Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, ҳудуди Тоҷикистони  соҳибистиқлол тибқи маълумоти бостоншиносӣ ба ҳавзаи қадимтарини пайдоиши инсон ва ташаккули ҷамоаи инсонӣ шомил мебошад. Ҳафриётҳои бостоншиносии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, ки теъдодашон на кам аз се ҳазор ададро ташкил медиҳад ва қадимтарини он осори давраи  палеолити поёни Кӯлдараи Ховалинг аст, аз ин шаҳодат медиҳанд.  Омӯзиши мунтазам ва пайвастаи археологии Осиёи Миёна ва ҳамзамон ҳудуди Тоҷикистон, ки ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри бист оғоз ёфта буд, дар баробари Кӯлдара осори зиёди тамаддуни қадимтарин ва қадими ҷомеаи инсониро дар ин минтақа ошкор сохт ва имрӯз Осиёи Миёна яке аз ҳавзаҳои омӯхташудатарини илми бостоншиносӣ маҳсуб меёбад.

Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, ҳудуди Тоҷикистони  соҳибистиқлол тибқи маълумоти бостоншиносӣ ба ҳавзаи қадимтарини пайдоиши инсон ва ташаккули ҷамоаи инсонӣ шомил мебошад. Ҳафриётҳои бостоншиносии ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, ки теъдодашон на кам аз се ҳазор ададро ташкил медиҳад ва қадимтарини он осори давраи  палеолити поёни Кӯлдараи Ховалинг аст, аз ин шаҳодат медиҳанд.  Омӯзиши мунтазам ва пайвастаи археологии Осиёи Миёна ва ҳамзамон ҳудуди Тоҷикистон, ки ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри бист оғоз ёфта буд, дар баробари Кӯлдара осори зиёди тамаддуни қадимтарин ва қадими ҷомеаи инсониро дар ин минтақа ошкор сохт ва имрӯз Осиёи Миёна яке аз ҳавзаҳои омӯхташудатарини илми бостоншиносӣ маҳсуб меёбад.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ пеш аз ҳама шаҳодат аз он медиҳанд, ки Осиёи Миёна ҳамаи марҳалаҳои технологии рушди ҷамоаи қадимтарин — асри санг, мису биринҷӣ ва оҳанро тай намудааст. Яке аз марҳалаҳои муҳимтарини рушди ҷамоаи ибтидоиро мутахассисон асри биринҷӣ номгузорӣ намудаанд. Зеро маҳз дар ҳамин давра чи дар рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва чи дар сохти иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ тағйироти куллӣ ба вуқӯъ меояд. Ба тасвири академик Б. Ғафуров маҳз дар ҳамин давра истихроҷ ва гудозиши маъдан, сохтани олоти фулузӣ, обёрии сунъӣ,  гузариши пурра ба хоҷагии истеҳсолкунанда, бунёди масканҳои бузурги истиқоматӣ ба мисли нахустшаҳрҳо ба вуқӯъ меоянд. (ниг.:  Тоҷикон, 1998, саҳ. 26).

Ибтидои асри биринҷиро энеолит — асри сангу мис меноманд ва ин давра тақрибан ҳудуди ҳазораҳои IV- III пеш аз мелодро фаро гирифта, дар баъзе  минтақаҳо то ҳазораи  II пеш аз мелод идома ёфтааст. Асри биринҷӣ бошад, тибқи маводҳои бостоншиносӣ аз охири ҳазораи III пеш аз милод ибтидо гирифта, то асрҳои IX-VIII пеш аз милод давом ёфтааст. Осори давраи энеолит ва асри биринҷӣ бо теъдоди зиёд аз бисёр манотиқи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама аз ҳудуди ҷумҳуриҳои имрӯзаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дарёфт шудаанд. Ба ақидаи академик Н. Неъматов дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ ташаккулёбии ду шакли комили хоҷагию фарҳангии Осиёи Марказӣ – шакли хоҷагидории муқимӣ-кишоварзӣ ва чорводорӣ- саҳроӣ (кӯчӣ) анҷом мепазирад ва дар ҳамин давра раванди ниҳоят муҳими таърихӣ- ташаккули истеҳсолоти махсусгардида ба шохаҳои гуногун, ба вижа кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ (кулолгарӣ, маъдангудозӣ ва ғ.) ибтидо мегирад (ниг.: Таджикский феномен: теория и история, 1997, саҳ.,32-33). Ҳамзамон пас аз инқилоби неолитӣ ва таҳаввулоти ҷиддии дар аҳди энеолит ва асри биринҷӣ ба вуқуъ омада, муносибати ҷамоаи инсонӣ ба муҳити атроф, табиат, пеш аз ҳама  мавриди истифода қарор додани муҳити экологии барои зиндагии муқимӣ мувофиқ ба куллӣ тағйир ёфт. Таҳаввулоти мазкур ибтидои ташаккули минтақаҳои таърихӣ-фарҳангӣ, марказҳои калони аҳолинишин (нахустшаҳрҳо) ва равандҳои созандаи этнос гардид.

