Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон ин иди  наврӯз аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ  аз  тарафи роҳбарияти  давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум  қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  қабул  шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-уми март, дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон ин иди  наврӯз аст. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдорӣ  аз  тарафи роҳбарияти  давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010-ум  қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  қабул  шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз – ба унвони ҷашни  байналмилалӣ  эътироф  гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ  баҳри эҳёи таърихи Иди Наврӯз ва таҷлили  минбаъдаи  ин суннат, барои  миллати соҳибҷашни  тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё  намудани оину анъанаҳои бостонии Иди Наврӯз ва бузургдошти  сатҳи баланди он,  ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати  мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша  нигаҳдор  бошанд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд  ва метавонанд наслҳоро ба  покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ  ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.

Одатан мо Наврӯзро асосан ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми кишту кор ҷашн гирифта, ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқии он ки дар он аҳамияти иҷтимоӣ Наврӯз таҷассум ёфтааст, камтар ёдовар мешавем. Наврӯз мубориза аст, муборизаи қувваи некӣ ба бадӣ, рӯшани ба торикӣ, зебоӣ ба зиштӣ, сафедӣ ба сиёҳӣ, сулҳ ба ҷанг, шодӣ ба ғаму андуҳ. Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.

Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи «Авасто», алалхусус «Занд Авасто» гуфта шудааст, ки ба мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо- Хурмузд баъди 3000 сола подшоҳиаш мабдаи ҷахолат ва торикӣ — Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум cap кард. Ҳурмузд барои несту нобуд сохтани Аҳриман равшаниро эҳдо намуд ва ба муқобили қувваҳои торику зулмонии Аҳриман равона намуд. Ҳамин рӯзи пайдоиши равшании аввалин гӯё «Наврӯз» мебошад. Ғайр аз Авасто мутафаккирони форсу тоҷик низ оиди пайдоиши иди Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки дар онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд. Дар сарчашмаҳои бостонии форсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумотҳои зиёде дода шудааст. Якчандтои онҳоро манзури хонандагон  мегардонем.

Мардумони ориёитабор баъди қабули дини мубини ислом низ аз ин ҷашни бузург, ки муҳимтарин мероси фарҳангии ниёгонашон маҳсуб мешуд, даст накашиданд ва аз он ҳамеша ҳимоя ва риоя карданд. Гузашта аз ин, пажӯҳиш ва таълифи таърихи Наврӯз ба як мавзӯи муҳими таҳқиқоти мутафаккирон ва муаррихони мусулмон табдил ёфт. Аз байни мутафаккирони мусулмони форсу тоҷик ба ин масъала, аз ҷумла, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (дар «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абуалӣ Муҳаммади Балъамӣ (дар «Таърихномаи Табарӣ» — тарҷумаи такмилдодашудаи дарӣ-тоҷикии «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абулқосими Фирдавсӣ (дар «Шоҳнома»), Абӯрайҳони Берунӣ (дар  «Тафҳим» ва «Осор ул-боқия»), Низомулмулк (дар «Сиёсатнома»), Умари Хайём (дар «Наврӯзнома»)  таваҷҷуҳ зоҳир намудааанд.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Таърихномаи Табарӣ»-и Балъамӣ поягузори ҷашни Наврӯз –  яке аз шоҳони сулолаи устуравии Пешдодиён – Ҷамшед мебошад, ки дар Авасто ва  адабиёти авастоӣ бо номи Йима зикр шудааст. Масалан, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бораи пайдоиш ва ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чунин ривоят мекунад:

Чу он корҳои вай омад ба ҷой,

Ба ҷои маҳин бартар овард пой.

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чу моя бад-ӯ гавҳар андар гузошт.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,

Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ.

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.

Сари соли нав — ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Мутафаккир ва файласуф Абурайҳони Берунӣ сабаби “Наврӯз” номида шудани рӯзи аввали моҳи фарвардинро чунин шарҳ медиҳад: « Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ba ба як рӯз аз  кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум бо дидани ин воқеа дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Абӯрайҳон Берунӣ дар «Осор ул-боқия»  доир ба пайдоиши ҷашни Наврӯз як чанд ривоятро зикр намудааст, ки мутобиқи мазмуни онҳо пайдоиши Наврӯз бо омилҳои динӣ ва устуравӣ вобаста будааст. Берунӣ дар «Осор ул-боқия» менависад: «Ва чанде аз ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон ибни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангшуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!», яъне рӯзи тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: «Эй подшоҳ, маро лонаест, ки  чанд тухм дар он аст, аз онсӯтар рав, ки лонаи маро дарҳам нашиканӣ!». Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори худ қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ҷост, ки мардум дар Наврӯз бар якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд…».  Тибқи ривояти дигари дар байни эрониҳо маъмул, ки онро Берунӣ нақл кардааст, «сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро ки рӯзи тозае буд, Чамшед ид гирифт, агарчӣ пеш аз ин ҳам  Наврӯз бузургу муаззам буд».

Дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ низ сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯз шарҳ дода шудааст. Мувофиқи гуфтаи Балхӣ, Ҷамшед писари Виванҷаҳон, бародари Таҳмурас будааст. Аз рӯи ин ривоят Ҷамшед 717 сол умр дида, ба мардум ҳаргуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳре бо номи номи Истаҳр барпо намуда ва онро пойтахт қарор додааст. Пас аз ин рӯйдод мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне баргузор мегардад, ки онро «Наврӯз» меноманд.

Ба ақидаи Умари Хайёми сабаби ном гузоштани Наврӯз он будааст, ки  «мардум чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад: яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бадин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад.  Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».

Дар баробари ин, Наврӯз, ба ғайр аз он маъниҳое, ки дар ривоятҳои мухтадифи динӣ ва мазҳабӣ ба он дода шудаанд, инчунин,  ифодагари оғози айёми баҳор ва эҳёи табиат низ мебошад ва маҳз бо ҳамин маънӣ дар назми классикии форсу тоҷик ба ҳайси як мавзӯи муҳими эҷодӣ мақом ёфтааст. Бо ҳамин маънӣ Наврӯз ҳамчун як сарчашмаи илҳом аз одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда  то шоирони муосири тоҷик, ҳамаро яксара мафтун ва масту махмури худ кардааст ва беҳтарину зеботарин сатрҳои шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ ба тараннуми он бахшида шудаанд. Барои тасдиқи ин андеша аз ашъори наврӯзии  бархе нобиғаҳои шеъри классикии форсу тоҷик намунаҳо меорем.

Сардафтари шеъри классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ   айёми зебои наврӯзӣ ва лаҳзаҳои нотакрори бедоршавии табиатро чунин тасвир мекунад:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,

Бо садҳазор нағмаву ороиши аҷиб.

Шояд ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз паи машиб.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо ракиб.

Наффот барфи равшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.

Он абр бин, ки гиряд, чун марди сӯгвор,

В-он раъд бин, ки нолад, чун ошиқи касиб.

Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,

Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд бувад,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суманбодро табиб.

Борони мушкбӯй биборид нав ба нав,

В-аз барг баркашид яке хуллаи қашиб.

Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,

Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.

Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамид,

Барф аз миёни абр ҳаме баркашид қазиб.

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда хазиб.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда маҷиб.

Шоири дигари классикии тоҷик Унсурӣ, ки дар дарбори Ғазнавиён мезист, манзараи оғози баҳорро ба таври зер баён мекунад:

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бутгар шавад,

То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.

Боғ ҳамчун кулбаи баззор пурдебо шавад,

Роғ ҳамчун тублаи аттор пуранбар шавад.

Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,

Гӯшвори ҳар дарахте риштаи гавҳар шавад.

Чун ҳиҷоби лӯъбатон хуршедро бинӣ ба ноз,

Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.

Манучеҳрии Домғонӣ, ки ба андешаи муҳаққиқони адабиёти классики форсу тоҷик бузургтарин шоири мусаввир ва вассофи табиат мебошад, дар васфи Наврӯз чунин сурудааст:

Омада Наврӯз дар ин бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод.

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод.

Дар як шеъри дигари Манучеҳрии Домғонӣ ҳодисаҳое, ки дар айёми Наврӯз дар табиат ба амал меоянд, ба таври хеле зебо тасвир ёфтаанд:

Бар лашкари зимистон Наврӯзи номдор,

Кардаст раъйи тохтану қасди корзор.

В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.

Ин боғу роғ мулкати Наврӯзмоҳ бувад,

Ин кӯҳу қуҳпоя ва ин ҷӯю ҷӯйбор.

Ҷӯяш пур аз санавбару кӯҳаш пур аз суман,

Роғаш пур аз бунафшаву боғаш пур аз баҳор.

Боз як намунаи дигар аз ашъори Манучеҳрии Домғонӣ, ки ба васфи Наврӯз бахшида шудааст:

Абри озармоҳ баромад аз канори кӯҳсор,

Боди фарвардин биҷунбид аз миёни марғзор.

Ин яке гул бурд  сӯйи кӯҳсор аз марғзор,

В-он гулоб овард сӯйи марғзор аз кӯхсор.

Абри дебодӯз дебо дӯзад андар бӯстон,

Боди анбарсӯз анбар сӯзад андар лолазор.

Нофаи мушк аст, ҳар ч-он бингарӣ дар бӯстон,

Донаи дур(р) аст, ҳар ч-он бингарӣ дар ҷӯйбор.

Ин яке — дурре,  ки дорад бӯйи мушки тубатӣ,

В-он дигар – мушке, ки дорад ранги дурри шоҳвор.

Чанги бозон аст гӯӣ шохаки шоҳиспарам,

Пойи бутон аст гӯӣ барг бар шохи чанор.

Шоири дигари дарбори Ғазнавиён – Абулфараҷи Рунӣ дар ашъори худ Наврӯзро чунин тасвир мекунад:

Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,

Айёми ҷавонист заминрову замонро.

Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,

Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.

Бигрифт шукуфа ба чаман дар гузари боғ,

Чун он ки ситора гузари Коҳкашонро.

Намунаи дигар аз ашъори Абулфараҷи Рунӣ дар васфи баҳор:

Ҷашни фархундаи фарвардин аст,

Рӯзи бозори гулу насрин аст.

Боғ пероста гулзори биҳишт,

Гулбун ороста ҳуррулъин аст.

Гирди бӯстон зи фурӯғи лола,

Гӯӣ оташкадаи Барзин аст.

Об чунин ёфта дар ҳавз аз бод,

Ҳамчу пуркор ҳарири Чин аст.

Муизии Нишопурӣ – амирушшуарои дарбори Салҷуқиён низ дар тасвири бадеӣ-эстетикии лаҳзаҳои нотакрори фарорасии Наврӯз ва манзараҳои зебои табиат дар мавсими баҳор хуб қаламкашӣ карда, шеърҳои дилнишине эҷод кардааст:

Шудаст боғ пур аз даштҳои дурри хушоб,

Шудаст роғ пур аз тӯдаҳои анбари ноб.

Ба боғу роғ магар боду абр додастанд,

Ба тӯда анбари нобу ба ришта дурри хушоб.

Чаман шудаст чу меҳробу андалеб ҳаме,

Забур хонад Довудвор дар меҳроб.

Миёни сабза нигар барги лолаи нӯъмон,

Миёни лолаи нӯъмон сиришкҳои саҳоб.

Сиришки абр гулобу шукуфа кофур аст,

Чу сандал аст ба ҷӯю ба фарғар андар об.

Намунаи дигар аз ашъори наврӯзии Муизии Нишопурӣ, ки аз маҳорати томи ин шоири мониқалам дар тасвири табиати зебои фасли баҳор гувоҳӣ медиҳад:

Мушку шингарф аст гӯӣ рехта бар кӯҳсор,

Нилу зангор аст гӯӣ бехта бар марғзор.

Дар замин гӯӣ бароварданд ганҷи шойгон,

Дар чаман гӯӣ пароканданд дурри шоҳвор.

Шоири дигари машҳури дарбори Салҷуқиён – Анварии Абевардӣ низ дар васфи Наврӯз ва баҳор бо истифодаи моҳиронаи санъати ташбеҳ шеърҳои дилнишине сурудааст. Масалан:

Рӯзи айшу тарабу бӯстон аст,

Рӯзи бозори гулу райҳон аст.

Тӯдаи хок абиромез аст,

Домани бод абирафшон аст.

Лола бар шохи зумуррад ба масал,

Қадаҳе аз шабаҳи марҷон аст.

Боз бар пардаи илҳон булбул,

Мутриби базмгаҳи бӯстон аст.

К-аз пайи базмгаҳи наврӯзӣ,

Боғро боди сабо меҳмон аст.

Чеҳраи боғ зи наққоши баҳор,

Ба накӯӣ чу нигористон аст.

Абр обистани дуррест гарон,

В-аз гарониш гуҳар арзон аст.

Асосгузори анъанаи хамсасароӣ дар назми классикии форсу тоҷик Ҳаким Низомии Ганҷавӣ  низ дар тасвири манзараҳои зебои айёми наврӯзӣ шеърҳои зиёде эҷод кардааст. Аз ҷумла:

Чаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.

Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,

Сабои гармрӯ анбарфишон шуд.

Ту гӯӣ оби Хизру оби Кавсар,

Зи ҳар сӯи чаман оби равон шуд.

Муаллифи шоҳасарҳои безаволи «Бӯстон» ва «Гулистон» Саъдии Шерозӣ низ аз мушоҳида ва тамошои лаҳзаҳои мафтункунандаи айёми наврӯзӣ илҳом ва таъсири эстетикӣ гирифта, таасуроти худро бо як лаҳни ширин рӯи қоғаз овардааст:

Бархез, ки меравад зимистон,

Бикшой дари сарои бӯстон.

Норинҷу бунафша бар табақ,

Манқал бигузор дар шабистон.

Бархез, ки боди субҳи Наврӯз,

Дар боғча мекунад гулафшон.

Хомӯшии булбулони муштоқ,

Дар мавсими гул надорад имкон.

Дар як ғазали дигари худ ин шоири хушкалом таассуроти равонии худро аз нафаҳоти мадҳушкунандаи боди наврӯзӣ чунин баён мекунад:

Субҳам аз машриқ баромад боди Наврӯз аз ямин,

Ақлу табъам хира гашт аз сунъи Раббу-л-оламин.

Бо ҷавонон роҳи саҳро баргирифтам бомдод,

Кӯдаке гуфто: «Ту пирӣ, бо хирадмандон нишин!».

Гуфтам: «Эй ғофил! Набинӣ, кӯҳ бо чандин виқор,

Ҳамчу тифлон доманаш пурарғувону ёсумин!».

Остини даст пӯшид аз баҳори барг шох,

Мева пинҳон карда аз хуршеду маҳ дар остин.

Бод гулҳоро парешон мекунад ҳар субҳдам,

З-он парешонӣ магар дар рӯйи об афтода чин.

Навбаҳор аз ғунча берун шуд ба як навпираҳан,

Бед пушт андохт то дигар зимистон пӯстин.

Ин насими хоки Шероз аст бо мушки хутан,

Ё нигори ман парешон карда зулфи анбарин.

Чуноне ки таҳлили муқоисавии  мазмуни намунаҳои дар боло овардашудаи ашъори наврӯзии бархе аз шоирони классикии форсу тоҷик нишон медиҳад, дар ҳамаи онҳо Наврӯз на ба ҳайси як ҷашни моҳияти динӣ ё фарҳангӣ дошта, балки ҳамчун як ҳодисаи қонунманду фараҳафзои табиӣ, ки дар натиҷаи он ҷаҳон аз хоби зимистона бедор мешавад, мавриди ситоиши шоирони хушбаён қарор гирифтааст. Дуруст аст, ки аксарияти онҳо зимни тасвири манзараҳо ва ҳодисаҳои баҳорӣ аз як силсила истилоҳоти динӣ мисли «оби Хизр», «оби Кавсар», «сунъи Раббу-л-оламин» ва ғайра, истифода бурдаанд. Аммо, корбурди ин истилоҳот ба хотири тақвияти ҳусни баён ва таъсиргузории як матлаби комилан воқеӣ  будааст, ки он ҳам  таъкиди зебогии биҳиштмонанди ҷаҳон ва хушии ҳаёт дар айёми баҳорон мебошад.

Иду маросим ва расму оинҳо ҷузъи муҳими фарҳанги ҳар кадом миллатро ташкил дода, дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳо ташаккул меёбанд. Ҷашну маросимҳое, ки ба монанди иди Наврӯз таърихи ҳазорсолаҳо доранд, шиносномаи қадимӣ будани халқу миллатҳои форсзабон ба ҳисоб рафта ба ҷаҳонбинии асотирию динӣ ва фалсафию ахлоқии онҳо иртиботи бевосита доранд. Мазмуну мундариҷаи ҷашну маросимҳо ва нақши онҳо дар фаъолияту зиндагии одамон ва ба кадом андоза аз ҷониби бегонагон эътироф гардидани онҳо  аз  чигунагии сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти онҳо ҳар кадом халқ шаҳодат медиҳанд. Зеро тарзи тафаккуру зиндагӣ ва зеҳнияти онҳо пеш аз ҳама дар расму оин ва ҷашну маросимҳо, ки фарҳанги зиндаю воқеии онҳоянд, таҷассум меёбанд. Ҳамзамон, дар пайдоишу ташаккули ҷашну маросимҳо шароитҳои табиӣ-ҷуғрофӣ, таърихӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, навъҳои шуғл ва касбу кори халқҳо таъсири муассир дошта, ҷашну маросим ва оинҳо низ баръакс ба ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти халқҳо таъсир мерасонанд, чуноне ки чунин фарқиятро мо дар  тарзи зиндагию тафаккури мардумони муқимнишину деҳқон ва ҳунарманд ва мардумони саҳронишину бадавӣ мебинем. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинию тафаккур зеҳният ва ҷашну маросимҳои ҳар кадом халқ ҳамеша бо ҳам робита ва таъсири муттақобила доранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷашну маросим ва расму оинҳо оинаи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва тарзи зиндагии халқҳоянд, ки тавассути онҳо гузаштаю имрӯза ва кӣ будану аз куҷо омадани онҳо шинохта мешаванд.

Ба ҳамин маънӣ ҷашни Наврӯз ва маросимҳои марбут ба онро метавон оинаи рӯшани таҷассумгари тарзи тафаккуру зиндагӣ ва афкори фалсафию ахлоқии мардумони тоҷику форс номид. Зеро ин ҷашн ба мо доир ба ҷаҳоншиносии мардумони тоҷику форс маълумот дода, нақши фарҳангофарии моро дар тамаддуни умумибашарӣ собит месозад. Азбаски чӣ дину чӣ фалсафаи мардумони эрон аз оғоз дар пояи ахлоқ устувор гардида хусусияти инсонмарказиятро касб карда буд, ҳамин ҷаҳонбинӣ дар маросимҳои ориёӣ, махсусан ҷашни Наврӯз, дар шакли афкори инсонгароӣ, ки аслу маслакашро ахлоқи ҳамида ташкил медиҳад, ифода ёфт. Аз ин рӯ, дар силсилаи маросимҳои ориёӣ Ҷашни Наврӯз мақому нуфузи хос дорад.

Пешрафту тараққиёти ҷомеаро бе рушди тарзи ҳаёти муқимию шаҳрнишинӣ, кишоварзию бозаргонӣ ва ғайра наметавон тасаввур кард. Зеро маҳз чунин тарзи ҳаёт ба раванди истеҳсолоту илму ҳунар роҳкушода ҳаёти осоиштаю саодатмандро барои инсон имконпазир мегардонад. Ҳамаи ин андешаҳои табиатдӯстӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии зардуштия дар зиндагии амалии мардумони тоҷику форс аз тариқи Ҷашни Наврӯз ва силсилаи маросимҳои он, ки ҳам ҷанбаҳои моддию ҳам маънавӣ доранд, ифода гардида тарғибу ташвиқ меёбанд. Наврӯз тимсоли ғалабаи нерӯи некӣ бар бадӣ, ростӣ бар дурӯғ, меҳру муҳаббат ба кинаву хусумат, равшанӣ бар торикӣ хираду маърифат бар ҷаҳолат ва ғайра мебошад. Дар рӯзи Наврӯз гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд, кинаву хусуматро нисбати ҳамдигар аз қалб меронанд, муҳаббату дӯстиро бар душманию хусумат бартарӣ қоил мешаванд, ба нотавонону мӯҳтоҷон ва бекасон кӯмаку дастгириро арзонӣ медонанд. Аз ин дидгоҳ Ҷашни Наврӯз саршор аз идеяҳои инсондӯстию инсонмеҳварӣ мебошад, ки дар ҳамаи давру замонҳо маҳаки рисолати таърихию кайҳонии инсонро ташкил медиҳад ва Ҷашни Наврӯзро бештар ҷавону арзишмантар мегардонад. Шаклҳои гуногуни мафкураҳои динию фалсафӣ ва идеологияи расмии давлатҳо борҳо тағир ёфтанд, ҷашну маросимҳои мухталифи оҳанги идеологӣ дошта омаданду рафтанд, вале Наврӯз ба сабаби анъанаи сирф мардумӣ, ҳомили арзишҳои умумибашарӣ будан ва озод шудан аз ҳама гуна ғаразҳои идеологию мафкуравӣ зиндаву ҷовид монд ва мақоми байналмилалӣ касб кард. Наврӯз таҷассумгари чеҳраи миллии мардуми тоҷику форс буда, имрӯз ҳеҷ кадом ҷашну маросим ва расму оини дигар ба ин андоза моро ҳамчун мардуми фарҳангсоз ба ҷаҳониён муаррифӣ намекунад ва собитсозандаи аз хеле қадим тамаддунофар будани ин мардумон мебошад.

Самадов Ҳ.Ҳ

Ҳусейнов Ш

Leave a Comment