Садриддин Айнӣ – муборизи роҳи озодӣ. С. Айнӣ (15.04.1878-15.07.1954) (порсӣ: صدرالدین عینی) – бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик ва таҳиягари адабиёти шӯравии узбак, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи Илмҳои ҶШС Тоҷикистон (соли 1951), академики ифтихории Академияи Илмҳои ҶШС Узбакистон, Лауреати мукофоти Сталинии дараҷаи дуюм (соли 1950) барои китоби «Ёддоштҳо» («Бухоро»), дорандаи се Ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъвати 3-4 (аз соли 1950), яке аз ташкилкунандагони Донишгоҳи Давлатии Самарқанд (соли 1927), ки баъдтар академия номида шуд, иштирокчии кушодани гӯри Темуриланг (соли 1941), ходими хизматнишондодаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 1997).

Садриддин Айнӣ – муборизи роҳи озодӣ. С. Айнӣ (15.04.1878-15.07.1954) (порсӣ: صدرالدین عینی) – бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик ва таҳиягари адабиёти шӯравии узбак, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи Илмҳои ҶШС Тоҷикистон (соли 1951), академики ифтихории Академияи Илмҳои ҶШС Узбакистон, Лауреати мукофоти Сталинии дараҷаи дуюм (соли 1950) барои китоби «Ёддоштҳо» («Бухоро»), дорандаи се Ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъвати 3-4 (аз соли 1950), яке аз ташкилкунандагони Донишгоҳи Давлатии Самарқанд (соли 1927), ки баъдтар академия номида шуд, иштирокчии кушодани гӯри Темуриланг (соли 1941), ходими хизматнишондодаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 1997).

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (ҳоло ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Узбакистон) ба дунё омадааст. Айнӣ дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, бо зиёиёни маъруфи бухороӣ – Садри Зиё, домулло Икромча ва дигарон ошноӣ дошт. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол аст.

Асари аввалин – «Ҷаллодони Бухоро» (соли 1920), повести «Одина» (соли 1924), романи «Дохунда» (солҳои 1927-1928, соли 1930 ба нашр расидааст) ва «Ғуломон» (соли 1934), муаллифи повести «Марги судхӯр» (соли 1937, нашри кор карда баромадашуда соли 1953), «Ятим» (соли 1940), «Ёддоштҳо» дар 4 китоб, Ҷоизаи давлатии ИҶШС (соли 1950), «Мактаби куҳна» ва ғайраҳо.

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

Дар барқароркунии сохти давлати Шӯравӣ дар Бухоро ширкат варзидааст. Дар замони Шӯравӣ асосан бо фаъолияти адабӣ машғул буд. Тазкираи аввалини эҷодиёти миллии тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тартиб дод.

Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддинро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзиаш дар он мадрасаро дар достони «Мактаби куҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашӯй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодор дониши зиндагӣ меомӯхт. Аз соли 1896 Садриддин бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст. Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш «Наводирулвақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти ғояҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзибуссибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар руҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои нав офарид, ки аз нигоҳи нав барои толибилмони хурдсол иншо шуда буд. Дар китоб дар баробари додани қоидаҳои забон ҳикояҳои хурди пандомез, ки бештари онҳо эҷоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чӣ дар Самарқанд ва чӣ дар Тошканд дар корҳои кумитаи инқилобӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо туҳмати алоқа доштан бо муборизони зидди аморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия»-и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист. Ҳамин тавр бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори фанҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики ифтихории Академияи фанҳои ҶШС Узбакистон тақдир карда шуда буд. Айнӣ академики Академияи Тоҷикистон таъин гардида буд, ӯ нахустпрезиденти Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1958 инҷониб ҳар сол дар рӯзи таваллуди нависанда маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо шуда, маводи он дар маҷмуаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мегарданд. Бисёр деҳаву ноҳияҳо, кӯчаю хиёбонҳо, мактабҳо номи ӯро гирифтаанд. Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш Айнӣ бо се ордени Ленин, ду «Байрақи сурхи меҳнат» ва медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудаааст

Устод Садриддин Айнӣ соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло мақбараи Устод Айнӣ дар як ҷойи хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Он ҷоро ҳозир Боғи Айнӣ мегӯянд.

Эҷодиёти ӯ аз солҳои 90-уми асри 19 шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Садриддин Айнӣ дар ҳаракатҳои озодхоҳӣ ва инқилобии Бухоро иштироки фаъолона дошта, аз аввалин касонест, ки дар мактаби ғайрирасмии типи нав дарс медиҳад.

Садриддин Айнӣ ба эҷоди асарҳои илмӣ ҳанӯз дар ибтидои асри XX шуруъ карда буд. Аввалин асарҳои илмии устод китобҳои дарсӣ буданд, ки барои мактабҳои навтаъсис иншо гардидаанд.

Пас аз Инқилоби Октябр як гуруҳ донишмандони пантуркисте пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин (Мовароуннаҳру Хуросон) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи куҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд. Пас аз ин устод Айнӣ дар бораи симоҳои барҷастаи фарҳангӣ ва адабии тоҷик ба навиштани асарҳои илмию тадқиқотӣ мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯро ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои «Шайхурраис Абуалӣ Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишери Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонад. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулқосим Фирдавсӣ, чӣ дар байни муаллифони сарчашмаҳо ва чӣ дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавҷуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд. Аз ин ҷиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли куҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажуҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

 

Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,

В-он нахл ба теғи хона пиростаам.

Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,

Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.

 

Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур ҳам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши Гули сурх дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

 

Рози дил мегуфтам, ар як марҳаме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

Аз тамошои Гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,

Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.

 

Устод Айнӣ пас аз Инқилоби Октябр роҳбару сарвари адибони тоҷик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тӯли солҳо мазмуну мундариҷаи ғоявии ашъори адиб комилан тағйир ёфт. Акнун ба мавзуъҳои талаботи рӯз даст зада, дар бораи инқилобу озодии мардуми заҳматкаш сухан меронад. Шеърҳои «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Якуми Май» ва ғайраҳо эҷод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзуъҳои байналмилаллии дӯстиву рафоқати меҳнаткашони дунё, меҳнати софдилонаи мардуми тоҷик мавқеи асосӣ дошт. Соли 1923 дар Тошканд маҷмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инқилоб» аз чоп баромад. Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша, густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

 

Айнӣ, ба як ғазал натавон арзи ҳол кард,

Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.

 

Баъдтар асарҳои устод Айнӣ пайдарҳам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Устод солҳои 1927-1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Ғуломон»-ро низ дар байни солҳои 1932-1935 навишта, онро ба забони узбакӣ бармегардонад. Ва онҳо дар солҳои 1934 ва 1935 чоп шуда, дастраси хонандагон мегарданд. Устод байни солҳои 1936-1940 повести «Марги судхӯр», «Ятим», «Луғати нимтафсили забони адабии тоҷик» (шомили 15 ҳазор калима ҳаст), «Мактаби куҳна» ва боз бисёр асарҳои дигарро офарид. Садриддин Айнӣ дар давраи ҶБВ бештар асарҳои публисистӣ иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор», «Модар-Ватан» ва ғайра, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои давр ба табъ расида буданд, руҳияи ватандӯстӣ ва дӯстии байни халқҳоро тақвият мебахшиданд. Ҷавононро алайҳи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд. Повести «Ятим» ба яке аз мавзуъҳои муҳими рӯз – ватандӯстӣ, садоқат нисбат ба Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рӯзгори дардомези як ҷавони камбағал – Шодӣ Мурод (Ятим)-ро ба қалам додаст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштҳо» мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлатӣ гардид. «Ёддоштҳо» аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзнигори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои солҳои 80 то ғалабаи инқилобӣ, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштҳо» бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Ҳамин тавр, устод Айнӣ асосан аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ илҳом гирифта, эҷодкорона аз он истифода бурда, шоҳасари бузург – «Ёддоштҳо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума шудааст. Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён ҳаст, хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯйӣ бахшидаи Айнӣ бо забони соддаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Ғояҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои Замзамаи дабистон, Суруди мактаб, Саҳаргоҳон ва ғайра боварибахшу самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

 

Биёед, эй рафиқон дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем,

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

 

Имрӯзҳо дар ҳама ҷо номи Айниро вомехӯрем. Дар худи шаҳри Душанбе муҷассамаи ӯ гузошта шудааст, ба номи ӯ театри опера ва балет, инчунин кӯчаю хиёбон ва боғ гузошта шудааст. Дар вилояти Суғд ба номи ӯ ноҳия гузошта шудааст, ки як вақтҳо худи ӯ дар он ҷо зиндагӣ карда буд. Дар Кӯлоб низ ӯро ҳама медонад ва меҳнаташро қадр мекунанд. Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кӯлоб ва инчунин хиёбон ва кӯча низ ба номи Айнӣ гузошта шудааст. Хона-осорхонаи С. Айнӣ дар Соктаре, Хона-осорхонаи мемориалии С. Айнӣ дар Самарқанд, хиёбони ба номи С. Айнӣ дар Самарқанд, муҷассамаи С. Айнӣ дар Самарқанд, соли 1958 чопи тамғаи почтавии ИҶШС ба муносибати 80-солагии нависанда, ҷойгиркунии расми С. Айнӣ дар пули коғазии 5 сосона соли 1999 (пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон), театри вилоятии узбакии драмаи мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи С. Айнӣ дар Бухоро, Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ғайраҳо далели гиромидошти номи ин марди фидоии тоҷик аст.

Мо ҳеҷ гоҳ Қаҳрамони Тоҷикистон С. Айниро фаромӯш намекунем ва нахоҳем кард. Устод Айнӣ таърихдон, забоншинос, луғатдон, мураббӣ ва омӯзгор, марди пуркору меҳнатдӯст буд. Ҳар гоҳ ки шахс бо муҳаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавҷи дарёҳои бузург ва рӯдҳои шӯх меоянд. Он мавҷҳо ҳам васеъ, ҳам амиқ, ҳам мусаффо менамоянд. Он мавҷҳо аз меҳнати чандинсолаи ин адиби бузург шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, асарҳои эҷодкардаи устод ойинаи дили халқи мо шудаанд. Онҳо орзу, умед ва муборизаҳои халқи моро инъикос мекунанд.

 

Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо,

Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо?

 

Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст. Барои Айнӣ ҳамчун барои тамоми сухансароён ҳақиқати воқеӣ сарчашмаи асосии эҷодӣ буд. Ба фарроши гуруснаи дирӯзаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андӯхтааст, моҳияти тағйироти зиндагӣ на якбора равшан гардидааст. Роҳи Айнӣ ба сӯйи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихи халқи хеш рӯ меорад, то аз қуллаҳои музаффарият дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов 8-уми сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

 

Leave a Comment