Омӯзиши осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна ҳанӯз  солҳои 80-уми асри XIX ибтидо гирифта  бошад ҳам, пажӯҳиши  пайвастаи он солҳои 50-уми асри XX  аз тарафи бостоншиносони шӯравӣ ба роҳ монда шуд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза низ омӯзиши мунтазами илмии ёдгориҳои асри биринҷӣ новобаста аз бозёфтҳои тасодуфӣ миёнаҳои солҳои 50-уми асри XX шурӯъ гардид. Аввалин таҳқиқоти ҷиддӣ таҳти роҳбарии бостоншиноси шинохта Б.А. Литвинский солҳои 1955-1956  дар ҳудуди Қайроққум ва солҳои 1955-1959 бо сарварии А. М. Манделштам дар водии Бешкент гузаронида шуданд. Баъдан осори асри биринҷӣ аз ҳудуди Истаравшан, миёноб ва поёноби дарёи Вахш ва дигар маҳалҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Помир дарёфт шуданд. Соли 1977 бошад калонтарин ва қадимтарин осори аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бо сарварии Абдуллоҷон Исҳоқов аз Саразми Панҷакат дарёфт гардид. Саразм дар водии Зарафшон 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакат ҷойгир буда, аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ шимолтарин бошишгоҳи шакли мадании муқимии кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Тамаддуни Саразм наздики 1500 сол идома ёфта, марҳалаи рушд ва нумӯи он ба давраи охири энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ ҳазораи IV -III пеш аз милод рост меояд.

Солҳои охири мавҷудияти ҷамоаи шӯравӣ ва, махсусан, дар давраи истиқлолият осори дигари асри биринҷӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба мисли Кангурттут, Баракикурук, Тегузак, Даҳана, инчунин ёдгориҳои миёноб ва поёноби Вахш, водии Ҳисор ва ахиран Фархор кашф шуданд, ки имрӯз мавриди пажӯҳиши мутахассисони дохилию хориҷӣ қарор доранд. Умуман, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассумгари таърихи ниҳоят тӯлонию ғанӣ ва тамаддунофарии тоҷикон мебошанд, ниҳоят зиёданд. Баробари табиати зебову иқлими муътадил, таърихи ғанӣ ва ёдгориҳои нодири бостонӣ, анъанаву суннатҳои фаровони мардумӣ Тоҷикистонро ба сифати як кишвари  сайёҳии ҷаҳони имрӯза муаррифӣ менамояд.

Дар вохӯрӣ бо намояндагони зиёиёни кишвар 19 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба омӯзиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ намуда, таъкид намуданд, ки  «таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд  ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Таҳқиқи пайваставу мунтазами мероси таърихӣ ва тарғиби суннатҳои мардумиро Пешвои миллат «вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар» эълон намуданд.

Дар суханронии хеш баробар ба дигар ёдгориҳои таърихӣ Пешвои миллат аз мақом ва арзиши шаҳри бостонии Саразм изҳори назар намуда, иброз доштанд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».

Воқеан, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Фарорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад. Ин хулосаи илмӣ дар заминаи таҳқиқоти тӯлонии олимони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ иброз гардид ва вобаста ба таърих ва пажуҳиши Саразм силсилаи асарҳову мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанию хориҷӣ бо забонҳои гуногун ба чоп расид.

Аҳамияти таърихии шаҳраки Саразми бостониро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 21 сентябри соли 2000, таҳти №391 шаҳри Саразмро ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнӯъгоҳи таърихӣ – бостоншиносӣ” эълон намуд.

Саразм бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб буда, ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё қарор гирифтааст. Боиси ифтихор аст, ки  шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун қадимтарин ёдгорӣ ва мероси таърихии тоҷикон, 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм А.Исҳоқӣ масоҳати онро аз 90 то 130 гектар ва шумораи аҳолияшро то 8000 муайян намудааст. Имрӯз 37,34 гектари он  боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

Бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашн гирифтани 5500 — солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз 2 майи соли 2019 таҳти №195 қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи чорабиниҳо ҷашнро тасдиқ кард. Дар заминаи он “Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” низ аз 6 майи соли 2019 таҳти №51 мураттаб гардид.  Вобаста ба ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ 12 сентябри соли 2020  таҷлили 5500-солагии  шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ баргузор мегардад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шуддааст.

Кашфи Саразм ва омӯзиши он бо номи бостоншиноси шинохта ва ҷӯяндаи асрори куҳан Абдуллоҷон Исоқов (1935-1997) пайваст аст. Тибқи навиштаи ин кашшофи осори аҳди бостон 13 сентябри соли 1976 бо хабари сокини деҳаи Авазалии ноҳияи Панҷакат Ашӯралӣ Тайлонов доир ба бозёфти табари биринҷӣ қадимтарин шаҳраки суғдиён — Саразм кашф гардид (ниг.: Исоқов А. Саразм,2018, саҳ.16-17).  А. Исоқов, ки то ин вақт ҳамчун бостоншиноси шинохта ном бароварда буду, муаллифи чандин кашфиёти ба ибораи худаш «оламшумул» ба мисли «алифбои суғдиён, бӯстонсаройи ҳокимони Панҷакати қадим, кӯшку дижҳои заминдорон ва баъдан ёдгориҳои деҳаҳои Зебон, Қӯштеппа, Шӯрча, Филмандар, Косатарош, Бедак, Хумгарон, Равот, Роҷ, Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакат» маҳсуб меёфт, бо дидани мавзеи Саразм ва мушаххас сохтани масоҳати он эҳсос намуд, ки ниҳоят толеъ мадад кард ва ӯ «ёдгориеро, ки сарчашмаи тамаддуни суғдиёну тоҷикон аст» пайдо намуд (Ҳамон ҷо, саҳ.16).

Ташхисҳои аввалин нишон доданд, ки масоҳати ёдгории Саразм на кам аз 100 гектар аст, вале мутаассифона аз асри VI мелодӣ сар карда дар ҳудуди он деҳаҳои нав, биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ бунёд шудаанд. Имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ деҳаҳои Раҷабалӣ, Авазалӣ, Ғурач ва Соҳибназар ҷойгиранд, ки боиси аз байн рафтани зиёда аз 40 гектари масоҳати ёдгорӣ гардидааст. Тахминан ҳудуди 35 гектари берун аз маҳали зист мондаи ёдгорӣ, ки он низ ба сифати чарогоҳ ё замини кишти лалмӣ истифода мешуд, камтар осеб дидааст. Вале шудгори замини кишт бо ҷуфти гов ва баъдан трактор боиси пурра аз байн рафтани қабати болоии  мадании ёдгорӣ гардидааст.

Таҳқиқоти нахустини бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм тирамоҳи соли 1976 бо роҳбарии А. Исоқов оғоз гардид ва алакай соли 1977 натиҷаҳои аввалини ба даст омада, ки аз таърихи хеле қадимаи ёдгорӣ шаҳодат медод, таваҷҷуҳи олимони шинохтаи шӯравӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Дар давоми чаҳор сол (1977-1980) бостоншиносони зиёди шинохтаи шӯравию хориҷӣ, аз ҷумла А. М. Беленитский, В.М. Массон, Б.А. Литвинский, Р.М. Мунчаев, А.А. Аскаров, Н.Н. Неъматов, Филипп Колл ва К.К. Ламберг-Карловский аз ИМА, Анри Пол Франкфорт ва Бертил Леоне аз Франсия ва дигарон аз ин ёдгории бостонӣ дидан намуданд. Аз ин пас Саразм ба яке марказҳои бонуфузи ҳафриётӣ ва пажуҳиши бостоншиносони шинохтаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Воқеан тибқи таҳқиқоти муҳаққиқони соҳа кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назаррастарини илми бостоншиносии тоҷик дар охири садаи гузашта буд.

Омӯзиш ва таҳқиқи Саразм ҳамчун ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷии Фарорӯд аз соли 1977 то имрӯз идома дорад, ки дар пажӯҳиши он олимону муҳаққиқони зиёди ватанию хориҷӣ нақши бориз гузоштаанд. Бостоншиносони тоҷик Абдуллоҷон Исоқов (роҳбар), Усмонҷон Эшонқулов, Нозукой Исҳоқӣ, Раҳматҷон Тоҳиров, Абдурауф Раззоқов, Шарофиддин Қурбонов, Саидмурод Бобомуллоев, Ҷамшеди Абдулло дар таҳқиқу омӯзиши ин ёдгорӣ нақши муассир гузошта, чанде аз онҳо имрӯз низ мӯшикофона корҳои ҳафриётиро дар ин мавзеъ идома медиҳанд. Аз соли 1984 ба таҳқиқи Саразм марказҳои илмӣ ва бостоншиносони хориҷӣ пайваст шуданд. Нахуст бостоншиносони фаронсавӣ Анри Пол Франкфорт ва Ролан Безенвал ва як сол пас (1985) муҳаққиқони амрикоӣ Филипп Колл ва К.К. Ламберг-Карловский ба ковишҳои ҳафриётӣ дар Саразм шуруъ намуданд. Асосан мутахассисон дар пажуҳиши ин шаҳри бостонӣ се марҳалаи асосиро ҷудо менамоянд: марҳалаи аввал асосан бо фаъолият ва таълифоти кашшофи Саразм А. Исоқов алоқаманд буда, солҳои 1977-1983-ро дар бар мегирад. Ин марҳалаи ба гардиши илмӣ баровардани нахустин маълумотҳо ва натиҷаи аввалин ҳафриётҳои Саразм ҳамчун маркази нави осори энеолит ва асри биринҷӣ дар Варорӯд мебошад. Маҳз дар ҳамин марҳала масъалаҳои асосии мубрами таърих ва фарҳангии ин ёдгории бостонӣ, фарҳанги моддӣ, ба хусус  хусусиятҳои маҷмааҳои сохтмонӣ, даврабандии рушди фарҳанги саразмиён, робитаи ин ёдгорӣ бо осори бозёфтшудаи асри биринҷии манотиқи дигар, робитаи саразмиён бо қавму қабоили ҳамзамони худ мушаххас гардиданд. А. Исоқов дар заминаи таҳқиқоти хеш қабатҳои асосии ёдгорӣ ва санаи аниқи таърихи онҳоро тибқи усули ҳисоби  радиокарбонӣ мушаххас намуда, чор давраи мадании Саразми бостониро муайян намуд. Тибқи ин мушаххасот давраи Саразм I солҳои 3500-3200, Саразм II — 3200-2900, Саразм III — 2900-2700 ва Саразм IV -2700-2000-и то милодро дар бар мегиранд.

Марҳалаи дуюми омӯзиши Саразми бостонӣ солҳои 1984- 1997-ро  фаро мегирад, ки  муҳаққиқон онро давраи омӯзиши комплексии ёдгорӣ меҳисобанд. Аз соли 1984 ба таҳкиқи ёдгорӣ  Эъзомияи муштараки шӯравию фаронсавӣ зери роҳбарии А.Исоқов ва бостоншиноси шинохтаи фаронсавӣ Р. Безенвал шуруъ намуд. Таҳқиқоти муштараки олимони шӯравию фаронсавӣ ва аз соли 1985 олимони амрикоӣ имконият фароҳам овард, ки таърихи рушди фарҳанги Саразм дар маҷмуъ ва бо  назардошти ҳама паҳлуҳои он  мавриди пажуҳиш қарор гирад.

Марҳалаи сеюми таҳқиқи Саразм аз соли 1997 ибтидо гирифта бошад ҳам, вале омӯзиши мунтаззам ва натиҷавовари ёдгорӣ ба солҳои 2000 -2019 рост меояд. Маҳз дар ҳамин давра  фаъолияти экспедитсияи муштараки бостоншиносии тоҷику фаронсавӣ аз нав хусусияти мунтазам мегирад. Бостоншиносон ва муҳаққиқони самтҳои гуногун аз хориҷи кишвар ва пажуҳишгарони ватанӣ дар омӯзишу таҳқиқи Саразм нақши муассир доранд. Соли 2019 баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи корҳои бостоншиншиносӣ донишҷӯёни макотиби олии кимшвар, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДМТ, ДОТ дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи омӯзгории Панҷакент фаъолона ширкат намуданд.

Таҷлили ҷашни 550-солагии Саразми бостонӣ воқеан барои таҳқиқ ва омӯзиши ин ёдгории нодир давраи комилан навро ибтидо гузошт. Пеш аз ҳама ковишҳои бостоншиносӣ ва омодасозии ҳафриёт ба ҷашн бо суръати дучанд вусъат пайдо намуданд. Барои идомаи ковишҳо бостоншиносони шинохта ватанию хориҷӣ ҷалб гардиданд. Дар давоми соли 2019  аз ин ёдгории бостонӣ олимони шинохта, пеш аз ҳама бостоншиносон Д. Стейнгер ва К. Юнгер (Олмон), Д.А. Воякин, А. Степанова, К.Ямаучи, Искандер А. (МИЦАИ), А.А. Тишкин, Н.Н.  Серёгин (Барнаул, Россия), П.Луре, И.Д. Ткаченко, А.Г. Акулов, Е.Н. Буклаева, М.Б. Жервэ, Д. О. Жулина, Н.В. Семёнов, П.С. Любимова, А.С. Аксешин, В.А. Паршута, Е.Степанова (аъзоёни Экспедитсияи муштараки бостоншиносии Панҷакенти Эрмитажи давлатии Федератсияи Россия), Ю.Г. Кутимов, М. Никитина, Э. Люнё (ҳайати Экспедитсияи муштараки байналмилалӣ), Лян Ян (Хитой), Р. Курбанов, Н.А. Дубова (Москва), А.И. Кривошапкин, Е.А. Колобова, С.Е. Шнайдер (Институт археологии АИ ФР), Р.Э Назарян, Р.Каюмов (Ӯзбекистон), В.В. Радилиловский (Қирғизистон) ва М. Шенкар (Исроил) дидан намуда, ба корҳои ҳафриётӣ ва бозёфтҳои Саразм аз наздик ошно  шуданд ва бархе аз онҳо дар ҳафриёт ширкат карда, хулосаву назари худро иброз доштанд. Аз ҷумла, 11-13 сентябр бостоншиносони Институти бостоншиносии Олмон Даниел Стингер ва Кристина Юнкер, 25 сентябр — 2 октябр мутахассисони Маркази таҳқиқотии илмии Франсия бо роҳбарии Ф. Бруне, 10 — 20 октябр бостоншиносони Ҷумҳурии Халқии Хитой, 11 — 25  октябр бостоншиноси Институти шарқшиносии шаҳри Москва (Россия) Виноградова Н. М. ва Ламбарда Ҷ. аз Осорхонаи шарқи шаҳри Рим (Италия) дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони тоҷик дар омӯзишу таҳқиқи Саразми бостонӣ фаъолона ширкат намуданд.

Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии Фароруди Осиёи Марказӣ, балки тамоми минтақаи Шарқи Наздик — Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон ба шумор меравад.

Ёдгориҳои қадимтарини Фароруд ғайр аз Саразм тибқи маълумоти бостоншиносӣ ба замони рушд ва охири асри биринҷӣ ё дурустараш ба ҳазорсолаи II то милод мансубанд. Ба ин, пеш аз ҳама кашфиёти бостоншиносон В.М. Массон, Г.Н. Лисисина, И.Н. Хлопин, В.И. Сарианиди, Э.И. Масимов дар Копетдоғ, А.Ю. Заднепровский, Н.Г. Горбунова дар Фарғона, маданияти Қайроққум ва Чуст, Я.Ғуломов, А. Аскаров, У. Исломов ёдгориҳои Замонбобо, Мӯъминобод, Гуҷайлӣ, Л.Т. Пянкова дар водии Зарафшон, Н.М. Виноградова дар Норак ва Данғара, А.М. Манделштам дар Бешканд, А.Аскаров дар Сурхандарё ва амсоли инҳо шомиланд. Ин ёдгориҳо таърихан аз шаҳри Саразми бостонӣ 1,5-2 ҳазор сол ҷавонтаранд. Аз ин рӯ маданияти саразмиён ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзии ҳавзаи байни Сиру Ому маҳсуб меёбад.

Рушди фарҳанги кишоварзии саразмиён ба охири ҳазорсолаи III пеш аз милод, ба даврае, ки онҳо сохтани олоти меҳнатро аз мису биринҷӣ азхуд намуданд, рост меояд. Ин ихтироот имкон дод, ки онҳо на танҳо талаботи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд, балки қисми онро ба ҳамсояҳои худ бо дигар ашёҳо иваз намоянд. Ба ин се хамбаи ғалланигоҳдории ҳафриёти III бо дарозиии 10-11 м, бараш 1,20-1, 30 м., баландиаш 2 метр, ки метавонад то 75 тонна ғалларо нигоҳ дорад, шаҳодат медиҳанд. Илова ба он кашфи 8 хамбачаи дарозшакли дар як радиф ҷой гирифта аз ҳафриёти VII аз тарафи бостоншиноси франсуз Р. Безенвал мавҷудияти ғалладонҳои ҳаҷмашон гуногунро исбот намуд. Маълум шуд, ки он вақт саразмиён дар рӯзғори хеш 8 намуди ғалладонро истифода мекардаанд ва 5-4 ҳазор сол пеш ин як комёбии бузурге дар ҳаёти инсон буд.

Ҳангоми полидани хок мутахассисони франсуз Р. Безенвал, В. Кокс ва А.П. Франкфорт маълум намуданд, ки сокинони Саразм  ғайр аз ҷав инчунин гандум, мушунг, арзану нахӯди кӯҳӣ низ кишт мекардаанд. Бо ҳисоби донишмандон саразмиён аз як гектар замини обӣ то 1200 кг ва аз заминҳои лалмӣ то 800 кг ҳосил мегирифтаанд.

Гузаштагони дури мо пеш аз он, ки мавзеи Саразмро ба сифати қароргоҳи доимии худ интихоб кунанд, шояд омили асосӣ — серобӣ ва замини фаррохи нармхокро ба назар гирифта бошанд. Ба ин мавзеъ дар ҳамон замон аз доманаи шимолии кӯҳи Зарафшон тавассути дараҳои Қирарча, Шӯрнова ва сойи Мӯрчаҳо дарёчаҳои кӯҳии сероб мефаромаданд. Мутахассисони Тоҷикистону Хитой дар ҳудуди ёдгорӣ бо истифода аз технологияи муосир тарҳи дарёча ва ҳавзҳое, ки дар қадим ин шаҳрро шодоб мекарданд, пайдо намуданд.

Ковишҳо нишон доданд, ки ғайр аз Ойимкӯл дар дохили шаҳр 5 ҳавзи обҷамъкунии майдони ҳар кадомаш аз 0,25 то 0,5 гектар бо чуқурии 5 метр мавҷуд будааст. Баробари он саразмиён аз Ойимкӯл то дарёи Зарафшон аз мобайни шаҳр канали калони 300 метра, дорои 5 метр бару 4 метр чуқурӣ кофта, онро низ дар мавриди зарурӣ барои ғункунии обу обёрии киштзорҳо истифода мекардаанд.

Саразм ватани муҳандисони аввалини сарзамини Фарорӯд буд ва то имрӯз аз зери хок зиёда аз 150 хонаҳои истиқоматӣ, 4 муъбади оташпарастӣ, як анбори ғалланигаҳдорӣ, як бӯстонсаро кашф шудааст. Дар давраи аввали асри биринҷӣ меъморону муҳандисони Саразм чор намуди аз ҳамдигар фарқкунандаи сохтмони биноҳоро истифода мекардаанд, ки ҳар яки он аз ҷиҳати сохт, тартиби ҷойгиршавӣ, санъати меъморӣ ва истифодабарӣ аз ҳамдигар фарқ доштанд.

Дар натиҷаи ҳафриёт хонаҳои истиқоматӣ, ғаллахонаю анборҳо, маъбаду парастишгоҳҳо ва қасру бӯстонсаройҳо кашф шуданд.  Хонаҳои истиқоматии оилавӣ, авлодӣ ва ҳатто қабилавӣ гурӯҳ-гурӯҳ дар тамоми майдони ёдгорӣ паҳн шудаанд.Дар ҳафриёти IV ва IX ду ибодатгоҳ дарёфт шуданд, ки аз ҷиҳати нақша ва ҳам ороишу шакли оташгоҳ аз чунин иморатҳои давраи энеолит фарқ мекунанд. Ибодатгоҳи ҳафриёти IV аз се саҷдахона бо оташгоҳҳои чоркунҷа дар мобайн ва 6 хонаи истиқоматию ёрирасон иборат буда, масоҳати умумии он 150 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Деворҳои ибодатгоҳ гиландова шуда, бо нақшҳои  шакли секунҷа, чоркунҷа ва салибии бо рангҳои сурх, ҷигарӣ, зард ва кабуд  кашидашуда, ороиш ёфтаанд.

Намуди чоруми ҳунари меъмории саразмиён ин сохтмони қаср ё бӯстонсаро аст, ки шакли мукаммали он аз ҳафриёти V дарёфт шудааст. Ин бино аз рӯи сохт ва намуди дохилию берунӣ яке аз боҳашаматтарин иморати қадимтарин ба шумор рафта, аз 7 хонаи алоҳидаи тавассути даромадгоҳи ягона пайвастшаванда иборат буда, дар ҳудуди 164 метри мураббаъ ҷой гирифтааст. Толори марказии он тарафҳои рост дошта, дар девори қисмати шимолӣ 5 тиреза ва дар мобайн оташгоҳи мудаввари буриши кундаланг дошта сохта шудааст. Ин толори асосии қаср, ба андешаи мутахассисон ҳам макони ҷамъшавӣ дар назди сарвари Саразм ва ҳам чун парастишгоҳ истифода мешудааст. Иморатҳо асосан аз похса ва хишти чоркунҷаи дароз, ки то имрӯз аз ҷиҳати андоза се намуди он дарёфт шуд, бино ёфта аз ду тараф бо коҳгил хеле хушсифат андова шуданд.

Сокинони Саразм дар ҳавлиҳои кушод зиндагӣ кардаву тавассути кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ рафтуо доштаанд. Даҳҳо ҳавлӣ, се кӯчаи аробагард ва 2 тангкӯчаи то имрӯз кашфшудаи шаҳри бостонӣ аз завқи баланди фарҳанги шаҳрсозии ниёгонамон шаҳодат медиҳанд. Санъати меъморӣ ва сохтмонии Саразм аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз дар охири ҳазорсолаи III то милод дар симои шаҳри Саразм мо ибтидои ташаккули фарҳанги шаҳрсозии гузаштагони худро мебинем. Санъати шаҳрсозӣ ва шаҳрдории саразмиёнро ниёкони бузурги мо баъдан ба таври мукаммал сайқал дода, садҳо шаҳрҳои бузурги дигарро дар минтақаи Осиёи Марказӣ бунёд намудаанд.

Ба давраи аз ҳама қадими ёдгорӣ, гӯрхонаи дорои 5 қабр тааллуқ дорад, ки он дар дохили девори ҳалқашакл ҷойгир аст. Қабри марказӣ, ки имрӯз бо номи «Маликаи Саразм» шӯҳрат дорад, хеле ҷолиб буда, дар он зани боломақом бо ҳамроҳии марде ва навҷавоне гӯр карда шудааст.

Либосҳои ин зан бо мӯҳраҳои хеле нозук аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ, яшм ва оҳаксанг сохта шуда, каллапӯшаш бо мӯҳраҳои нуқра ва 49 мӯҳраи тиллоӣ оро дода шудааст. Дар ҳарду дасташ яктоӣ бозубанди аз устохони гӯшмоҳии баҳрӣ сохта шуда ва ҳамроҳаш ашёҳои гуногун, мисли оинаи миссии дастадор, дарафши устухонӣ, 5 сӯзанаки ороишии сангӣ ва ду ҳайкалчаи гилии зан дафн шудаанд. Ин аз он шаҳодат меҳад, ки дар ибтидои пайдоиши шаҳри Саразм занҳо дар ҳаёти ҷомеа мақоми махсус ва баландро соҳиб будаанд.

Дар охири ҳазорсолаи IV то милод шаҳри Саразм ҳамчун яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли фулузот маълум будааст. Ба ин боигариҳои кӯҳҳои болооби Зарафшон, ки аз мис, нуқра, қӯрғошим, қалъагӣ ва ғайра бой буданд, имконият додааст. Дар вақти ковишҳо аз ин ҷо асбобҳои маъдангудозӣ, қолабҳо барои рехтани олоту силоҳ, аз ҷумла олоти мисӣ, биринҷӣ, қӯрғошимӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ дарёфт шуданд. Марҳалаи рушди маъдангудозӣ ба давраҳои сеюм ва чоруми зиндагии Саразм рост меояд. То ин вақт олоти маъдании корд, ханҷар, нӯги найза, камон, табар, теша, дирафш, сархора, чангакҳои бофандагӣ ва моҳидорӣ, устура, ойина, мӯҳр, марҷону шабаҳо, ки дар маҷмуъ зиёда аз  300 ададро ташкил медиҳанд, дарёфт шудаанд. Аз ҷиҳати шумора ва гуногуннамудӣ осори маъдании Саразм аз дигар ёдгориҳо ба куллӣ фарқ дорад ва дар заминаи ин бо эътирофи бостоншиносони шинохта метавон гуфт, ки минтақаи Панҷакент яке аз марказҳои асосии коркарди кӯҳ ва маъдангудозии водии Зарафшон будааст.

Оташдони дуқабатаи  сафолпазӣ ва сохти махсуси он, ки куллолони саразмӣ дар аввали ҳазорсолаи III пеш аз милод сохта ва истифода мебурданд, дар дигар маҳалҳои Осиёи Марказӣ фақат баъди ду ҳазор сол пайдо шудаанд.

Дарёфти бозубанд, шаббаҳои тиллоӣ, ҷому марҷонҳои нуқрагӣ, оташгоҳҳои мудаввару чоркунҷаи муқаддас, ҳайкалчаҳои одаму ҳайвоноти аз гилу санг сохташуда ва нақшҳои сеҳрноки дар танаи девору зарфҳо кашидашуда аз дараҷаи баланди рушди маънавии саразмиён шаҳодат медиҳанд. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки саразмиён зиёда аз 40 намуди ҳунармандиро бо тамоми нозукӣ аз худ карда будаанд.

Услуби нақшу нигори рӯи сафоли зарфҳои Саразм ба услуби ҷанубу шарқии Туркманистон ва Балуҷистону Систон алоқамандӣ дорад. Муҳим он аст, ки кулолгарони Саразм аввалин шуда, дар минтақаи шимолу шарқи Осиёи Марказӣ ба сохтани зарфҳо ва нақшбандии онҳо шурӯъ намудаанд. Зарфҳои гилӣ аз рӯи намуди беруниашон ба зарфҳои нақшдор ва бенақш  ва охирӣ боз ба гурӯҳи зарфҳои нақшини дуранга ва серанга тақсим мешаванд. Саразмиён ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, бо ранги сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ ва зардча онҳоро оро медоданд.

Ашёҳои аз санг буридашуда ва ҳунари заргарии саразмиён ниҳоят ҷолибанд. Маҳорати санъати тасвирӣ дар деворнигораҳо муаррифӣ шудаанд. Мавзӯи тасвироти деворнигораҳо низ, чун дар сафол ҳандасии суннатианд, бештар ба мисли чалипо, сегӯшаҳо ва хатҳои муттавозӣ тасвир ёфтаанд.

Бозёфтҳои бостонии ду қабати қадим аз алоқаҳои маданӣ ва тиҷоратии Саразм бо ҳудудҳои ҳозираи Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон шаҳодат медиҳанд. Рушди муносибатҳои тиҷоратӣ дар марҳалаи гузариш аз ҳазораи IV ба ҳазораи III Саразмро ба яке аз марказҳои омезиши фарҳанги аҳди бостон табдил доданд. Яке аз унсурҳои асосии тиҷорат ин маҳсулоти   ҳунармандӣ ба монанди олотҳои мису биринҷӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои лоҷуварду фирӯза буданд. Дар ҳафриётгоҳи Саразм дарёфт шудани зару зеварҳои аз сангҳои қиматбаҳо: ақиқ, лоҷувард, фирӯза, яшмо ва устухонҳои  гӯшмоҳиҳои баҳрию уқёнусӣ сохташуда, ки аз Эрон, Балуҷистон, Ҳиндустон ва Бадахшон оварда шуда буданд, далели роҳҳои алоқаи мардуми болообии Зарафшон бо ҳунармандони кишварҳои номбурда мебошад.

Тоҷирони Байнаннаҳрайн, Сиистон, Хуросон, Бадахшон, Афғонистону Балуҷистон ва Ҳиндустон ба водии Зарафшон пеш аз ҳама ба шаҳраки Саразм ашё оварда, онҳоро бо тилло, нуқра, қӯрғошим ва олотҳои мисиву биринҷӣ иваз мекарданд.

Таърихи беш аз 5500 солаи Саразм ҳанӯз солҳои 1981-1991 аз тарафи кашшофи ёдгорӣ А. Исҳоқов, олимони амрикоӣ К.К. Ламберг-Карловский, Ф.Л. Колл, Р. Маддин, бостоншиносони франсавӣ Р.М. Безенвал, Б. Лионне пешниҳод шуда буд. Бостоншиносони амрикоӣ таърихи пайдоиши ин шаҳрро ба 5899-5765 сол, франсавиҳо ба 5775-5364 ва бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов ба 5500-5300 сол баробар донистанд. Ҳамаи санаҳои номбурда аз намунаи чӯбҳои ангиштшудаи ҳафриётҳои Саразм бо роҳи  ташхиси радиокарбонӣ-химиявӣ дар озмоишгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Париж ва Санк-Петербург таҳқиқ ва тасдиқ шудаанд. Дар маҷмуъ таҳқиқоту ташхисоти ба даст омада, ба олимон имконият дод, ки ибтидои таърихи Саразми Панҷакентро 5500 сол давра намоянд. Аммо, ба фикри мо ин сана ҳадди охири таърихи Саразм нест ва ҳафриётҳои минбаъда ба ин тағйирот ворид хоҳанд намуд.

Таҳқиқотҳои бостоншиносӣ нишон доданд, ки дар ибтидои ҳазорсолаи II то милод бо сабабҳои номаълум дар Саразм зиндагӣ қатъ мегардаду сокинон шаҳрро тамоман тарк мекунанд. Тахмин меравад, ки қисме аз онҳо дар атрофи Панҷакенти қадим маскан мегиранд ва теъдоди дигаре қад-қади дарёи Зарафшон ба поёноб ба тарафи Самарқанду Бухоро кӯч мебанданд. Ёдгориҳои бозёфтшуда аз Панҷакент ва дигар минтақаҳои ҳавзаи Зарафшон ба ин гувоҳӣ медиҳанд.

Таърих инсоният шаҳодат медиҳад, баъзе шаҳрҳо бо зарурияти таърихӣ дар як ҷой пайдо шуда, бо сабабе таназзул меёбанд ва сокинони онҳо ба ҷои дигаре кӯч баста шаҳри нав бунёд мекунанд. Баъзан агар бо номи кӯҳнаи худ шаҳрҳои нав бунёд ёбанд дар бархе ҳолатҳо ивази ном намудаву ба маҳали нав мутобиқ месозанд. Шаҳри Панҷакент низ дар таърихи худ чор маротиба ҷойи худро иваз кардааст. Ба андешаи бостоншиносон ин шаҳр дар давраи энеолит ва оғози асри биринҷӣ бо номи Саразм пайдо шуда, қариб ҳазор сол дар тӯли ҳазораҳои IV-III то милод маркази тамаддуни мардуми водии Зарафшон будааст. Сокинони қадимтарин ва аввалини музофоти Панҷакент дар Саразм фарҳанги кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, зарфсозӣ, сангтарошӣ, заргарӣ, маъдангудозӣ, хонасозиро пурра азхуд карда, онро то ба дараҷаи шаҳри тиҷоратии замон расонидаанд. Вуҷуд доштани шаҳри дигар ба мисли Саразм рушд ёфта дар сарзамини Фарорӯд то ба ҳол дарёфт нашудааст. Ҳатто бархе аз бостоншиносони шинохта пайдоиш ва ташаккули шаҳри Самарқандро бо Саразм пайваст медонанд.

Ба ифтихори таҷлили 5500-солагӣ натиҷаи таҳқиқи Саразм ва бозёфтҳои бостоншиносии он, нақши ин шаҳри бостонӣ дар ташаккули фарҳанги зироатпарварӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию шаҳрдории тоҷикон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ дар се ҳамоиши калони илмӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор хоҳанд гирифт. Конференсияи нахустини илмӣ-амалӣ ба ифтихори 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ зери унвони “Саразм-оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” рӯзи 20 декабри соли 2019 бо иштироки васеи олимон ва мутахассисони ҷумҳурӣ доир гардид. Моҳи сентябри соли 2020 дар симпозиуми ҷаҳонӣ бо ширкати доираи васеи олимону коршиносон, махсусан муҳаққиқони Саразм ва ёдгориҳои давраи энеолит ва асри биринҷӣ баргузор хоҳад гардид.

УБАЙДУЛЛО Насрулло Каримзода,

д.и.т., профессор, директори ИТБМ

ба номи А. Дониши  АМИТ.

Бознашр аз сомонаи https://www.mfa.tj/

Leave a Comment