Рӯйдодҳои муосир сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисонро водор намудааст, ки ба тадбирҳои мавҷудаи таъмини амнияти биологӣ ва сатҳи некуаҳволии беҳдоштӣ – эпидемологии аҳолӣ бо диди наву равиши тоза муносибат намоянд.

Имрӯз ҳеҷ як кишвари ҷаҳон  ба танҳоӣ наметавонад дар сатҳи кофӣ бо таҳдиди биотерроризм муқобилият намояд. Дар тамоми ҷаҳон низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳадди имкониятҳои худ бо бемориҳои сироятии табии мубориза мебаранд, вале таҳдиди нави терроризми биологӣ метавонад дар ин росто мушкилоти навро эҷод намояд. 

Рӯйдодҳои муосир сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисонро водор намудааст, ки ба тадбирҳои мавҷудаи таъмини амнияти биологӣ ва сатҳи некуаҳволии беҳдоштӣ – эпидемологии аҳолӣ бо диди наву равиши тоза муносибат намоянд.

Имрӯз ҳеҷ як кишвари ҷаҳон  ба танҳоӣ наметавонад дар сатҳи кофӣ бо таҳдиди биотерроризм муқобилият намояд. Дар тамоми ҷаҳон низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳадди имкониятҳои худ бо бемориҳои сироятии табии мубориза мебаранд, вале таҳдиди нави терроризми биологӣ метавонад дар ин росто мушкилоти навро эҷод намояд. 

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) бемориҳои сироятиро сабаби дуввуми асосии фавт ва аввалин сабаби фавти нобаҳангом дар ҷаҳон мешуморад. Мутобиқи арзёбии ин созмон, ҳамасола 2 миллиард одамон мубтало ба бемориҳои сироятӣ мешаванд, 17 миллион нафари онҳо мефавтанд; ин мараз ҳамарӯза ҷони 50 ҳазор нафарро мерабояд[1].  

Аз замонҳои қадим хатару таҳдидҳо инсониятро то ин ҷониб ҳамроҳи намуда истодааст, ки инсоният ҳамеша дар муқобили ин амлаҳои ифротӣ истодагари менамояд. Вобаста бо мурури замон таҳдидҳо хусусиятҳои нав ба навро касб менамоянд. Аслан таҳдидҳоро дар навбати худ ба ду навъи асоси тақсим менамоянд:

  1. Таҳдидҳои ананавӣ, ки бештар дар соҳаи ҳарбӣ ба назар мерасад. (Бахусус моҷароҳое, ки дар таърихи инсоният рух додааст).
  2. Таҳдидҳои ғайриананвӣ, ки дар шакли нопадид ё пинҳонӣ ба вуҷуд меояд. Ин хатарҳоро мо айни замон ба хуби мушоҳида намуда метавонем. Ба монанди терроризми байналмиллалӣ ва шаклҳои нави он биотерроризм (терроризми биологӣ), агротерроризм (терроризми аграрӣ), терроризми генетикӣ, терроризми иқтисодӣ, терроризми экологӣ, кибертерроризм ва ғ.

Терроризм- ин амали иртиҷоие мебошад, ки ҳамагон аз ин падида ба хуби огоҳанд ва нисбати пешгири намудани он як қатор корҳоеро муҳақиқони ватанию хориҷӣ ба сомон расонидаанд ва ниҳётан зиёда аз  7 ҳазор корҳои илмиро оид ба ин масъала ба нашр расонидаанд.

Ба андешаи бештари муҳақиқон таҳдидҳои дар боло зикргардида дар ояндаи дуру наздик шиддат гирифта, башариятро бо мушкилиҳои зиёде  рӯ ба рӯ мегардонанд. Ин таҳдидҳо бо ҳам алоқамандии зич доранд ва ҷузъҳо ё зергурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Дар робита бо мафҳуми биотерроризм, коршиносони Интерпол қайд мекунанд, ки: «Биотерроризм ин истифодаи огоҳонаи агентҳои биологӣ ба мисли бактерияҳо, вирусҳо ва токсинҳо барои осеб расонидан ё нобуд кардани одамон, ҳайвонот ё растаниҳо, паҳн кардани тарс, бо мақсади майл кардани давлатҳо ё ҷомеаҳо ба пайравии ҳадафи мушаххаси сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ мебошад»[1]. Тавассути истифодаи яроқи биологӣ, татбиқи амали террористӣ дорои ҳадафҳои тарсонидани аҳолӣ, эҷоди ихтилофоти ҷомеа, таъсир ба қабули қарорҳои давлатӣ, таъқиботи ҷанг, амалиётҳои низомӣ ва бадшавии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Истифода ва истеҳсоли силоҳи биологӣ ва ҳама зербобҳои он аз ҷониби Конвенсияи байналмилалии Женева аз 17 июни соли 1925 манъ карда шудааст[2].

