КОРРУПСИЯ ВА ТЕРРОРУ ИФРОТ ЯК ҲАДАФ ДОРАНД

Ба кулли мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки баъд аз ҷангҳои бемаънии шаҳрвандӣ, ки аз сар гузаронидем, иқтисодиёту истеҳсолот, пешрафти ҳама самтҳои зиндагии мардум, ахлоқ ва маънавиёти хурду бузургамон ниҳоят сахт коҳиш ёфт. Яқин аст, ки ҳамагуна ҷангу хушунат одамон ва давлатро рӯ ба камбизоатӣ ва нодорӣ мебарад. Дар чунин маврид нафси инсонҳо  саркаш шуда, бисёриҳо… Read More

Защита  Бадурдинова Садуло Тоджидиновича

Объявление о защите  Бадурдинова Садуло Тоджидиновича Дата публикации диссертации 11 марта 2020 г. Дата публикации автореферата 11 марта 2020 г. Решение о приеме диссертации к защите   URL- адрес видеотрансляции защиты       Тип диссертации Кандидатская Фамилия, имя, отчество  соискателя Бадурдинов Садуло Тоджидинович Название диссертации «Свойства литейного алюминиевого сплава ак12 Со скандием, иттрием, неодимом… Read More

ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР АШЪОРИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки… Read More

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – МО ЗИДДИ ИН ЗУҲУРОТ!!

Тоҷикистони мо пас аз ба истиқлоли комил расидан мутаассифона бо дасти хоҷагони берунӣ ва раҳгумии иддае аз мансабхоҳони дохилӣ ба кашмакашиҳои нангин рӯ ба рӯ омад ва кишвари мо аз ҳар ҷиҳат ба даҳсолаҳо ақиб монд ва насли имрӯза бояд бидонад, ки ноиттифоқӣ миллатро ба чӣ рӯзҳое мерасондааст. Хушбахтона, фарзандони баору номуси тоҷик бо сарварии… Read More

МОДАРО, ИДАТ МУБОРАК БОШАД

Модар! Чи номест, ки бо шуниданаш вуҷуди ҳар яки моро таскину оромӣ мегирад ва чи маъное баландест, ки тамоми умр бузургиашро ситоиш менамоему ҳеҷ нуқта гузошта наметавонем. Дар ҳақиқат модар азизтарин вуҷуди рӯйи олам буда, зиндагии ҳар яки мо аз нафаси гарму дилнавози ӯ сар мешавад. Офаридгори олам ба Зан-Модар қудрати бузургу беҳамтое дода, ӯро… Read More

ФУРӮҒИ СУБҲИ ЗИНДАГӢ…

Модар, эй латифтарин гули бустони ҳастии ман! Нафасҳои ту бӯйи биҳишт медиҳад, зеро ту худ биҳиштиӣ, Модар! Биҳишт зери пойи туст. Ту муҷаллотарин ситорае ҳастӣ, ки ман дорам. Модар, ту олиҳаи покиву зебоӣ, муҳаббату садоқат, инсофу шафқат ва раҳму меҳр ҳастӣ. Ҳамеша аз гулу гиёҳ пойандоз доштию аз одобу дониш сарандоз. Беҳуда нест, ки тамоми… Read More

РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ МУБОРАКБОД МЕГӮЯД

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ н.и.и., дотсенти кафедраи “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт” ФОХАКОВ Абдурауф Сайдалиевич ва ассистенти кафедраи “Коркарди энергиябарандаҳо ва хизматрасониҳои нефту газ” МАҲМУДОВА Таҳминаи Муминҷонро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона муборакбод мегӯяд. Хотиррасон мешавем, ки Фохаков А.С. рисолаи докториашро дар мавзӯи “Ҷанбаҳои илмӣ-амалии… Read More

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи Модар бо тантанаву ифтихормандӣ таҷлил гардид. Одиназода Ҳ.О. – Ректори донишгоҳ ҳамагонро бо ин рӯзи саид табрик намуд. Баъдан Дилрабо Мансурӣ – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нозакова Зулфия – муовини раиси Иттифоқи касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани… Read More

Сухани табрикотии Ректори донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Модар

Шуморо аз номи Раёсат, коллективи устодону кормандон ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ бо фарорасии ҷашни муборак, дилнишин, зебо ва ҳамешаҷавони Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба якояки Шумо тансиҳативу хонаи обод ва бурдбориҳо таманно менамоям. Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борандагӣ аз… Read More