Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳурот торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳурот торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар охири қарни XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта онҳое ки мегӯянд, экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳам бар асари таъсири омилҳои айнӣ ва ҳам зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳу созмонҳое ташкил шуданд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода мекарданд ва ниҳоят ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯйиқасд ба ҷони кормандони воломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гурӯҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Ин ҷо мо як қатор сабабҳои айниеро меорем, ки барои паҳншавии ифротгароии заминаи динидошта ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва хусусан, дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба истиқлолияти комили давлатӣ хатар эҷод месозанд: Якум, баъди шикасти идеологияи коммунистӣ холигии идеологие пайдо гардид. Ин холигӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар манотиқе, ки аксари аҳолиаш вобастаи анъанаҳои мусулмонӣ буд, баръало эҳсос мешуд. Ин холигиро амалан идеологияи исломӣ пур мекард. Ҷомеаҳои мусулмонӣ ангезаҳои таҳрикбахшеро барои инкишоф ва худсобиткунӣ ба ҳайси қувваҳои ҷамъиятии қобили аҳамият пайдо намуданд.

Дуюм, худшиносии миллии халқҳое, ки акнун давлатдории худашонро барқарор намуда буданд, хеле боло рафт. Дар шароити бисёрмиллатии аҳолии чунин кишварҳо ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон омили исломӣ ба нишонаи асосии ҳуввияти шаҳрвандӣ мубаддал гардида буд. Барои ҳамин, доираҳои ҳукмрони ин кишварҳо ҳаматарафа раванди эҳёи анъанаҳои исломиро дастгирӣ мекарданд. Дар баъзе кишварҳо таъсири рӯҳониёни мусулмон ба дараҷае баланд гардид, ки онҳо на танҳо даъвои ҳокимияти динӣ, балки ҳокимияти сиёсиро низ доштанд.

Сеюм, ғайр аз мақсадҳои васеъ кардани доираи нуфузи фарҳангӣ доираҳои муайяни кишварҳои мусулмонии хориҷаи дур мақсадҳои мушаххаси иқтисодӣ низ доштанд. Манфиатдор будани доираҳои алоҳидаи соҳибкорони ҷаҳони исломӣ барои дастёбӣ ба захираҳои бойи табиии минтақаҳои Осиёи Марказӣ бо пардаи идеологии ташкили «ҷаҳони ягонаи исломӣ» рӯйпӯш шуда буд.

Чорум, дар аксари ҷомеаҳои мусулмонии Осиёи Марказӣ меъёрҳои соддатарини давлати ҳуқуқбунёд аз истифода баромаданд. Беқонунӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун қоида ва хусусияти муносибати ҷамъиятӣ ба назар мерасид. Дар ин шароит аҳолии мусулмони баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ дар зери меъёрҳои исломӣ паноҳ мебурд.

Панҷум, сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд.

Шашум, аз ҷониби баъзе роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дуруст баҳо наёфтани паҳншавии ифротгароии динӣ, саривақт наҷустани чораҳо ба муқобили ин раванд ба пуршиддат гаштани вазъият мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ қатъ гардидани тамоюли робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ роҳбарони ин кишварҳо оҷиз монданд.

Ҳамин тавр, раванди сиёсишавии ислом, ки барои тадриҷан паҳн гардидани ифротгароии динӣ ва терроризм мусоидат менамуд, ба таври шартӣ дар се марҳилаи асосии замонӣ амалӣ гардид:

-марҳилаи аввал, асосан давраи аз охири солҳои 80 то аввали солҳои 90 қарни ХХ дар бар гирифта, бо эҳёи ҳаматарафаи дини ислом дар ҳудуди кишварҳо тавсиф мегардад;

-марҳилаи дуюм, ки давраи аввали солҳои 90-ро дар бар мегирад, бо пурқувват гардидани омили динӣ ҳамчун натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона фарқ мекунад. Калонтарин чунин низоъ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки зоҳиран муборизаи қувваҳои дунявӣ бо гурӯҳҳои динӣ буд. Дар асл ин ҷанг таҳмилӣ буд, ки шарҳи сабабҳо ва омилҳои он ба таври мухтасар номумкин аст;

-марҳилаи сеюм, асосан давраи охири солҳои 90 асри гузашта ва солҳои аввали асри ХХ1 дар бар гирифта, бо пурқувват гаштани гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ қазоват мекунад. Гурӯҳҳои гуногуни исломӣ ба бозиҳои сиёсӣ дохил карда шуданд. Ин раванд инъикоси худро дар он пайдо намуд, ки дар харитаи геополитикии Осиёи Марказӣ ба таври хеле равшан манфиатҳои як қатор марказҳои ҷаҳонии бонуфуз ба чашм мерасид.

Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; моддӣ; идеологӣ; хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ; пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд.

Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷойи аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидон ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайян кардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад:

-баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон;

-ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар;

-баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон;

-ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Муқаррар намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа, дур сохтани он аз масъалаҳои сиёсӣ, яъне дин бояд бовару эътиқоди шахсӣ арзёбӣ шуда, бештар фарогирандаи масъалаи ахлоқӣ баррасӣ карда шавад;

-ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст;

-рушди корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат равона карда шудааст, ташаккули маҳорати ҳамгироии иҷтимоӣ, малакаи таҳаммулпазирии рафтор, баромадан аз пайравӣ ба динҳо ва созмонҳои харобиовар;

-баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, боистеъдод, асарҳои бадеӣ ва мустанад, ки моҳияти одамбезории табиати экстремизм (ифротгароӣ)-ро ошкор сохта, барои ташаккули муносибатҳои дӯстона ба муҳити сермиллат таъсири мусбат мерасонанд;

-танзими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирикунанда, бо усулҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҳамбастагии мураккаби онҳо;

-маҳдудияти иҷтимоии гурӯҳҳои террористӣ, маҳрум намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани онҳо аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои қонунӣ ва ҷиноятии террористон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла, маҳдуд кардани террористон аз манбаъҳои пурра кардани силоҳ ва воситаҳои техникӣ, воридот ва фурӯши яроқ.

Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохтори маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ, ба маҳфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохтор, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Саидов О.Ҳ. – донишҷӯйи к. 3, г. 430103А1, факултети Энергетикӣ. Таҳти роҳбарии номзади илмҳои техникӣ Иброҳимов С.Ҷ.

 

Leave a Comment