КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – КАФОЛАТИ ОЗОДИИ МАРДУМ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Бо ҳамин натиҷаҳо 6-уми ноябри соли 1994… Read More

ПОЯНДА БОД БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК — КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Воқеан, сарзамини биҳиштосо, диёри зебоманзару нотакрор, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо имрӯз ҷашн дорад, ҷашни саиду фархунда, ҷашни мубораку хуҷаста – 23-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. З-ин сабаб қабл аз ҳама ҳамаи Шумо-азизони дилу дидаро бо ин рӯзи нишотбахш, солгарди қабули Конститутсияи кишвар, ки Раҳнамои тоҷикистониён меноманд самимона табрику таҳният намуда, таманнои онро дорем, ки… Read More

ТАМОШОИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври дастаҷамъона устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд. Дар 30 толори дарсҳои лексионӣ ва маҷлисгоҳҳои донишгоҳ телевизор ва экранҳои бузург таҷҳизонида шуда, маросими мазкур барои тамоми коллективи донишгоҳ дастрас гардонида шуд. Рафти ташкилии баргузории ин тамошо аз… Read More

САРҚОНУН — БАХТНОМАИ ХАЛҚ

Шашуми ноябри соли ҷорӣ мардуми ҷумҳурӣ Рӯзи қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабул шуда буд, ҷашн хоҳанд гирифт. Қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин… Read More

КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман… Read More

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАГОНИ ҚУДРАТӢ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии судманди устодон ва кормандони донишгоҳ – муовинони ректори донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо бо Расулӣ Барот – полковники адлия, корманди Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғоибов Фарҳод – намояндаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкурро… Read More

МОДАР

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони… Read More

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд. Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду… Read More

МЕҲРГОН – ИДИ ДЕҲҚОН ВА РАМЗИ ФАРОВОНӢ

Меҳргон яке аз бузургтарину бошукӯҳтарин ҷашни тоҷикон, ҷашни пайвандгари аҳду паймон, ҷашни ҷамъоварии натиҷаи заҳмати пурбори деҳқон ба шумор меравад. Аз қадимулайём мардуми ориёинажод Меҳргонро ҳамчун ҷашни ҳосилғундорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат таҷлил мекарданд. Бо гузашти замон ин ҷашни миллии мардуми ориёиасл ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, таҷлилаш дар мамлакатҳои эронинажод сурат намегирифт. Аз нишонаҳои ин… Read More