Баъди пош хӯрдани ИҶШС Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд. 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувори худро гузошт.

Миллати мо ҳам ба монанди соири миллатҳои дунё ҷашнҳои зиёд дорад, аммо бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷашни Истиқлол тоҷи ҳамаи ҷашнҳост. Зеро агар истиқлолият набошад, дигар ҳама ҷашнҳо маънову мафҳуми худро гум мекунанд. Чунки истиқлолият аст, ки ба мо имконият медиҳад, то масири сарнавишти худро худ муайян кунем ва вобастаи касе набошем. Чунон ки Муҳаммад Иқбол хеле бамаврид гуфтааст:

«Истиқлолият ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар як фарди баору номус баҳри ободии кишвар ва осудагии мардуми хеш аст».

Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон

Баъди пош хӯрдани ИҶШС Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд. 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувори худро гузошт.

Миллати мо ҳам ба монанди соири миллатҳои дунё ҷашнҳои зиёд дорад, аммо бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҷашни Истиқлол тоҷи ҳамаи ҷашнҳост. Зеро агар истиқлолият набошад, дигар ҳама ҷашнҳо маънову мафҳуми худро гум мекунанд. Чунки истиқлолият аст, ки ба мо имконият медиҳад, то масири сарнавишти худро худ муайян кунем ва вобастаи касе набошем. Чунон ки Муҳаммад Иқбол хеле бамаврид гуфтааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти худ бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар муддати 29 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист соҳиби Парчам, Нишон, Артиши миллӣ, Суруди миллӣ гардад. Рукнҳои асосии давлатдориро ба вуҷуд оварда, устувор гардонд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим ёфта, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд ва ҳар фарди ҷомеа соҳиби шиносномаи миллӣ гардид.

Баъди ба даст овардани истиқлолият тамоми соҳаҳои кишвар зина ба зина рӯ ба пешравӣ ниҳод, ки яке аз чунин соҳаҳо соҳаи фарҳанг мебошад. Чун дар ҳама суханрониҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиёни мамлакат тариқи мушаххас муайян мегардад. “Дар шароити нави таърихӣ – қайд намуд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – муваффақият ба онҳое бештар муяссар мегардад, ки такя ба илму фарҳанг карда, арзишҳои маънавӣ, худогоҳию ватанпарвариро тақвият медиҳанд, дар замири ҳар узви ҷомеа дарки зарурати пойдории амнияти миллӣ ва давлатро ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тарғибу ташкили он корҳои зиёде карда шуд, ки яке аз чунин барномаҳо рушди фарҳанги миллӣ барои солҳои 2008-2015, рушди ҳунарҳои бадеӣ барои солҳои 2009-2015, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ва ғайраҳо тасдиқ шуданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хоси худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххаси худро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Акнун аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мешиносанд, ки ҳамаи ин 29-сол пеш афсона менамуд. Дар ин муддат тарҳҳои бузурге ба марҳилаи иҷро расиданд.

Дар солҳои истиқлолият рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон, Русия ва Хитой, Озарбойҷон ва ғайра баргузор гардид. Ҳамчунин дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳангии Русия, Беларус, Хитой, Эрон ва ғайра гузаронида шуд.

Гиромидошти фарҳанг гарави дар оянда пойдор будани миллати тоҷик мебошад.

Айдаралиева М.Д.

Leave a Comment