Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд карданд ки «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд карданд ки «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».

Маъракаи интихоботӣ ё ҷараёни интихоботӣ бо мазмуни васеъ ҳаммаънои маъракаи интихобот аст, давраи гузаронидани интихобот аз вақти таъйин то рӯзи овоздиҳӣ мебошад. Ба мазмуни мухтасар давраи маъракаи интихобот мебошад, ки дар он номзадҳои пешбаришуда аз қайд гузашта метавонанд, бо усулҳои қонунии муқарраршуда ташвиқоти пешазинтихоботӣ мебаранд. Ин давра аз лаҳзаи ба анҷом расидани азқайдгузарии номзадҳо оғоз ёфта ва дар вақти муаяйн то овоздиҳӣ анҷом меёбад. Қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин давраро «ташвиқоти пеш аз интихобот» меномад. Фаъолияти пешазинтихоботии номзадҳо мазмуни асосии ин давра мебошад, вале он назорат аз болои ин муборизаро аз тарафи мақомоти дахлдори интихоботӣ, фаъолияти ин мақомро оид ба тайёрӣ ва гузаронидани овоздиҳиро дарбар мегирад. Ҷараёни интихобот маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъйин, тайёр кардан ва гузаронидани интихоботи вакилон ё шахсони мансабдори интихобист.

Ҷараёни интихобот аз чунин давраҳои асосӣ иборат аст:

-таъйин кардани санаи интихобот;

-ташкили ҳавзаҳо ва маҳалҳои интихобот;

-ташкили комиссияҳои интихобот;

-тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон;

-пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва ба мансабҳои интихобӣ;

-ҷамъ кардани имзоҳо барои дастгирии онҳо;

-азқайдгузаронии номзадҳо;

-ташвиқот ва таблиғоти пешаз интихоботӣ (50 рӯз пеш аз маъракаи интихобот бошад, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ оғоз мегардад, 35 рӯз пеш аз интихобот ба итмом мерасад. Дар натиҷа интихобшавандагон номзадии худро барои инихоб шудан пешбарӣ  менамоянд);

-гузаронидани овоздиҳӣ ва муаяйн кардани натиҷаи интихобот.

Дар ин васила миллати тоҷик маданияти баланд дошта, аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошанд. Ин масъулияти баландро ҳис намуда, Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъолро барои иштирок дар маъракаи сиёсии давлатӣ, таблиғот ва ташвиқоти номзади арзанда ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботии №61-и ҳавзаи интихоботии Сино-4, воқеъ дар шаҳраки Политехникум, участкаҳои интихоботии №51-и ҳавзаи интихоботии Сино-4, воқеъ дар маҳаллаи 33, кӯчаи Маяковский 70/1 сафарбар гардонидааст. Президенти мо – Ифтихори мо! Бо ин шиор ҳамаи омӯзгорон ва  донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз ҲХДТ номзадии Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд. Чунки чунин шахси ватандӯст, дурандеш ва ободкору ғамхори миллати тоҷик ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда аст.

Мо қаблан интихобкунандагони азизро ба он даъват мекунем, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва ояндасоз фаъолона ширкат варзанд, қарзи шаҳрвандии худро холисона адо карда, ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихобот мусоидат намоянд. Ба номзади арзанда, ки барои халқи худ хизмат менамояд, раъйи худро диҳанд ва бо ин васила барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Муминов Ф.С. – сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон.

Саидов Б.Б. – ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ.

Амонатова Ф.Қ. – мудири осорхона.

Leave a Comment