Халқи тоҷик аз қадим маданияти баланд ва дорои фарҳанги бою ғанӣ буд ва ҳаст. Аз асри санг то замони муосир таърих гувоҳи бисёр шаҳрсозӣ ва шаҳрдории ин миллати куҳанбунёд аст. Яке аз аввалин шаҳрҳои халқи тоҷик шаҳркадаи Саразм аст, ки мероси таърихии Тоҷикистон буда, 31-уми июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии «ЮНЕСКО» дохил шудааст. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке баромадҳояшон қайд намуда гузашта буданд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».

Халқи тоҷик аз қадим маданияти баланд ва дорои фарҳанги бою ғанӣ буд ва ҳаст. Аз асри санг то замони муосир таърих гувоҳи бисёр шаҳрсозӣ ва шаҳрдории ин миллати куҳанбунёд аст. Яке аз аввалин шаҳрҳои халқи тоҷик шаҳркадаи Саразм аст, ки мероси таърихии Тоҷикистон буда, 31-уми июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии «ЮНЕСКО» дохил шудааст. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке баромадҳояшон қайд намуда гузашта буданд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».

Аз ин рӯ дар мақолаи мазкур барои хонандагони азиз дар бораи шаҳраки қадимаи Саразм маълумот медиҳем.

Соли 1972 сокини деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Чимқурғон, ҳозира Саразм Ашӯралӣ Тайлонов дар вақти сохтмони хонаи истиқоматӣ табареро пайдо кард. Дар асоси ин бозёфт аввалин бор соли 1976 Саразм аз тарафи олими бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронд, мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Саразм шаҳри асри биринҷӣ, яъне ҳазораҳои IV – II то милод буда, 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ аст. Масоҳаташ 90 – 100 гектар. То соли 1985 бостоншиносони тоҷик 4 бино ва 10 хандақи Саразмро ошкор намуданд, ки дар умум масоҳати он зиёда 1000 метри мураббаъро ташкил мекард. Ҳар як бино дорои ҳавлиҳо буда, дар ҳавлӣ танӯру оташдонҳо сохта шудаанд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доранд, ки аз дохили онҳо асбобҳои рӯзгор ва осори фарҳангӣ ёфт шуданд. Аҳолии Саразм асосан бо деҳқонӣ, чорводори, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ, ба мисли маъдани мис, тилло, қалъагӣ машғул буданд. Аз омехтаи мис ва қалъагӣ табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд. Либоси бошандагони Саразм аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хурма сохта, онҳоро бо рангҳои сиёҳ, қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медоданд. Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бандарҳои Араб ва давлати Ҳинд робитаи тиҷоратӣ доштанд.

Калимаи «Саразм»-ро олимон чунин тафсир кардаанд: 1) Сарсабз, яъне Сари Сабза. 2) Аз калимаи тоҷикии «Сар» ва арабии «разм» – Сарразм, яъне оғози ҷанг. Заминҳои кӯҳистон то Саразм домон густурдааст. Бошандагони болооби Зарафшон душманонро дар Саразм вохӯрда, ҷангро дар ҳамин ҷо оғоз мекарданд. 3) «Саразм» тибқи ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В.А. Лившитс маънои «Сари замин»-ро дорад.

Натиҷаҳои тадқиқоти илмии бостоншиносон дар шаҳраки Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (солҳои 1979 ва 1994 ), Вашингтон (солҳои 1981 ва 1986 ), Париж (соли 1985 ), Олмон (соли 1992), Эрон (соли 2003 ), Италия (соли 2007) ва қитъаи Африқо (соли 2008) мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтааст.

Маликаи Саразм. Бояд қайд кард, ки гаронтарин бозёфти Саразм ин гӯри маликаи Саразм мебошад. Малика хеле ҷавон тахминан дар синни 25 солагӣ вафот мекунад. Ба хок супоридани майит ба мисли чӣ гунае ки тифл дар батни модар ҷойгир мешавад, ба ҳамон гуна аст, ки хеле аҷиб ба назар мерасад. Ҷавоҳирот ва ороишоти малика ҳангоми дафни ӯ ҳамроҳи соҳибаш ба хок мерафтааст. Яъне номгӯйи ороишоти Малика ин муҷассамаи худи ӯ аз гил, гарданбанди тиллоӣ, шабаҳо аз фирӯзаву лоҷувард, ақиқу нуқра, сафедиву упо ва ойина ин ҷиҳози ороишии малика будаанд. Андешаҳое ҳам ҷой доштанд, ки гӯё арвоҳи маликаи Саразм баъзан-баъзан шабона дар шаҳристон сайр мекунад.

