Тавре, ки медонем тибқи маълумотҳои таърихӣ дар Осиёи Миёна дайрҳои бисёр мавҷуд буданд, ки бо мурури замон ва амри таърих қисман несту нобуд гардидаанд. Махсусан дар ҷануби Тоҷикистон дараҷаи баланди тараққиёти санъати қадима дар Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасид. Яке аз сайёҳон ва ҳоҷии буддоии асри 8 Хой Чао пас аз сафари мулки Хуталон таассуроти худро чунин баён кардааст: «Подшоҳ, аъёну ашроф ва халқи ин сарзамин дини буддоиро мепарастанд ва дар ин мулк дайру роҳибон бешуморанд.»

Тавре, ки медонем тибқи маълумотҳои таърихӣ дар Осиёи Миёна дайрҳои бисёр мавҷуд буданд, ки бо мурури замон ва амри таърих қисман несту нобуд гардидаанд. Махсусан дар ҷануби Тоҷикистон дараҷаи баланди тараққиёти санъати қадима дар Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасид. Яке аз сайёҳон ва ҳоҷии буддоии асри 8 Хой Чао пас аз сафари мулки Хуталон таассуроти худро чунин баён кардааст: «Подшоҳ, аъёну ашроф ва халқи ин сарзамин дини буддоиро мепарастанд ва дар ин мулк дайру роҳибон бешуморанд.»

Лозим ба тазаккур аст, ки Ҳайтолиён аз табори мардуми тахориён буда, гузаштагонашон дар ҳудуди Тахористону Бадахшон сукунат доштаанд.То миёнаҳои асри 5 давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ мақоми ҳукмронро ба даст даровард. Дар ин давра ҳудудҳои он васеъ шуданд. Давлати Ҳайтолиён дар замони ҳукмронии Хушнавоз-солҳои 50-ум ва 70-уми асри 5 боз ҳам васеътару пуриқтидортар гардид. Дар муқобили давлати Ҳайтолиён ду давлати абарқудрату пурзӯр меистод, яке Сосониён ва дигаре Хоқонати Турк буд. Дар маъхаз гуфта мешавад, ки ҳайтолиён ашхоси боҷуръат ва ҷасур буда дар майдони набард қобилияти фавқулодда доштанд.

Ҳайтолиён усули ҷангии мудофиавии худро доштанд, аз ҷумла онҳо дар пеши роҳи лашкари Сосониён ҷоҳҳо ва ҳандақҳои зиёде кофта, рӯйи онҳоро бо хасу хошок ва шохаҳо пӯшонида ноаён мекарданд, ки онро ба истилоҳи худ «чоҳҳои гургқапӣ» меномиданд.
Ҳафтаи гузашта тибқи маълумоти аз ҷониби китобдор ва омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Элёр Ахмедов ба унвонии маъмурияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ расида бо ибтикори директори институт, доктори илмҳои таърих,профессор Зикриё Акрамӣ гурӯҳи бостоншиносон фавран таҳти роҳбарии олими маъруфи соҳа, доктори илмҳои таърих, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти бостоншиносӣ маълум гардид,ки воқеан ҳам дар деҳаи Субҳи мавзеи Фахробод воқеъ дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии Асадуллои ноҳияи Хуросон дайри буддоии зеризаминӣ пайдо карда шуд,ки он тақрибан ба давраи Ҳайтолиён асрҳои 5-6 мутааллиқ буда, масоҳаташ тахминан 6х5 метрро ташкил медиҳад. Шакли он ба хонаҳои зеризаминии давраи буддоӣ мансуб буда, мардуми маҳаллӣ онро ермасҷид меноманд.Дохили бино аз санги яклухт бунёд гардида, сақфаш гунбази буда аз боло равзана дошта, таҳкурсии он шакли чилпо ва аз чор сатх равоқ дорад. Равзана аслан барои даромадани рӯшноӣ мусоидат менамояд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар мавзеи мазкур феълан корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Тоҷикистони офтоби кишвари куҳанбунёд буда, то ҳанӯз дар зери талу теппаҳои он харобаҳои садҳо шаҳру қалъаҳои қадим ва қадимтарин нуҳуфтаанд,ки дорои асрори бойю пурғановат мебошанд. Ёдгориҳои санъат ва меъмориро дар аксар музофотҳои кишвари паҳноварамон дучор омадан аз эҳтимол дур нест. Иншоотҳои меъморӣ на танҳо зебою дилкаш, балки ҷозибаноку мустаҳкам сохта шудаанд. Аз замони бунёд шудани онҳо гарчанде ҳазорсолаҳо сипарӣ гардида бошанд ҳам, то ҳол аксарияташон ҳусну тароват ва шукуҳу шаҳомати худро гум накардаанд.

Тоҷикистони азиз яке аз давлатҳои куҳантамаддун, бостонфарҳанг, қадимҳунар ва қадимкеше мебошад, ки сари ҳар як сангу хораш таърихи ба худ хосе дорад, ки гувоҳ аз таъриху тамаддуни безаволи мо тоҷиконанд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки барои кашфи асрори таърихи ин марзу бум ба аҳли башар саҳм гузорем. Ба қавли Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистони азизи мо кишвари дорои ганҷҳои нокушода мебошад». Яке аз ҳадафҳои ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушду инкишофи бонизоми фарҳанги миллӣ боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба волоият ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёбад.

Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳои худ таваҷҷуҳи бевоситаи аҳли ҷамоатчигӣ ва зиёиёну олимонро бахри чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани бозмондаҳои мероси ниёкон, ба хусус ҳифзу барқарорсозии ёдгориву обидаҳои таърихию фарҳангӣ ҷалб менамоянд.

Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз санаи 23.01.2015 сол омадааст, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар муддати 10 соли охир (яъне аз соли 2004 то соли 2014) барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо намуда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараи шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро азнавсозӣ намуд».

Ҳамзамон тибқи моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳанг вазифаи ҳар шахс аст».

Аз ин рӯ ҳар як фарди соҳибхирадро зарур аст, ки мероси гузаштагони худро чун гавҳараки ҳифз ва эҳё намояд, зеро гузаштаро кофтану ёфтан ва онро ба омма муаррифӣ намудан амри наҷибест. Эълон гардидани соли ҷорӣ ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳию боду ҳавои мусаффо ва обидаҳои фарҳангию миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии он ҳифзи ҳар як пора хоки поки муқаддаси сарзамини нозанинамон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, олимони бостоншинос имрӯзҳо пайваста корҳои таҳқиқотиро дар тамоми ҳудуди кишвар идома медиҳанд.

Бознашр аз сомонаи https://anrt.tj/

Leave a Comment