Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Мусаллам аст, ки дониш фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меояд. Кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, ки Тоҷикистон низ дар ин саф аст.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар паёми рушноиву сафову нур буд. Роҳбари давлатамон дар баробари дахл ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш аз мақому манзалату ҷойгоҳи баланди китоб бештар ҳарф заданд. Дар Паёми имсола Роҳбари давлат дастур доданд, ки «ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ….»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеъта

Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Мусаллам аст, ки дониш фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меояд. Кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ пешрафту тавсеаи хешро мадюни хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, ки Тоҷикистон низ дар ин саф аст.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар паёми рушноиву сафову нур буд. Роҳбари давлатамон дар баробари дахл ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш аз мақому манзалату ҷойгоҳи баланди китоб бештар ҳарф заданд. Дар Паёми имсола Роҳбари давлат дастур доданд, ки «ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ….»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад». Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имсол бори дигар нишон дод, ки ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу илму адаб арҷу эҳтиром мегузорад.

Китобхона дар ҳама давру замон макони муқаддас, махзани дониш ва маънавиёт ба шумор мерафт. Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик аст. Агар ба таърихи мардуми мо бо дидаи таҳқиқ нигарем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.

Китобхона ганҷинаи хиқматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид мешавад. Ҳар касе, ки ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, ба дунёи рангину зебоӣ ҳамроҳ мешавад.

Дар охири асри ХХ ва авалҳои асри ХХI Бо сабабҳои аз миён рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ, сар задани нооромиҳо ва паст рафтани сатҳи иҷтимоӣ китобхонаҳо ҷойгоҳи баланди худро, ки дар сарнавишти инсонҳо доштанд, аз даст доданд, шумораи истифодабарандагони онҳо хеле кам шудааст ва ба пур намудани захираҳои онҳо хеҷ кас аҳамият ҳам намедод.

Пешвои миллати тоҷик дар баробари он ки барои рафъи ислоҳи ҳолати ҷойдошта дар Паём таъкид намуданд, ҳамчунин бори дигар ба китоб, китобхонӣ ва китобхонаҳо баҳои баланд доданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шавад, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».

Аз таҷрибаи кори худ медонам, ки китобхонӣ байни ҷавонон сол ба сол кам шуда истодааст, истифодаи зиёди интернет насли ҷавонону наврасро аз мутолиа дур кардаст ва барои баланд бардоштани ин самт бояд фонди китобхонаҳоро бо адабиёти тозанашри замонавӣ ғанӣ гардонем, барои ба таърихи пурифтихори халқи тоҷик, саҳифаҳои дурахшони каҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯхтан ва инро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем, барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, таърихӣ ва сиёсӣ тамоми шароитро муҳаё намоем.

Бузургдошти китоб ва эҳтирому эътиқоди самимӣ ба он дар миёни ҷавонон аз нав реша пайдо намояд ва чӣ хеле ки тоҷикон ҳамеша китобро дар радифи муқаддасоти миллат мегузоштанд, ҷавонони имрӯза ҳам инро дарк намоянд.

Албатта, донишандӯзӣ соҳаи муҳими ҳаёти маънавӣ буда, пайваста инкишоф меёбад, вале зарур аст, ки донишҷӯи ба соҳаи интихоб намудааш дар донишгоҳу донишкадаҳо ҷиддитару амиқтар машғул шавад, ки ин танҳо дар асоси доштани шавқу рағбати ҳамаҷонибаи зеҳнӣ муяссар мегардад.

Илмомӯзию китобхонӣ бояд яке аз вазифаҳои асосии миллии мо бошад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намудан лозим, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону ҷавонон ба роҳ мондан лозим аст.

Китоб сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодӣ фарҳангӣ, таърихӣ ба ҳисоб рафта, пояи асосӣ дар ҳаёти иҷтимоии башар аст ва маҳз тавассути он ҷомеа метавонад ба баландтарин қуллаҳои ҳаёт бирасад. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, бузургони халқи тоҷик маҳз тавассути мутолиа ва таълифи осори пурарзиш ба мақсад расидаанд. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки қариб дар ҳамаи осори шоирони тоҷик васфи китоб ба назар мерасад. Китоб мавзӯи асосии таълифоти манзуму мансури шоирону нависандагони тоҷику форс ба ҳисоб меравад.

Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт пеша кунад, аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад.

Имрӯз дар кишвари мо ҳама шароит фароҳам аст, то донишомӯзӣ ба як фаъолияти ҳамешагӣ мубаддал шуда, на танҳо ҷавонон, балки намояндагони ҳамаи табақаву қишрҳои ҷомеа ба ишқу алоқаи самимӣ ба он рӯй оваранд.

Худи намояндагон ва мутахассисони соҳаи фарҳанг бояд дар китобхонӣ пешгом бошанд, то мардум аз онҳо пайравӣ кунаду сабақ гирад.

Неъматова С.Ҷ. – директори китобхонаи илмӣ-электронии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment