Модар, модаро, давлату дунёи манӣ,

Бо дасти дуо раҳбари фардои манӣ.

Дороӣ агар баҳри касон симу зар аст,

Дар рӯйи замин нуқраву тиллои манӣ.

 

Модар, модаро, зеби ҷаҳонам бошӣ,

Ороиши ин умри равонам бошӣ.

Шукрона кунам дар ин ҷаҳони гузарон,

Бо дасти дуо дар сари хонам бошӣ.

 

Дар шаҳри мусофирӣ чу ёдат гирад,

Эй модари ҷон, маро хуморат гирад.

Пазмони ду дасти пурсахоят гаштам,

Эй кош, дигарбора канорат гирад.

 

Раҳи дуру раҳи дуру раҳи дур,

Дилам модар ба ёдат гашт ноҷур.

Зи Хуршед ар бигирад нур олам,

Ду чашми ман зи дидорат гирад нур.

 

Лоласон бодо ҳамеша рӯйи тобони Шумо!

Раҳ наёбад  ҳеҷ гоҳе ғам ба даргоҳи Шумо.

Модарон, бодо ҳамеша умратон мисли баҳор,

Файзи наврӯзӣ бирезад аз дару хони Шумо!

Ҳикматов Ҷумъабой – мудири кафедраи забонҳо

Leave a Comment