Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тариқи он-лайн Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба садсолагии аввалин ректори донишгоҳ, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳии Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. чорабинӣ оғоз ёфта, доир ба ҳаёту фаъолият ва нақши ин абармарди миллати тоҷик дар таърихи навини тоҷик, эҳёи суннатҳои миллӣ ва ниҳоят таъсиси Донишкадаи политехникӣ, ки имрӯз он ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдили ном кардааст, маълумот дода шуд.

Инчунин ректори донишгоҳ аз таъсиси ин боргоҳи маърифат ёд карда, қайд намуд, ки «Хидматҳои донишманди шуҳратёр академик Осимӣ дар ташаккулу пешрафти аввалин муассисаи таҳсилоти олии техникии кишвар – Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) бағоят бузург аст. Бояд гуфт, ки солҳои 50-уми асри гузашта яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расондани мутахассисони баландихтисос ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки ба масъалаи таъсиси макотиби олӣ дар кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешуд. Ҳамин тариқ, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ моҳи январи соли 1956, мувофиқи қарори Шӯрои вазирони ИҶШС дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) Институти

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тариқи он-лайн Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба садсолагии аввалин ректори донишгоҳ, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳии Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. чорабинӣ оғоз ёфта, доир ба ҳаёту фаъолият ва нақши ин абармарди миллати тоҷик дар таърихи навини тоҷик, эҳёи суннатҳои миллӣ ва ниҳоят таъсиси Донишкадаи политехникӣ, ки имрӯз он ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдили ном кардааст, маълумот дода шуд.

Инчунин ректори донишгоҳ аз таъсиси ин боргоҳи маърифат ёд карда, қайд намуд, ки «Хидматҳои донишманди шуҳратёр академик Осимӣ дар ташаккулу пешрафти аввалин муассисаи таҳсилоти олии техникии кишвар – Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) бағоят бузург аст. Бояд гуфт, ки солҳои 50-уми асри гузашта яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расондани мутахассисони баландихтисос ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки ба масъалаи таъсиси макотиби олӣ дар кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешуд. Ҳамин тариқ, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ моҳи январи соли 1956, мувофиқи қарори Шӯрои вазирони ИҶШС дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) Институти политехникӣ ташкил гашта, Муҳаммад Осимӣ, ки ҳамагӣ 36 сол дошт, сарвари он таъйин шуд».

Тариқи он-лайн Саидҷалоли Бадахшонӣ, шоир ва нависанда, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Британияи Кабир баромад намуд.

Духтарони устод Сарвар ва Гавҳар Осимӣ ва писараш Музаффар Осимӣ аз ёдкарди олим шод будани хешро изҳор дошта, афзуданд, ки то замоне, ки ҳамдиёрони устод хадамоти эшонро қадр ва шамъи хотираи мунирашонро равшан медоранд, ному нишони падар зинда мемонад. Сипос аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар азизон, ки дар гиромидошти қиблагоҳи мо саҳм гирифтаанд.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, ба таври он-лайн рӯнамоии китоби нави яке аз шогирдони устод Осимӣ Саидҷаъфар Қодирӣ – «Абармарде дар раҳи илму фарҳанг» доир гардид, ки аз бо саъйу кӯшиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода ба табъ расидааст.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment