Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалияти рушди кишвар таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур бо назардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, тартиб дода шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2030 кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалияти рушди кишвар таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур бо назардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, тартиб дода шудааст.

Тоҷикистон дар соли 2030 кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир аст, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.

Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бадоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ ҳадафҳои зерини стратегии рушд муайян шудаанд:

1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ;

2) раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;

3) таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

4) саноатикунонии босуръати кишвар.

Нақлиёти Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аст, бинобар ин ҷумҳурӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қабул намуд.

Маҷмааи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад. Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартариҳои муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад.

Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмилалии кишвар мансуб меёбад.

Стратегияи мазкур ду самти асосии фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

  • якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.

Барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи стратегӣ чунин тадбирҳои асосӣ пешбинӣ мешаванд:

1). Дар бахши нақлиёт:

-сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ;

-бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ;

-инкишофи таъминоти нақлиётии минтақаҳои саноатии рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории аҳамияти давлатӣ дошта;

-рушди соҳаи нақлиёт, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахшҳои иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст;

-таъмини самаранокии кори нақлиёт ва инфрасохтори он, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии манотиқи кишвар мусоидат мекунанд;

-нигаҳдорӣ ва инкишофи шабакаи фурӯдгоҳҳои маҳаллӣ, авиатсияи хурду миёна ҷиҳати таъмини дастрасии аҳолии ҳамаи минтақаҳо бо нақлиёти ҳавоӣ;

-таъмини дастрасии нақлиёти ҷамъиятӣ барои шахсони маъюб;

-паст кардани таъсири манфии комплекси нақлиётӣ ба муҳити атроф ва саломатии инсон.

2). Дар бахши телекоммуникатсия:

-ташаккули сиёсати дастрасии арзон ва боэътимод ба шабакаи интернет ва хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ, ки метавонад дар раванди хизматрасонии ҷамъиятӣ ва идоракунии самарабахш нақши муҳимро бозад;

-тавсеаи фарогирӣ бо хизматрасониҳои алоқа;

-тақвият додани рақобатпазирии бозори ватании телекоммуникатсия ва густариши ояндаи он дар сатҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути азхудкунии иқтидори транзитӣ ва телекоммуникатсионии кишвар;

-фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди хатҳои нурию нахии алоқаи (ХННА) байниминтақавӣ ва фаромарзӣ;

-таъмини истифодаи инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ ва шабакаҳои барқӣ ҷиҳати тақвият бахшидани инфрасохтори фаромарзии телекоммуникатсионӣ;

-фароҳам овардани шароитҳои мусоид ҷиҳати рушди шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии паркҳои технологӣ.

Дар ин соҳа аз соли 1992 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2830,18 км роҳҳои автомобилгард, 5 нақби автомобилгузар ва 407 пули мошингузар бо дарозии умумии 14372,9 метр, 3,4 км галлереяҳои зиддитармавӣ дар ҳамшафатии роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ ва 218,95 км хати роҳи оҳан бо 3 адад нақби қаторагузар бо дарозии 3643 метр ва 13 адад пули қаторагузар сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдид шуданд, аз ҷумла:

-дар асоси 52 адад лоиҳаҳои гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ бо хориҷӣ тавассути Вазорати нақлиёт амалишуда, 2177,7 км роҳ, 237пул бо дарозии 7997 метр ва 5 адад нақб;

-217,5 км роҳ ва 104 адад пул бо дарозии 3081,9 метр аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони асосӣ ҷудогардида, тавассути Вазорати нақлиёт;

-27,5 км роҳҳои автомобилгард ва 47 адад пул бо дарозии 2859 метр аз ҳисоби кумаки ташкилоти хориҷӣ;

-9,91 км роҳҳои автомобилгард ва 19 адад пул бо дарозии 435 метр аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафту омад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мусоидат мекунад.

 

Ҳамрозода Ҷонона – донишҷӯйи курси 4, гурӯҳи 27010102А. Факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ.

Leave a Comment