Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба 30 нафар ятимони кулл ва 10 нафар маъюбон, ки дар қатори донишҷӯёни донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд. Раёсати донишгоҳ бо роҳбарии ректор – Одиназода Ҳ.О. дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони донишгоҳ ин иқдоми хайрхоҳонаро доир намуд.

Одиназода Ҳ.О. – ректори донишгоҳ донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло ва гирифтани касбе, ки оянда таъминкунандаи зиндагии онҳо хоҳад буд, даъват намуд.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми хайрхоҳона дар арафаи ҷашну чорабиниҳои гуногун дар давоми сол аз ҷониби раёсати донишгоҳ пеш гирифта мешавад ва он дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment