Модар! Чи номест, ки бо шуниданаш вуҷуди ҳар яки моро таскину оромӣ мегирад ва чи маъное баландест, ки тамоми умр бузургиашро ситоиш менамоему ҳеҷ нуқта гузошта наметавонем. Дар ҳақиқат модар азизтарин вуҷуди рӯйи олам буда, зиндагии ҳар яки мо аз нафаси гарму дилнавози ӯ сар мешавад. Офаридгори олам ба Зан-Модар қудрати бузургу беҳамтое дода, ӯро ба офарандаи зиндагӣ ва чароғи хонадони ҳар яки мо шабоҳат додааст. Ҳатто Паёмбари ислом (с) низ меҳри саршор ва муҳаббати гарми Зан-Модарро бо файзу раҳмати илоҳӣ баробар донистааст. Аз ин рӯ, Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо барои фарзандон, олиҳаи зебоӣ, нишони ишқи ҷовидонӣ,

Модар! Чи номест, ки бо шуниданаш вуҷуди ҳар яки моро таскину оромӣ мегирад ва чи маъное баландест, ки тамоми умр бузургиашро ситоиш менамоему ҳеҷ нуқта гузошта наметавонем. Дар ҳақиқат модар азизтарин вуҷуди рӯйи олам буда, зиндагии ҳар яки мо аз нафаси гарму дилнавози ӯ сар мешавад. Офаридгори олам ба Зан-Модар қудрати бузургу беҳамтое дода, ӯро ба офарандаи зиндагӣ ва чароғи хонадони ҳар яки мо шабоҳат додааст. Ҳатто Паёмбари ислом (с) низ меҳри саршор ва муҳаббати гарми Зан-Модарро бо файзу раҳмати илоҳӣ баробар донистааст. Аз ин рӯ, Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо барои фарзандон, олиҳаи зебоӣ, нишони ишқи ҷовидонӣ, ҳамсари боэътимоди умри мардон, муаллим ва мураббии аввалини ҳар яки мо мебошад. Чуноне бузургон фармудаанд, тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Ин ҳақиқатро мо – фарзандони модар то ба охири умрамон набояд фаромӯш созем.

Ҷашнгирии рӯзи занону модарон тавассути иқдоми як гурӯҳи инқилобчиёни аврупоӣ аз ибтидои қарни гузашта оғоз гардида, баъди пирӯзии инқилоби сотсиалистӣ дар Руссия ба иди давлатӣ табдил ёфт. Агарчанде халқи тоҷик аз қадимулайём нисбати Зан-Модар ҳурмати бепоёни хоса дошта бошад ҳам, вале дар ҷомеа ва давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзи занону модарон ҷашн гирифта намешуд. Танҳо ташкилёбии РСС Тоҷикистон ва пайвастан ба давлати Шӯравӣ 8 март дар кишвари мо низ мақоми иди Занонро гирифт.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ, қадру қимат ва манзалати Зан-Модар ҳамчун сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зиндагӣ, рамзи ишқу муҳаббат, мураббӣ ва муаллими фарзандон боз ҳам баландтар бардошта шуд. Дар натиҷаи ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошт ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои занону модарон рӯзи 8 март дар кишварамон Рӯзи иди умумихалқӣ – Рӯзи Модар эълон гардид.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Зан-Модар баробари тавлиду парвариши фарзандон ҳамчунин дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, зиндагӣ, корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳайси роҳбар, вазир, раис, омӯзгор, табиб, муҳандис ва ғайраҳо баробари мардон фаъолият дошта, дар афзудани иқтидори иқтисодию мудофиавии мамлакат, рушду нумуӣ кишвари азизамон саҳми босазо мегузоранд. Ҳоло мутобиқи маълумоти оморӣ аз зиёда аз 15 ҳазор нафар кадрҳои роҳбарикунандаи кишварамон зиёда аз 5 ҳазорашонро занону модарон ташкил менамоянд. Хато намешавад гӯем, ки имрӯз дар Тоҷикистон соҳаеро ёфтан душвор аст, ки дар он занону модаронамон заҳмат накашанд. Бамаврид аст қайд кунем, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёту зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ занону модарон бо масъулиятшиносии беш, адлу инсоф, виҷдон, интизом намуна мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз теъдоди зиёди занону духтарони кишварамон бо таълиму тарбияи насли ҷавон дар муассисаҳои олии таълимӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ машғул ҳастанд.

Вобаста ба ҳамин мехоҳам дар ин рӯз тамоми занону модарони Тоҷикистони азизамро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику таҳният гуфта, ба тамоми занону модарон, хоҳарону духтаронамон осмони софу беғубор, тинҷию амонӣ, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурфайзу босаодат, хонаи ободу осоиши доимиро орзу намоям. Бигзор ба онҳо бахти ҷовидона насиб бошад ва чеҳраи занону модарон, хоҳарону духтаронамон ҳамеша шукуфон, осмони болои сарашон софу беолоиш бошад.

Ҷураева Ҷ.Ҳ., муаллими калони кафераи менеҷменти истеҳсолӣ.

Leave a Comment