Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи Ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абўмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёдамон мерасанд. Темурмалик Ватанро чӣ гуна дўст медошт, меҳри ў нисбат ба меҳан чӣ гуна буд?! Ў чӣ қадар барои ҳимояи Ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки Ватан несту нобуд кардани душман бо шариконаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рў ба рў истода, муқовимат нишон дод, то охирин қатраи хунашро барои озодии Ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба Ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба Меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар аз хуруҷи қувваҳои беруна ба маротиб боло равад.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” боз душманони миллати тоҷикро бо ҷурму кирдорҳои ифлосашон ба мардуми кишвар нишон дод. Ин филм дар шинохти чеҳраҳои манфури ифротиён нақши муҳим мебозад ва сабаб мегардад, ки баъзан шахсоне, ки ба суханони бофтаю сохтаи онҳо бовар ҳосил мекунанд аз асли мақсаду ниятҳои ғаразноки онҳо огоҳ гарданд. Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷик кайҳо боз чеҳраи аслӣ ва воқеии ин нохалафонро шинохтаанд, кӣ буданд ва чӣ хостани онҳоро ба хубӣ дарк намудаанд. Чуноне, ки мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ мефармоянд: «Муқтазои табиати каждум неш задан аст». Ин хоинони миллат каждумҳои нешшикастаро мемонанд, ки ба коре қодир нестанд. Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲН анҷомшуда бахшида шудааст. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуданд ва онҳо ба ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд. Ҳамзамон дар ин филми мустанад нигоштаҳои бардурўғу қиссаҳои бофтаи хаёлии ин шахсиятҳои дасисабоз, ки дардашон бедаво аст, хело ҳам мўшикофона бо далелҳои амиқ ва возеҳу равшан намоиш дода шуданд.

Дар ҷаҳони имрӯз терроризм рақиби аввали кишварҳои ҷаҳон гардидааст ва маълум аст, ки баъзе кишварҳо бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷонибдориву пуштибонӣ мекунанд. Имрӯз бар зиддин ин вабои аср кулли кишварҳо мубориза доранд ва кӯшиш менамоянд, ки ин хатар онҳоро фаро нагирад. Тоҷикистон низ аз зумраи он кишварҳоест, ки пайваста бар зидди ин гунна гурӯҳҳои ҷинояткор мубориза мебарад. Ин аст, ки борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои бонуфуз аз таҳдиди ин хатар ва пешгирии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф задаанд. Дар роҳи мубориза бо террориз ҳамаи мо шаҳрвандони ин Ватан масъул ҳастем. Моро зарур меояд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоем. Чун ба ҳамагон маълум аст, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон аст.

Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон

Бознашр аз сомонаи https://youth.tj.

Leave a Comment