Сирояти коронавирус дар ҷаҳон метавонад ҳама соҳаҳо ва модели рафтори ширкатҳо ва ҷойивазкунии коргаронро ба реҷаи кории дуркардашуда, яъне кор дар хона тағйир диҳад.

Ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ шумораи одамоне, ки аз коронавируси COVID-19 метарсанд, назар ба шумораи одамони беморбуда бештар таъсир мерасонанд. Тарс рафтори одамонро тағйир медиҳад. Ва он рафтори онҳоеро тағйир медиҳад, ки онҳо қарор қабул мекунанд. Тарс аз вирус пешниҳод ва талабот ба иқтисодиёти ҷаҳониро иваз мекунад.

Сирояти коронавирус дар ҷаҳон метавонад ҳама соҳаҳо ва модели рафтори ширкатҳо ва ҷойивазкунии коргаронро ба реҷаи кории дуркардашуда, яъне кор дар хона тағйир диҳад.

Ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ шумораи одамоне, ки аз коронавируси COVID-19 метарсанд, назар ба шумораи одамони беморбуда бештар таъсир мерасонанд. Тарс рафтори одамонро тағйир медиҳад. Ва он рафтори онҳоеро тағйир медиҳад, ки онҳо қарор қабул мекунанд. Тарс аз вирус пешниҳод ва талабот ба иқтисодиёти ҷаҳониро иваз мекунад.

Манбаи калони таъсиррасон дар имрӯзҳо Хитой меистад – бозори ҷаҳонии калон барои бисёри масолеҳи ашёи хом ва маҳсулоти хӯрока. Ҳамзамон ин кишварро қисман заводи ҷаҳонӣ меноманд. Боз истодани истеҳсолот дар Хитой метавонад сабабгори суст шудани истеҳсолоти умумиҷаҳонӣ гардад. Имрӯз ҳиссаи Хитой дар саноати коркард қариб 25%-ро ташкил медиҳад. Соли 2003 ҳангоме ки пневмания паҳн гардида буд, ин нишондиҳанда дар ҶХХ ҳамагӣ 11% буд. Имрӯз Хитой ин бандест дар занҷираҳои ҷаҳонии таҳвил. Бинобар бозистии истеҳсолот дар ҶХХ фаъолнокии иқтисодиро дар ҷаҳон суст мекунад, инчунин ба истеҳсолоти дигар ташкилоти дар занҷираи таҳвил қарордошта таъсир мерасонад. Албатта тиҷорат оид ба ҳаҷми захираҳо дар ташвиш аст. Технологияҳо метавонанд қисми мушкилиҳоро кам намоянд. Касе метавонад дар хона кор кунад, масалан иқтисодчиён, яъне қисме аз иқтисодиёти ҷаҳониро метавонанд ҳатто дар карантин кор кунанд. Ин наметавонад таъсири манфиро ба куллӣ рафъ кунад, аммо ин роҳи кам кардани он шуда метавонад.

Тарс талабот ба хизматрасониҳои муайянро паст намуд. Дар Хитой одамон ба маркази савдо, синамо ва монанди инҳо рафтанро бас карданд. Талабот ба саёҳат дар тамоми ҷаҳон ба поён фаромад. Дар ҳамон замон дар баъзе минтақаҳо равиши онлайн-савдо сурат гирифта истодааст. Талабот ба шабакаи бозиҳои компютерӣ дар ҶХХ ба 40% баромад ба ҳисоби солона. Одамони тамоми вақт бо оилаашон дар хона қарордошта бояд бо чизе овора бошанд. Онлайн-иқтисодиёт хуб ҷалб менамояд. Рушди онлайн-харид таъсири ваборо ба талабот паст менамояд. Самара дар умум боз ҳам манфӣ, вале вай заифтар аз пештара бо ташаббуси Amazon, Netflix ва онлайн-играм. Таъсир ба талаботи ин ё он ширкат аз он вобастагӣ дорад, ки вай чиро мефурӯшад. Молҳои брендӣ азоб мекашанд. Ин гуна молҳоро алоҳида шахсан харидорӣ мекунанд, на тариқи интернет.

Хавфи зарбаҳои нав чун пештара мавҷуданд, асосан дар алоқа бо баргардидани одамон ба кор. Бо вуҷуди ин оғози барқароргардии иқтисодиёти Хитой хабари хуш ба ҳисоб меравад, бигзор ҳатто ин раванди суст бо муқоиса бо он ки дар назар буд.

Инчунин барои таварруми ҷаҳонӣ муҳим аст. Натиҷаи умумии вабо эҳтимол пастшавии таварруми ҷаҳонӣ гардад. Ин ба он вобаста аст, ки талаботи пастгардида нисбат ба ашёи хом ба пастшавии нархи он оварда мерасонад. Талаботи кам ба хизматрасонӣ аз рӯйи аёният ба пастшавии нархи онҳо дар намуди миёнамуҳлат мегардад.

Мушкилиҳо дар занҷираҳои таҳвил дар назария метавон нархро барои молҳои тайёр баланд намояд. Бо вуҷуди ин тиҷорат одатан барои баланд намудани нархи молҳо саросема намешавад, мушкилиҳо дар таҳвилҳо агар хислати муваққатиро дошта бошанд. Агар ширкат тахмин намояд, ки вирус мушкилиҳоро дар як ва ё ду моҳ ба миён меорад, вай харидоронро хашмгин намесозад, бо роҳи баланд бардоштани нарх дар ин муддати кӯтоҳ. Меарзад диққат дод, ки дар раванди ҷанги савдоӣ байни ИМА ва ҶХХ ширкатҳои амрикоӣ асосан нархи фурӯшро баланд накарданд, то ки боҷи савдоро пардохт кунанд.

Коронавирус метавонад тағйироти дарозмуҳлат ба иқтисодиёт дароварад. Умеде ҳаст, ки вирус заифшавиро баъди якчанд ҳафта оғоз мекунад. Ва вақте вабо суст шуданро оғоз мекунад, баробари он тарси вирус ҳам ба камшавӣ рӯ меорад. Аммо се натиҷаи дарозмуҳлати маъмул мавҷуд аст.

Якум, дар занҷираҳои ҷаҳонии таҳвил ҷойи заифи он ёфта шуд. Рушди технология аллакай истеҳсолотро ба маҳдудият ташвиқ намуд. Корхонае дар Ню-Йорк, ки дар он роботҳо кор мекунанд, корхонаи дар Шанхай, ки дар он одамон кор мекунанд, иваз менамоянд.

Натиҷаи дуюм, шахсоне, ки бо тарзи дуркардашуда кор кардаанд, мумкин аст ин ба онҳо маъқул шавад. Ва дар ширкат муайн мегардад, ки коргарон дар хона хуб аз уҳдаи кор мебароянд. Тағйирёбии одати коргарон талабот ба амволи ғайриманқули ширкат, нақлиёт ва технологияро тағйир медиҳад.

Таъсири дарозмуҳлати сеюм-рушди онлайн-харид. Он бе ҳамин ҳам дар бештари кишварҳои дунё мавқеи худро дошт. Лекин одамоне, ки ба онлайн-харид дар давраи сироят одат мекунанд, ба усули пештараи харид баъди анҷомёбии он метавонанд баргаштан нахоҳанд.

Ҳамрозода Ҷонона – донишҷӯйи курси 3, гурӯҳи 27010102А.

Факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ.

Leave a Comment