Имрӯз бо иштироки Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., муовинони ректор – Саъдуллозода Ш.С., Ашурзода А.Н.. Абдулло М.А., Шарифов Ш.Қ., сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо, декани факултетҳои донишгоҳ ва кормандони донишгоҳ ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор шуд. Дар ҷаласа масъалаи тарғиби ҳушёрии сиёсӣ, ватанпарастию худогоҳии миллӣ, маҳкуми ҷаҳолату террористӣ ва экстремизми динӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рктори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. инчунин таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба авзои имрӯзаи ҷаҳон, сироятёбии аҳолии курраи замин ба бемории Covid-19, омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Инчунин махсусан қайд гардид, ки рӯз ба рӯз муташанниҷ шудани авзои сиёсии ҷаҳон, ҷудоиандозиву даҳшатафкании террористон, манфиатҷӯиву хиёнат ва зӯроварӣ мардуми минтақа ва махсусан Тоҷикистонро низ бетараф гузошта наметавонад. Пешгирӣ ва андешидани чораҳо нисбат ба паҳншавии Covid-19 мушкилоти дигари ҷаҳонӣ аст, ки тамоми мардуми олам аз он дар ҳарос аст.

Маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи мо – зиёиён тақозо менамояд, ки мо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ бояд ба ояндаи кишвари хеш назари нек дошта бошем ва ба ҳар гуна фикру ақидаҳои ғаразноки вайронкунандаи ҷомеаву миллат дода нашавем.

Дар ин робита филми мустанади “Хиёнат”-ро, ки аз ҷониби шабакаи давлатии “Тоҷикистон” омода шудааст, барои тамошо ва ибрози ақида тамошо кардан пешниҳод карда шуд.

Пас аз тамошои филми мазкур иштирокдорон бо фикру андешаҳои худ баромад намуданд ва амалҳои ноҷавонмардонаи М. Кабирӣ ва ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ)-ро сохтаи дасти хоҷагони берунии аъзоёни ин ҳизб ҳисобиданд. Зеро ягон фарзанди бонангу боор ҳеҷ вақт ба давлату миллати худ, ба падару модар ва пайвандонаш хиёнат намекунад.

Пас аз муҳокимаи масъалаи мазкур ҷаласаи Раёсати донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул кард.

Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment