Коррупсия ё аниқтараш амалҳои коррупсиониро аз сабаби дар саросари ҷаҳон ҷое зиёд, ҷое кам реша давондан ва новобаста ба эҳтимомоти густурдаи институтҳои вижаи байналмилалию дохиликишварӣ аз байн нарафтан, “вабои аср” мегӯянд. Гурӯҳе аз соҳибназарон бар инанд, ки барои муваффақ шудан дар ҷодаи мубориза бо ин “вабо…” “ситораи нав кашф кардан” лозим намеояд. Балки он амалро дар назари аҳли ҷамъият зишт ҷилва додан аз муассиртарин тадобир аст.

Коррупсия ё аниқтараш амалҳои коррупсиониро аз сабаби дар саросари ҷаҳон ҷое зиёд, ҷое кам реша давондан ва новобаста ба эҳтимомоти густурдаи институтҳои вижаи байналмилалию дохиликишварӣ аз байн нарафтан, “вабои аср” мегӯянд. Гурӯҳе аз соҳибназарон бар инанд, ки барои муваффақ шудан дар ҷодаи мубориза бо ин “вабо…” “ситораи нав кашф кардан” лозим намеояд. Балки он амалро дар назари аҳли ҷамъият зишт ҷилва додан аз муассиртарин тадобир аст.

Ҳамсуҳбати мо Саидҷалол Сатторов, собиқадори матбуот ва мақомоти идораи давлатӣ, сокини ноҳияи Ховалинг, фарде, ки ҳама умр нони ҳалолро бартар донистааст, ҷонибдори аршади ҳамин мавқеъ аст.

– Коррупсия ё худ ришваситонӣ аз одатҳои бадест, ки ба пешрафту тараққиёти кишвар монеа эҷод намуда, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш медиҳад. Дар кадом соҳае ришваситонӣ ҷой дошта бошад, дар он ҷо кормандонаш дар бораи пешрафт ва сифати кор фикр намекунанд. Дар бораи он фикр мекунанд,  ки имрӯз чӣ гуна ва ба кадом роҳ пули бе дарди миён ба даст биоранд…

Амалҳои коррупсиониро бо роҳи зӯрӣ аз байн бурдан мумкин нест. Роҳи аз байн бурдани он танҳо тарбияи зиддикоррупсионӣ мебошад. Агар дурусттар назар намоем, ба коррупсия мо худамон аз оила, аз хурдии фарзандонамон роҳ мекушоем.

Қариб ҳама барои иҷрои ин ё он кор ба фарзанди хурдсоли худ додани маблағ ва ҳеҷ набошад конфет ва ягон чизи дигарро ваъда мекунем. Вақте кӯдак дар ивази ин ё он кор ба гирифтани (ин амал дар назари падару модар туҳфа ҳисоб меёбад. Ҳол он ки он ришва ва ба ибораи дигар коррупсия аст) ришва одат кард, дигар бе пул ягон корро иҷро намекунад ва то охири умр  ба ин хислати бад одат мекунад ва нафси саркаш оқибат ӯро ба содир намудани ҷиноят мебарад.

Мисоли дигар. Барои иҷрои коре ба назди ин ё он роҳбари ташкилоту муассиса ва хоҷагӣ меравем. Баъди салому алейк ва баёни мақсади ташриф чунин муроҷиат мекунем: “Ака, ҳамин кори маро иҷро кунед, хизматашро мекунам”.

Дар ботини он роҳбар баъди чунин ваъда хоҳ-нохоҳ хоҳиши гирифтани пули ҳаром пайдо мегардад ва мо бо ин хизмати хирсона он роҳбарро порахӯр мекунем ва ба коррупсия роҳ мекушоем. Як бор фикр намекунем, ки он роҳбар барои иҷрои вазифа маош мегирад ва вазифадор аст, ки дар асоси муроҷиат корро иҷро намояд.

Баъди хатми мактаби миёна дар сохтмони пул кор мекардам. Аксари коргарон рус буданд, аз ҷумла хазинадор ҳам. Ҳар гоҳе хазинадор — зани рус  маоши коргаронро меовард, ба ӯ бе он ки талаб намояд, ҳар як коргари тоҷик аз 5 то 10 сӯм медод. Аввал намегирифт. Вақте дид, ки барои гирифтани маблағ ҳатто ӯро маҷбур ҳам мекунанд,  маблағи бе дарди миёнро қабул кардан гирифт.

Пулро ихтиёран бароварда медиҳем, вале фикр намекунем, ки барои ин маблағ мо меҳнат сарф мекунем ва дар хона зану фарзандамон ба он эҳтиёҷ доранд. Агар ҳамин маблағро зану кӯдаконамон барои хариди ашёи хониш талаб намоянд, барои пул надоштан сад баҳона пеш меоварем.

Хуллас, мубориза ба коррупсия фаъолияти дастаҷамъона ва ҳамоҳангии ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардум ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар як фарди кишварро хоҳем, бояд пеш аз ҳама, мафкураи худро тағйир диҳем ва чун инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарвар бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Бознашр аз сомонаи https://jumhuriyat.tj

Leave a Comment