Таърихи инсоният дар давраи тӯлонии худ нафаронеро ёд дорад, ки Худованди пок баҳри наҷоти халқияту миллате офаридаву онҳо барои мардуми худ бо тавоноиҳои гӯшношунид ва боварнакарданӣ хизматҳо кардаанд. Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт, Маҳатма Ганди, Шарл де Голл, Маҳатҳир Муҳаммад, Ли Куан Ю ва монанди инҳо чун сарони миллатҳои худ ва пешвои ҳақиқии миллӣ эътироф гардидаанд. На ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шуда тавонистаанд. Барои ба номи бузурги «Пешвои миллат» сазовор гаштан пеш аз ҳама содиқ будан ба Ватану миллат ва халқи азизи он, дониши баланд, ҷасорат, далерӣ, мардонагӣ, нотарсӣ ва меҳнату заҳмат, ранҷу талоши шабонарӯзӣ, аз худ гузаштанҳо, сарсупурдагӣ аз инсон талаб мешавад. Ҳамаи инро вақт муайян мекунад.

Таърихи инсоният дар давраи тӯлонии худ нафаронеро ёд дорад, ки Худованди пок баҳри наҷоти халқияту миллате офаридаву онҳо барои мардуми худ бо тавоноиҳои гӯшношунид ва боварнакарданӣ хизматҳо кардаанд. Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт, Маҳатма Ганди, Шарл де Голл, Маҳатҳир Муҳаммад, Ли Куан Ю ва монанди инҳо чун сарони миллатҳои худ ва пешвои ҳақиқии миллӣ эътироф гардидаанд. На ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шуда тавонистаанд. Барои ба номи бузурги «Пешвои миллат» сазовор гаштан пеш аз ҳама содиқ будан ба Ватану миллат ва халқи азизи он, дониши баланд, ҷасорат, далерӣ, мардонагӣ, нотарсӣ ва меҳнату заҳмат, ранҷу талоши шабонарӯзӣ, аз худ гузаштанҳо, сарсупурдагӣ аз инсон талаб мешавад. Ҳамаи инро вақт муайян мекунад.

Барои миллати тоҷик низ Худованд фарзанди сарсупурдаеро чун Эмомалӣ Раҳмон ато намуд, ки тавонист Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшад.

Аз рӯзҳои аввали оғози роҳбарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба ҷавонон намуда, ҷавононро неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасози миллат унвон кард.

Ҳанӯз соли 1993 аввалин вохӯрии худро бо ин табақаи ҷомеа ташкил карда, қайд намуд: “Дар давлате, ки 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, демократикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ин неру тасаввур кардан ғайриимкон аст”. Соли 1992 қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ғамхорӣ ба оянда аст ва баҳри дастгирии ҷавонон Роҳбари давлат заҳматҳои зиёде кашида, аз оғоз то ба имрӯз ин неруи созандаро илҳом мебахшад. Ташкили стипендияҳои президентӣ, квотаҳои президентӣ, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон», таъсиси мақомоти салоҳиятдори кор бо ҷавонон — Кумитаи ҷавонон ва варзиш, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони “Соли ҷавонон”, эълони солҳои 2020 – 2040 чун солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, таъсиси Рӯзи ҷавонон ва садҳо чорабиниву чораандешиҳои дигар нишон аз дастгириву ғамхорӣ ва намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози мамлакат – ҷавонон мебошад.

Ин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имконият барои онҳо фароҳам оварда шуд, то ки онҳо дониш омӯзанд, забон аз худ кунанд, аз техникаву технологияи ҳозиразамон бохабар гарданд, дар донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони баланди соҳа дар пешрафти давлату миллат саҳми худро гузоранд.

Воқеан ҳам тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ маҳаки асосӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Имрӯз аз ҷавонон танҳо талаб карда мешавад, ки илм омӯзанд, соҳибкасб шуда, миллату Ватани худро соҳибӣ кунанд. Худшиносию миллатдӯстӣ, бофарҳангию шинохти аҷдодони барӯманди худ ва зиракии сиёсии ҷавонон бар зидди қувваҳои берунаи тундгаро, террористу экстремист ва парвардагони хоҷагони манфиатҷӯйи бегона сипари боэътимод аст. Бохабар будан аз таъриху фарҳанги миллӣ, бинои давлатро мустаҳкам ва иқтидорашро дучанд зиёд мекунад.

Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯйи беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш, қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд.

Яке аз сиёсатмадорон ва ислоҳотталабони охири асри 19-и рус Пётр Столипин фармуда буд: «Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд».

Эмомалӣ Раҳмон такя ба халқи шарифи Тоҷикистон ва махсусан ҷавонон кард. Дар якҷоягӣ тавонист миллати паҳну парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ ва пас аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон, пас аз ҳазор соли навмедии гузаштагони мо, ки дар ин давом интизори ин навиди муборак буданд, ин шахсияти бузурги таърихӣ тавонист давлати Тоҷикистонро ҳифз, мураттаб ва ба ҷаҳониён ҳамчун давлати воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд.

Номи ин абармард Эмомалӣ Раҳмон чун пешвоҳои муваффақи миллӣ, ки аз ҷониби халқ эътироф шудаанд, дар таърих боқӣ монда, корнамоиҳояш бо хатти заррин сабт хоҳанд шуд.

Ҷавобан ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат ҷавонон низ садоқати худро ба Ватану миллат нишон дода истодаанд. Иштироки фаъолона дар тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, варзишиву оммавӣ маҳз ба ҷавонони кишвар хос аст. Неруи созандаи онҳо имрӯзҳо дар тамоми сохтмонҳои азим – НБО Роғун, Сангтӯда, роҳу пулҳо, иншооту биноҳо, корхонаву фабрикаҳо назаррас аст.

Иштирок дар олимпиадаву конференсияҳои илмӣ, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмию амалии дохилию хориҷӣ барои ҷавонони тоҷик ба ҳукми анъана даромада, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани онҳо боиси сарбаландию қаноатмандии мост.

Варзиш ва интихоби тарзи ҳаёти солим ҷавононро ба сафи пеши мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баровардааст, ки чун Дилшод Назаров, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва садҳо нафаронеро миллати тоҷик бо ифтихор ном мебарад.

Давлати тоҷикон имрӯз ҳамқадами замон аст ва Пешвои муаззами мо раҳнамои ҷавонон ва наҷотбахши миллат ба ҳисоб меравад. Ва мо бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда баҳри ояндасозию тараннуми сулҳу суботи кишвар меҳнат намуда, пайравони содиқи Пешвои хеш бошем.

Фаридун Юнусов.

Leave a Comment