Аз истифодаи силоҳи молекулавӣ марг, ихтилоли равонӣ, стерилизатсия, девонагӣ метавонанд пайдо шаванд. Ғайр аз ин, таҳдиди навбатии силоҳи биологии насли сеюм аз он иборат аст, ки он қодир аст, ки қувваҳои зиндаи душманро вобаста ба ранги пӯст, хусусиятҳои нажод ва гурӯҳҳои қавмӣ мақсаднок ва самаранок несту нобуд кунад. Муайян карда шудааст, ки террористон метавонанд агентҳои биологиро бо тарзҳои гуногун истифода баранд: 1. Пошидани аэрозолии ҳавзаҳои патогенӣ. Дар ин ҳолат, миқдори ками моеъ ё хокаи дорои вирусҳо аз дилхоҳ ҳавопаймо ва ё дигар восита ба фалокатҳои харобиовар оварда расонад. 2. Заҳролудкунонии об, ҳангоме, ки оби нӯшокии аҳолӣ вирусонида мешавад. 3. Сирояткунонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо тарзу воситаҳои гуногун. 4. Сироят кардани ашёҳои рӯзгор тавассути заҳролудкунонии объектҳои хурд. 5. Заҳролудкунонии паёмҳои почта, масалан, сирояткунӣ тавассути мактубҳо дар ИМА дар соли 2001. 6. Диверсия дар корхонаҳои дорои ваксинаҳои гуногун, таҷҳизотҳои ташхисӣ ва биологии тиббӣ, масалан, паҳн кардани ВИЧ СПИД тавассути хун ва плазма барои беморон. 7. Сироят кардани муҳити зист, фазои пӯшидаи ҳавоӣ; 8. Паҳн кардани интиқолдиҳандагони бемориҳои ба таври сунъӣ сироятӣ, ба монанди хомӯшакҳо, кайкҳо, канаҳо ва ғайра. 9. Ҳамла ё бомбгузорӣ бо агентҳои биологӣ ҳамчун қисми лавозимотҳои ҷангӣ, масалан тавассути бомбаҳо, мушакҳо, снарядҳо, минаҳо ва ғайра[3]. Намунаи истифодаи силоҳи биологӣ – ин аз ҷониби Ироқ истифодаи он дар ҷанг бо Эрон дар солҳои 80-уми асри 20-ӯм мебошад. Аз сабаби истифодаи осон ва дастрасии онҳо, террористон мекӯшанд, ки вирусҳои гуногуни  биологиро ба ҷони одамон хатарнок, бо ҳар усул ба даст оранд.

Ҳамин тариқ, муайян карда шудааст, ки дар 67 кишвари дунё 543 маҷмӯи штаммҳои бактериявӣ ҷамъоварӣ карда шуда, 54 маркази тиббӣ патогенҳои сӯзандаро ва 18 –тои он — ваборо нигоҳ медоранд ва рӯйхати вирусҳо ва бактерияҳо тақрибан 48 организм, аз ҷумла 25 вирус, 13 бактерия, 10 токсинро дар бар мегирад [4]. Қариб ҳар яке аз ин вирусҳои сироятӣ усулҳои табобат ва пешгирии худро талаб мекунад, ки омодагиро барои пешгирӣ кардани ҳамлаи эҳтимолӣ душвор менамояд.

Силоҳи биологӣ аслиҳаи ҷанги сеюми ҷаҳони башарият ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр олимон қайд мекунанд, ки «Ошкоркунии генҳои инсон ва дастовардҳои охири биологияи молекулавӣ ва ҳуҷайравӣ имкон дод, ки силоҳи биологии насли сеюм — силоҳи генетикӣ ва молекулавӣ ба вуҷуд ояд.

Чуноне ки дар боло зикр намудем яке аз роҳҳои паҳн намудани силоҳи биологӣ ин намудҳои гуногуни вирусҳо мебошад. Каронавирус  дар баробари 40 вируси сироятие, ки ба инсон ва ҳайвон хатари ҷидди дорад,  дар ҷомеаи муосир доман паҳн намуда истодааст. Пизишкон оид ба ин бемории сирояти тадқиқотҳои зиёдеро анҷом додаанд ва ба он хотир номи Каронавирусро гирифтааст, ки вақте сироятшиносон тавассути микроскоп ба таркиби ин навъи бемори назар намуданд, ки дар таркиби он лифофаи шакли “тоҷ”-ро мушоҳида намуданд, аз ҳамин сабаб номи каронавирусро ё ба дигар ном микроби тоҷдор, шоҳи микробҳо ном гирифтааст. Сарчашмаи ин бемори аз моҳи январи соли 2019 дар Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад ва пеш аз ин низ дар дар шакли дигар низ мавҷуд буд.

Мувофиқи расонаҳои хабари Каронавирус эҳтимоли хуруҷ кардан ба кишвари мо низ дорад, аз ҳамин хотир моро зарур аст, ки нисбати ин навъи бемори бетараф набошем. Бояд дар ёд дошт, ки “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”.

Нишонаҳои чунин бемори дар инсон:

  1. Шамолхурии шадиди роҳҳи нафас, аз ҷониби каронавирус (тоҷвирус) nCoV 19 ангехта мешавад.
  2. Пайдо шудани сулфаи хушк дар инсон
  3. Баланд шудани ҳарорати баданд
  4. Камқуватӣ
  5. Танг шудани рҳи нафас
  6. Варами шуш ва ғ.

            Каронавирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус дорад, дар ҳолати гап задан, атса задан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хело хатарнок мебошад. Инчунин ҳар он ашёе, ки дар назди  бемор қарор гирифта буд ё даст расонида буд, метавонад манбаи сироят аз вирус гардад.

Роҳҳои пешгиги аз ин беморӣ:

  1. Меъёри тартиботи кориро риоя намудан ва ба пурраги хоб кардан
  2. Ғизои солим истеъмол намудан- барои солимии ҷисм на кам аз 400г маҳсулоти растанӣ истеъмол намудан ва ба ғизонокии хурокҳо аҳамият ҷиддӣ додан.
  3. Ба дараҷаи кофи об нушидан- ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1кг ба вазни ҷисм.
  4. Ҷисман фаъол будан, машқи пагоҳирӯзи намудан
  5. Аз ҷойҳои серодам дури ҷустан ва ба одамону ҳайвоноҳо зиёд наздик нашудан.
  6. Аз ниқобҳои махсус дар ҷойҳои серодам истифода намудан (масалан дар нақлиёт, театр, мактаб, донишгоҳ ва ғ)
  7. Зуз –зуд дастонро бо собун шустан (пас аз ба ҳар ашёе, ки даст мерасонед)
  8. Аз истеъмоли нушокиҳои спиртӣ ва тамоку дур шудан, зеро истеъмоли ин маводҳо организмро заифу нотавон мегардонанд.
  9. Ҳар руз на кам аз 3 маротиба биниро бо намакоби соданок шустан, ки ин метавонад то андозае микробҳои заҳролудро нест намояд.
  10. Зуд- зуд дастонамонро ба даҳон, бинӣ,чашм ва руй нарасондан.
  11. Некназар будан, некназарӣ маснуиятро мустаҳкам мегардонад.

Умуман қайд кардан ба маврид аст, ки силоҳи биологӣ дар ҳаёти инсоният хатари ҷиддӣ дошта ва ҳатто муҳақиқон ин силоҳро аз дигар силоҳҳо хатарноктар медонанд. Моро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани ин амалҳои номатлуб, ки ҳам дар шакли табии ва ҳам ғайритабии ба амал меояд, дастаҷамъона мубориза барем. Набояд ин фаъолиятро пурра бар души мақомотҳои дахлдори соҳавӣ гузошт, зеро вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати кишвар ин иттилоотнок гардонидани шаҳрвандон мебошад. Мо алҳол оид ба ин вабои аср аз тамоми расонаҳои хабари ошно гардидем ва чуноне, ки маълум аст, ҳамаруза шумораи ҳалокшавандагон ва сироятёфтагон дар ҳоли афзоишанд. Мо бевосита оиди ин масъала фаъолият намуда истодаем ва дар ин мақола наметавон ба пурраги паҳлуҳои мухталифи онро матраҳ намуд. Дар мақолаҳои пешин доир ба масъалаи мазкур равшани дода будем ва дар оянда бозҳам хубтару дақиқтар равшанӣ хоҳем дод.

Ассистенти кафедраи фанҳони ҷомеашиносӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С Осимӣ. Расулов Ҷаҳонзеб

[1] Руководство по прогнозированию и предотвращению актов биотерроризма. ICPO — Interpol. 2007. C. 7.

[2] Онищенко Г.Г. Противодействие биологическому терроризму. М.: Петит –А, 2003.  С. 13-14.

[3] Симонова А.Е. Международно-правовые аспекты борьбы с биотерроризмом. Диссертация канд. юридич. наук. М. 2007. С.59-60.

[4] Рубинштейн Э. Биотеррирзм: значение антимикробных препаратов.  Электронный ресурс. Дата обращения 18.10.2018 г. http://www.antibiotic.ru/cmac/200134/290text.htm.

Leave a Comment