Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташаббуси Хадамоти ташкилию тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур ёвари сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – подполковники милитсия Юсуфзода Акмал, сардори котиботи РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе – подполковники милитсия Хушвақт Бибиноз Ғафурӣ, сардори шуъбачаи 8-уми шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе – майори милитсия Муродзода Фаррух Иқбол, ваколатдори шуъбачаи 8-уми шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе – лейтенанти калон Раҳимов Фирдавс, муовини сардори шуъбаи зидди терроризм ва экстремизми Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – майори милитсия Зоидзода Анӯшервон иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ оид ба оқибатҳои ногувори зуҳуроти ҷалби ноболиғон ва ҷавонон ба созмонҳои тундгаро, экстремизм ва терроризм ва амалисозии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019 сол) бо иштирокдорон суҳбати озод барпо намуданд.

Дар баромадашон меҳмонон терроризму экстремизм, бегонапарастию тундгароиро маҳкум карда, ҷавононро ба худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ватандӯстию миллатпарастӣ даъват намуданд.

Дар охир ба саволҳои бешумори иштирокдорон намояндагони ВКД ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Хадамоти ташкилию тарбиявӣ.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment