Зарурати “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020” афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ буда, ба маъюбӣ ва фавт бурда мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯроки тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст.

Зарурати “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020” афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ буда, ба маъюбӣ ва фавт бурда мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯроки тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст.

Айни ҳол шумораи гирифторони фарбеҳӣ ниҳоят зиёданд. Махсусан, дар кишварҳои абарқудрати дунё ин беморӣ зиёд буда, инчунин аҳолии Тоҷикистон низ ба ин гурӯҳ шомил аст.

Вақтҳои охир зиёд шудани бемории фарбеҳӣ Ҳукумати кишварро нигарон кардааст. Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Бояд дар хотир дошт, ки фарбеҳӣ ҳолати меъёрӣ набуда, балки беморӣ аст. Фарбеҳӣ ҳолатест, ки бо зиёдшавии чарбуҳо дар организм ва ҷамъшавии он дар чарби зери пӯст ва дигар узвҳою бофтаҳо зоҳир мегардад.

Мутахассисон фарбеҳиро ба чаҳор дараҷа тасниф намуданд. Дараҷагузорӣ аз рӯйи индекси вазни бадан бо истифодаи ҷадвал ва формула иҷро мешавад:

1-ум дараҷа зиёдшавии вазни бадан то 10% — 29%

2-юм дараҷа то 30% — 49%

3-юм дараҷа то 50% — 99%

4-ум дараҷа аз 100% зиёдтар.

Агар андозаи даврии камару шикам дар занҳо 88 см ва дар мардҳо 102 см-ро ташкил кунад, ташхиси фарбеҳии шикамӣ гузошта мешавад.

Дар марҳилаи якум ва дуюми фарбеҳшавӣ тарзи ҳаёт ва қобилияти корӣ он қадар тағйир намеёбад. Аммо ҳангоми пешгирӣ накардан он дар муддати кӯтоҳ метавонад ба марҳилаҳои сеюм ва чорум гузарад. Дар марҳилаи сеюм аллакай тағйирот дар узвҳои дилу рагҳо, такя ва ҳаракат, узвҳои ҳозима шуруъ мешавад.

Ғайр аз ин, таснифот мувофиқи ҷойгиршавӣ ва ҷамъшавии чарбҳо ду шакли фарбеҳиро ҷудо мекунанд: мардона (андроидӣ) ва занона (гиноидӣ). Чарбҳое, ки шакли фарбеҳии занонаро ба вуҷуд меоранд, ҳамзамон дар худ гармонҳои ҷинсии занонаро ҳосил ва захира мекунанд. Ин барои организми занҳо дар марҳилаҳои баъди қатъшавии даври ҳайз (постменопауза) ва пешгирӣ аз атеросклероз зарур аст. Барои мардон бошад, фарбеҳии андроидӣ як қатор мушкилиҳоро ба вуҷуд меорад. Чарбҳои захирашуда дар атрофи узвҳои дохилӣ ҷамъ мешаванд, ки ин фаъолияти муқаррарии узвро халалдор месозад. Дар натиҷа ба вуҷуд омадани бемориҳои атеросклероз, бемории ишемикии дил, артроз, гепатози ҷигар, диабети навъи 2, саратонҳо дар назар аст.

Ҳангоми саривақт пешгирӣ накардан инсонҳои ба фарбеҳӣ мубталошуда новобаста аз синну сол аз зуд хасташавӣ, нафастангӣ, арақкунии зиёд, дарди пойҳо, бадшавии ҳазми ғизо шикоят доранд. Онҳоро хатари вайроншавии ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ, бемории фишорбаландӣ, атеросклероз, бемории қанд ва ба вуҷуд омадани марги нобаҳангом таҳдид мекунад.

Чӣ бояд кард?

  1. Иродаи қавӣ метавонад инсони фарбеҳро аз ин роҳи пурмашаққат гардонад.
  2. Риояи парҳези ғизо ва машқҳои ҷисмонӣ. Кори ҷисмонӣ на танҳо сарфи неруи организмро зиёд мекунад, балки ба системаи дилу рагҳо, нафаскашӣ, мушакҳо ва асаб таъсири мусбат мерасонад.
  3. Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхӯрӣ асоси фарбеҳист.
  4. Тағйироти мубодилаи моддаҳо дар раванди синну сол.
  5. Асабонӣ шудан омилӣ асосии фарбеҳӣ.
  6. Одатҳои номатлуб (истеъмоли машрубот, тамокукашӣ ва ғ.).
  7. Ботартиб хӯрок хӯрдан.
  8. Кам истеъмол намудани миқдори карбогидратҳои оддӣ (шакар, конфет, торт, мураббо ва ғ.).
  9. Маҳдуд намудани истеъмоли чарбӣ (гӯшту маҳсулоти гӯштии пурчарб, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд) дар ғизо.
  10. Ба таври васеъ истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тоза, кабудӣ ва омода намудани таомҳо аз ғалладонаю лӯбиёгиҳо.
  11. Риояи реҷаи истеъмоли 5-6 маротибаи ғизо бо маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти ангезандаи иштиҳо (глутамат натрий, ки барои баланд бардоштани маззаи ғизо истифода мешавад, хӯриш, таъмдиҳандаҳо, машрубот ва ғ.).
  12. Маҳдуд намудани истеъмоли намаки ошӣ то 5 г ва об аз 1 то 1,5.

Инчунин бояд қайд намуд, ки дар гузашта агар волидайн вазни барзиёд дошта бошанд ва ё ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд, заминаи инкишофи фарбеҳӣ дар фарзандони онҳо пайдо мешавад.

Ягон маҳсулот талаботи организмро ба тамоми моддаҳои зарурӣ пурра қонеъ кунонда наметавонад. Масалан, гӯшт ҳар хел аминокислотаҳои зарурӣ дошта бошад ҳам, ба миқдори кофӣ моддаҳои минералӣ ва витаминҳоро надорад. Нон бисёр карбогидрат дошта, дигар моддаҳои ба организм заруриро надорад. Аз ҳамин сабаб ба хӯроки одам маҳсулоти серсафеда, равғани ҳайвонот ва наботот, сабзавоти сервитамину аз намакҳои минералӣ бойро илова мекунанд. Хӯроки растанигӣ бисёр насҷ (клетчатка) дорад ва он боиси кашишхӯрии девораҳои меъдаю рӯда мегардад.

Реҷаи дурусти хурокхӯрӣ!

  1. Дар вақтҳои муайян 3-4 маротиба дар як рӯз истеъмоли хӯрок.
  2. Наҳории серғизо, ки қобилияти кори фикрӣ ва ҷисмонии одамро беҳтар мекунад.
  3. Тахминан соати 11 чой ё қаҳваро бо нону равған ё бо нон хӯрдан.
  4. Хӯроки пешин бо истеъмоли маводи гӯштдор, моҳидор ё аз нӯшобаи мева ва шарбати мева иборат бошад.
  5. Истеъмоли хӯроки шом соати 1900, он бояд ширдор ё сабзавотдор бошад ва онро 2 соат пеш аз хоб истеъмол кардан зарур аст.

Инчунин бояд қайд намуд, ки дар хӯроки шом бисёр истеъмол кардани равғани ҳайвонот, карбогидратҳои зудҳазм (нон, булочка, шираворӣ), дар хӯрок кам кардани равғани наботот, ширу маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот боиси вайроншавии мубодилаи чарбҳо ва авҷи бармаҳали бемориҳои дилу рагҳо мегардад. Ин хӯроки нодуруст мебошад.

Агар инсон дорои тамоми неъматҳо бошаду саломатӣ надошта бошад, пас зиндагӣ ҳеҷ маъное надорад. Зеро солимӣ омили хушбахтӣ буда, танҳо тавассути он метавон баҳри расидан ба комёбиҳо талош намуду ҳаёти хуберо барои худу атрофиён муҳайё сохт. Инсон то он даме ки ба беморие гирифтор нашавад, қадри тандуруст буданро намедонад. Баъзан бисёр нигаронкунанда аст, ки дидаву дониста, кор ва ё амалеро иҷро менамоем, ки оқибаташ гирифтор шудан ба бемориҳост. Аз ҷумла, ба бемории фарбеҳӣ.

Умуман, дар ҳама ҳолат лозим аст, ки муҳофизи солимии худ бошем. Зеро солим будан, худ хушбахтист.

Мудири шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ

Саторова Мавлуда Қаҳоровна

Leave a Comment