Бошишигоҳи Саразм. Бостоншинос А. Исҳоков дар Саразм як қатор маҷмааи манзилгоҳҳоро муайян намудааст. Маҷмааи якум аз чор манзилгоҳ иборат аст, ки дар боло зикр кардем. Дигар маҷмааҳо аз шумораи гуногуни манзилгоҳҳо таркиб ёфтаанд. Хонаи истиқоматӣ барои оилаи иборат аз ду нафар пешбинӣ шуда буд, биноҳои бисёрхонагӣ ва парастишгоҳҳои 200 метри квадратӣ вусъатёфта низ вуҷуд доштанд. Манзили Саразмиён асосан на он қадар калон буд. Оилаҳо дорои ду-се хона буда, девори хонаҳоро, ки 40-50 сантиметр ғафсӣ доштанд аз лой ё похса меафрохтанд. Биноҳо байни ҳамдигар тавассути кӯча, тангкӯча ва ҳавличаҳои бедевор ҷудо мешуданд. Дар навбати худ як бино аксаран ба обшинаи оилаҳо – як авлод тааллуқ дошт.

Аҳолии Саразм. Мувофиқи оморе, ки мутахассисон, ба монанди Г.Н. Лиситсина ва В.М. Моссон муайян намудаанд, дар Саразм дар майдони 8 гектар тақрибан 1000 – 1200 нафар одамон ва дар майдони 25 гектар зиёда аз 2000 – 3000 одамон ҳаёт ба сар мебурдаанд. Аз 50 гектар замин аҳолии Саразм ба ҳисоби миёна 40000 – 50000 кг ғалла ғун мекарданд. Инчунин дар вақти кофтукоби бостоншиносӣ 8 адад корд ва ханҷарҳои дудама ёфт гардиданд. Айнан ҳамин намуди кордҳо дар Алтинтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ низ ёфт шудаанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимолан Саразм маркази рехтагарии биринҷӣ будааст. Дар қабатҳои деҳаи Саразм баъзе аз ашё аз садафи баҳрӣ, шабаҳои аз ақиқ ва лоҷувард сохташуда ёфт гардиданд. Эҳтимол меравад, ки баъзеи ин ашё ба ин ҷо аз соҳилҳои уқёнуси Ҳинд ворид гардидаанд. Лоҷувардро бошад, шояд тоҷирони ҳиндӣ дар роҳи убури Осиёи Миёна аз Бадахшон ба даст меоварданд. Қайд бояд кард, ки ин алоқа тавассути марказҳои кишоварзии қадимии Балуҷистон ва Афғонистон сурат мегирифт. Таҳқиқи маҷмӯъҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки ҷараёни ташаккули маданияти Саразм дар чоряки дуввуми ҳазорсолаи IV пеш аз милод бо иштироки маданияти кулолгарии нақшини вилоятҳои ҷанубӣ-ғарбии Осиёи Миёна сомон меёфт. Унсурҳои алоҳидаи маданияти моддии Саразм бо ёдгориҳои дар ҷануби Афғонистон (Мундигон), Эрон (Шаҳристон) ва дигар ҷойҳои ёфташуда монанданд ва тибқи тадқиқот маълум гардид, ки дар байни ин сарзаминҳо муносибатҳои маданӣ вуҷуд доштааст. Бисёр маҳсулоти маданияти моддии Саразм, ба мисли кордҳову ханҷарҳои биринҷӣ дар мамлакатҳои номбаршуда ба чашм мерасанд ва ин далели он аст, ки ҳанӯз 4 – 5 ҳазор сол муқаддам зарафшониён ва дигар қавмҳои Осиёи Миёна бо бисёр халқҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи мол доштанд.

Чорводорӣ. Маълум аст, ки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ на танҳо чун як ҷузъи озуқа, балки ба ҳайси қувваи корӣ низ хизмат мекард: Пашм ва пӯсти чорво дар дӯхтани либосворӣ ва пойафзол ба кор бурда мешуд. Аз рӯйи устухонҳои ғуншудаи бешумор маълум гардид, ки маданияти чорводорӣ дар Саразм қариб ҳама гуна ҳайвоноти хонагиро, ки ин замон вомехӯранд, ром мекарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба (солҳои 2003 ва 2005) ба Саразм ташриф оварда, ба корҳои таъмиру тармим эътибори махсус доданд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21-уми сентябри соли 2001 ёдгории қадимаи таърихии 5500-солаи шаҳраки Саразм дар шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули илмӣ ташкил шудааст.

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»-ро қабул кард, ки дар асоси он барои таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқи тоҷик эътибори махсус медиҳад. Ҳоло дар кишвари мо зиёда аз 2900 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуданд, ки яке аз онҳо Саразм мебошад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2020-ум, 5500-солагии ёдгории Саразм ҷашн гирифта мешавад.

Ҷӯраев Шоҳин Ҷӯраевич

Султонов Шерхон Муртазоқулович

Leave a Comment