзе, ки худ ва қадру қимати инсонии худу дигаронро шинохту дарк кард, шурӯъ мешавад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо ватандорию ватаншиносӣ алоқаманданд. Ватан сарзаминест, ки обу хок ва нону намакаш бароямон ақлу ҳуш, дилу ҷон ва имон ато мекунад. Барои мо Ватан ин Тоҷикистони азиз, диёри соҳибистиқлол, сарзамини аҷдодии гузаштагони шарафмандонамон мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир, ифтихори миллӣ ва амиқ дарк намудани он мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд… Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад… Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу бономуси миллат аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию, ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад».

Аз ин лиҳоз, расонидани ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳар як омӯзгор ба шумор меравад, ба ҳалли мушкилоти гуногун мусоидат мекунад. Инсон то ба сатҳи баланди маънавӣ мушарраф нагардад, ба зинаи худшиносӣ низ нахоҳад расид, зеро танҳо шахси ба дараҷаи муайяни камолоти маънавӣ расида, худшинос мегардад. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавияту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба Ватани хешро талаб мекунад. Дар ин ҷода арзишҳое чун ватандӯстӣ азизтарин ва ноёбтарин неъмату сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чизе наметавон иваз кард.

Мо ҷавонони сарбаланди ин сарзамини муқаддас дар якҷоягӣ метавонем дар фазои сулҳу оромӣ орзуҳои деринаи худро амалӣ созем. Дар замони имрӯза ҷавононро бо суханон ва далелу бурҳони оддию фаҳмою ҳаётӣ ва аз боби Ватану ватанпарастӣ қадру қимати Ватан, аҳамияту муҳимияти он дар ҳаёти ҳар як шахс ва муқаддасоти он тарбия намудан лозим аст. Ватанпарастӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад.

Дар раванди иҷтимоишавии фард, яъне аз худ намудани донишҳо нақши оила ва омӯзгорон басо калон аст. Ҳисси баланди Ватандӯстӣ пеш аз ҳама дар оила, дар боғчаҳои томактабӣ, дар мактаб ва дар макотиби олӣ ботадриҷ  дар дилу ботини ҳар як фарди баору бономус ҷой мешавад. Падару модарон ва омӯзгорон дар раванди иҷтимоишавии фарзанд ҷиҳатҳои ҳисси миллӣ ва ҳуввияти миллиро бештар ба инобат гиранд. Дар донишгоҳу донишкадаҳо ба донишҷӯён шаклҳои ватандорӣ, тарзҳои муносибат бо дигар халқу миллатҳо, гуфту шунид бо аъзоёни ҷомеаи ҷаҳониро мебояд омӯхт ва ҳамеша дар фикри том монданро дар майнаи худ ҷой дода, ба арзишҳои миллӣ эҳтиромона ва эҳтиёткорона бояд муносибат кард. Чунки арзишҳои миллӣ яке аз нишонаҳои ҳастии ҳар як халқу миллат мебошад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ватани азизи мо ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст ва амнияти милливу давлатии моро зери хатар гузошт, маҳз бо шарофати вуҷуди ҳамин рӯҳияи ватандӯстона ватану миллати моро аз хатари нобудшавӣ наҷот дод ва дар кишварамон сулҳу амният барқарор гардид. Миллати тоҷик вориси як фарҳанги қадимаи тамаддунсоз мебошад. Яке аз сарватҳои асосии фарҳанги миллии моро фалсафа ва адабиёти оламшумули ниёгон ташкил медиҳад, ки саршори афкору ашъори ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ мебошад. Афкор ва ашъори башардӯстонаву ватанпарваронаи олимону шоирони гузаштаву муосир ҳар кадоми моро аз овони кӯдакӣ фаро гирифта, дар тамоми давраҳои зиндагӣ моро ба шоҳроҳи сулҳу бунёдкориҳо, обод кардани Ватан, таҳкими ваҳдату амнияти милливу давлатӣ, муҳофизати Ватан ва дигар мақсадҳои наҷиб роҳнамоӣ мекунанд. Боиси тазаккур аст, ки нақши асосиву ҳалкунандаро дар кори бомуваффақият ба анҷом расидани музокироти сулҳи миёни тоҷикон на ин ки кишварҳои ҳориҷӣ, балки ҳукумат ва мардуми шарифи тоҷик, бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллат ба иҷро расонидаанд.

Ифтихори ватандӯстӣ дар талабагону донишҷӯён бояд аз иҷрои сари вақту хушсифати ҳар кор қатъи назар аз ҷисмонӣ ва ё фикрӣ будани он, аз хониши аъло ва амиқ омӯхтану донистани таърихи тамаддуни халқи худ оғоз ёбад. Дар шароити имрӯза забони модарии хеш, забони русӣ ва англисиро хуб донистан, ба ин забонҳо гуфтугӯ ва иншо кардан ҳам натиҷаи ҳиссиёти баланди ватандӯстонаю ифтихори миллист.

Ҳамзамон ба ҷавонони Тоҷикистон лозим меояд дониши баланд омӯхта, дар тазодҳои пуртуғёни асри ХХI, ки падидаҳои номатлубе чун экстремизм ва терроризм дар авҷи аланга мебошад, халқу Ватан, модару ҳамсар ва ҳоҳару бародари худро аз ин тазоди номатлуб муҳофизат намоянд. Ҳамаи ҷавонони тоҷик баору баномус ба воя расанд ва баҳри дифои Ватан аз ҳеҷ мушкилие наҳаросанд. Баҳри ободию шукуфоӣ, пешравию тараққиёти Ватан ҳар яки мо бояд хизмати арзандае кунем, ки то фарзанди бовафову содиқ ва сазовори диёри маҳбуб бошем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун фарзанди ин сарзамин бояд ба Ватан – Модари худ содиқона, софдилона ва дастаҷамъона хизмат намуда, баҳри ободонию пешрафти он софдилона хизмат кунем.

Самадов Хумоюн — омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment