Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи солонаи ректори донишоҳ таҳти мавзӯи “Натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 ва самтҳои асосии рушди он дар соли 2020” ба шумор мерафт.
Дар ҳисоботи худ Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм ва иқтисодию хоҷагидорӣ дар донишгоҳ маълумот дода, фаъолияти солонаи тамоми ин бахшҳоро дар муҳокимаи умум вогузор намуд. Инчунин тамоми пешрафту комёбиҳо бо тамоми ҷузъиёташ нишон дода шуданд.
Дар қатори комёбиву пешрафт ва дастовардҳои донишгоҳ дар давоми соли 2019 инчунин камбудиҳои ҷойдоштаву ҳалнашуда бо нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳоди ҳамагон гардонида шуд.

Дар рафти ҳисобот муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Табарзода Н. низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар охир ба як идораву шуъбаҳои донишгоҳ барои фаъолияти пурсамари солона сипосномаи донишгоҳ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment