Коррупсия, ришва ё пора яке аз масъалаҳои мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, решаи он ба умқи таърих мерасад, ки дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда буд. Имрӯз низ яке аз мушкилиҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушди давлатҳо мегардад. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ ва тарғиботӣ андешад.

Дар кишвар ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ мубориза бар ин амали номатлуб оғоз гардида буд ва 25-уми сентябри соли 2006 барои анҷомдиҳандаи ин кирдори номатлуб ҷазои сангиро пешбинӣ намуд.

Коррупсия, ришва ё пора яке аз масъалаҳои мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, решаи он ба умқи таърих мерасад, ки дар шаклҳои гуногун зуҳур намуда буд. Имрӯз низ яке аз мушкилиҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушди давлатҳо мегардад. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ ва тарғиботӣ андешад.

Дар кишвар ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ мубориза бар ин амали номатлуб оғоз гардида буд ва 25-уми сентябри соли 2006 барои анҷомдиҳандаи ин кирдори номатлуб ҷазои сангиро пешбинӣ намуд.

Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 1997 амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: “Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад”, инчунин 10-уми январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис гардид, ки самараи он имрӯз баръало намоён гардида истодааст.

Ин охирин иқдоми Ҳукумати ҶТ набуда, балки то ин солҳо якчанд маротиба барномаҳои муқовиматӣ қабул гардидааст ва охирон “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардидааст, ки баҳри пешбурди ҳамаи самтҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши арзанда гузашта истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Ин аст, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ сол ба сол мақоми кишвари мо боло рафта истодааст.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22-юми декабри соли 2019 гуфтанд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.

Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд”.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯйи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт.

Хулоса ин зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа мегардад.

Сироҷиддинзода М.М. – номзади илмҳои фалсафа.

Leave a Comment