Мо ҷавонони Донишгоҳи техникии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо масъулитяти баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

ИЗҲОРОТИ ҶАВОНОНИ ДТТ БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БА ҶОНИБДОРӢ АЗ НОМЗАДИ ПЕШБАРИНАМУДАИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН, ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мо ҷавонони Донишгоҳи техникии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо масъулитяти баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик бо шурӯи рисолати олии тамаддунсозии хеш такя ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ намуда, фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдоми муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд.

Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тавсеаву барномаҳои рушди устувор амалӣ мегарданд.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаи Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба мардуми кишвар тағйироти куллӣ ба назар расиданд.

Дар асл, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайкораш рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллати тоҷик таҷассум ёфтааст, умеду ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ҷомаи амал пӯшонид.

Мо ҷавонон чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагӣ ва саломатии ҳар як сокини кишварро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.

Дар робита ба ин итминони комил дорем, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи баланди созандаи мардум дар заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамкории густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам бештар даст меёбад.

Бинобар ин, эҳтиромона аз номи тамоми устодону ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешниҳодамудаи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.

Шараф ба Пешвои муаззами миллат!

Шараф, Шараф, Шараф!!!

Шараф ба Пешвои ҷавонпарвари миллат!

Шараф, Шараф, Шараф!!!

Leave a Comment