Имрӯз вохӯрии судманди дигар бо Хидирзода Махфират Умар – намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро дар ибтидо Одиназода Ҳ.О. – Ректори донишгоҳ ҳусни оғоз бахшида, нақши шаҳрвандонро дар баргузории маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки овози ҳар як нафар дар ин маъракаи муайянкунандаи иродаи аҳолӣ ҳалкунанда аст, саодатмандӣ ва муайян кардани роҳи ояндаи рушди устувор дар ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа буда, ҳуқуқи шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазир мебошад.

Хидирзода М.У. баромад карда, ҷавононро ба муттаҳидӣ, якдилию якмаромии миллии тоҷикона даъват намуд. Ӯ иброз дошт, ки нақши Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар пешбурд ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари хирадпешаи мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои дар ин даргоҳи олӣ омодашаванда назаррас аст. Инчунин қайд намуд, ки иштирок дар интихобот ҳуқуқ аст, на масъулият. Ҳар як шахс аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, ояндаи худро бояд равшан кунад. Баҳри ояндаи дурахшони худ бефарқ будан нашояд.

Дар маърӯзаи худ Хидирзода М.У. дар бораи нозукиҳои рияои қонунгузорӣ дар бораи интихобот ва фарқияти он аз интихобоҳои пешина, тағйироту иловаҳо ба ин самти фаъолияти сиёсӣ қайд карда гузашт.

Дар охир аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба намояндагони дар вохӯрӣ ширкатдошта саволҳои бешумор дода шуда, нисбат ба ҳар яки он ҷавобҳои қаноатбахш гирифта шуд.

Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment