Ба тамоми мардуми мусалмони тоҷик маълум аст, ки суботу оромии кишвар, ваҳдату якдилӣ ва зиндагонии пешрафтаи халқи тоҷик аз иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтаанд. Чунки бо шарофати ин абармарди тоҷик сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар пойдор гардида, роҳи расидан ба худшиносӣ, оромиву осудагии халқ ва кафолати рушди давлати соҳибистиқлол бароямон осон гардид. Имрӯз барои тамоми табақаҳои ҷомеа, махсусан зиёиву насли ҷавон поягузори давлати муосири тоҷикон будани Сарвари давлат, ба яке аз вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандӣ бояд табдил ёбад. Дар ин замина андешаи ҳифозати сулҳу ваҳдати миллӣ ба мафкураи ягонагии миллӣ табдил ёфта, дар оянда бо ҳам ҳамоҳанг карда мешаванд.

Ба тамоми мардуми мусалмони тоҷик маълум аст, ки суботу оромии кишвар, ваҳдату якдилӣ ва зиндагонии пешрафтаи халқи тоҷик аз иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтаанд. Чунки бо шарофати ин абармарди тоҷик сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар пойдор гардида, роҳи расидан ба худшиносӣ, оромиву осудагии халқ ва кафолати рушди давлати соҳибистиқлол бароямон осон гардид. Имрӯз барои тамоми табақаҳои ҷомеа, махсусан зиёиву насли ҷавон поягузори давлати муосири тоҷикон будани Сарвари давлат, ба яке аз вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандӣ бояд табдил ёбад. Дар ин замина андешаи ҳифозати сулҳу ваҳдати миллӣ ба мафкураи ягонагии миллӣ табдил ёфта, дар оянда бо ҳам ҳамоҳанг карда мешаванд.

Бо ташабуси бевоситаи Пешвои азизамон Тоҷикистон ба кишвари демокративу ҳуқуқбунёд табдил ёфтааст. Яъне Ҳукумати кишвар баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсии мардум фаъолият доимии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро ҷонибдорӣ намуда, баҳри муносибатҳои тарафайни онҳо шароит муҳайё намудааст. Аммо ҳастанд бо ном тоифаи сиёсатмадороне, ки манфиати гурӯҳу хоҷаҳои бурунмарзии хешро ба инобат гирифта, аз номи дини мубини ислом сӯйиистифода намуда, мардум мефиребанд.

Мутаассифона ҳанӯз ҳастанд намояндагони ҳизби мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳаракату равияҳои ифротие, ки аз ҳамон сиёсати муғризонаи хеш даст накашида, мақсади дубора теша ба решаи миллати тоҷик заданро пеша намудаанд. Яъне тамоми ин гурӯҳҳои тундгаро бо сӯйиистифода аз номи дини ислом ва ё демократия мардумро ба доми хеш андохта, бо даъвоҳои ботил ва бардурӯғи худ мехоҳанд, мақсадҳои сиёсии хешро дар Тоҷикистон пиёда созанд. Ҳар яки ин созмонҳои ифротӣ бо барномаҳои дурӯғине, ки гӯё мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, хидмат ба Ватану миллат ва садоқату посдории муқаддасоти миллиро доранд, амал намуда, дар асл созмонҳои террористие мебошанд, ки ҳадафашон танҳо вайрон сохтани кишвари обод ва ба даст овардани манфиат мебошад. Аз ин рӯ, онҳо бо тамоми ҳастӣ фаъолияти Ҳукумату давлати моро ба назари мардум манфӣ нишон дода, зери чеҳраҳои дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф мегӯянд. Онҳо аз ин вокунишу таблиғоти идеологии хеш боварӣ дошта, дар гумони онанд, ки мардумро мутмаин месозанд ва исёни солҳои 90-умро дубора пиёда менамоянд. Вале онҳо аз ватандурони ватанфурӯш мебошанд, ки солҳои зиёд аз ватан дур монда намедонанд, ки халқи тоҷик чӣ қадар Сарвари давлаташонро дӯст дошта, атрофи он муттаҳид мебошанд. Ин муттаҳидии халқ атрофи Сарварро на ту ва на нафарони ифротии дигар наметавон ҷудо созанд. Чунки бо ташаббуси ин марди оқил ороми ҷомеаи тоҷик ба суботи кишварҳои Аврупо монанд гардидааст. Ҳол он ки мо аз лиҳози мавқеи географӣ бо кишварҳое дар ҳамсоягӣ қарор дорем, ки суботи ҷомеаи башарро ноором (Афғонистон ва Покистон) сохта, истеҳсолкунандаи равияҳои террористии дунё маҳсуб меёбанд ва аз кишварҳои Аврупо хело дуранд. Муқоиса бояд кард, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суботи кишвари мо, ки бо шарофати Пешвоямон арзи вуҷуд дорад, дар ягон гӯшаю канори дунё пайдо наметавон кард.

Ба ин маънӣ, ин гурӯҳи сияҳкорону ватанфурӯшоне, ки дар ҳар гӯшаю канори дунё дар гурезагӣ умр ба сар мебаранд, набояд таваҷҷуҳ намуд. Онҳо бекору аз зиндагӣ безор мебошанд ва дигар чора надоранд. Аз ин ки ба Ватан хиёнат кардаанд, доимо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанду баромад менамоянд ва бо ин амалашон гӯё миёни мардум иғво мехоҳанд барангезанд. Ин амали онҳо бисёр соддаю қалбакӣ будани онҳоро нишон медиҳад. Зеро мардуми тоҷик он мардуми аз сиёсат дури солҳои 90-ум нест. Албатта чӣ будани сиёсату кӣ будани шуморо нағз аз худ намудаанд. Имрӯз мардуми сулҳофари тоҷик чӣ будани ваҳдату кӣ будани хоину вайронкоронро хуб медонанд. Яъне халқи тоҷик зери чеҳраи Кабирию Зеварбону ва дигар мухолифон кӣ будан ва чӣ нақшаҳои сиёҳи хунин доштанашонро низ пайхас намудаанд. Онҳо дар фикри онанд, ки ғояи сулҳофарӣ ва ваҳдатгароии Пешвои муаззами моро ин нафарони миллатфурӯш ҳамчун шиори марҳилавӣ пиндошта, умри онро ба охиррасида меҳисобанд.

Аз ин рӯ, вокунишҳои доимии мухолифини тоҷик дар расонаҳои иттилоотии интернет дар хусуси беасос донистани дастовардҳои Сарвари давлат дар раванди истиқлолият баҳои манфӣ дода, хоҳиши дубора коштани тухми адоват ва ҷудоӣ андохтан миёни мардумро доранд. Саркардагони ин гурӯҳҳои террористӣ ба пешравии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони азизи мо ҳасад бурда, ояндаи дурахшони онро дидан намехоҳанд. Намояндагони асосии он то ба имрӯз дар кишварҳои хориҷ худро ҳомии адолату сарафкандаи зулм нишон дода истода, муборизаи сиёсиашонро берун аз кишвар идома дода истодаанд. Ҳол он ки кирдори ноҷавонмардона ва ғайриқонунии аъзоёни ин ҳизбу ҳаракатҳо дар ғасби ғайриқонунии ҳокимият кайҳо ошкор шуда бошад ҳам, то ба имрӯз дар бархе аз расонаҳои кишварҳои хориҷӣ саркардагони ин равияҳои ифротӣ ба монанди М. Кабирӣ, М. Салимпур, Р. Зеварбону ва дигарон ба мушоҳида мерасад. Ростӣ ин иддаои шумо хусусияти гурӯҳӣ дошта, муқобили манфиатҳои ҷомеаи тоҷик ва мамлакат мебошад. Ҳамаи шумо ва он нафарони ифротии мухолифе, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти роҳбарияти ҳукумату давлати моро манфӣ арзёбӣ намуда, ҳамчун як даъвои демократӣ ба оламиён нишон медиҳанд, идеяи ботил мебошад. Чунки то қадри имкон мардуми мо аз чӣ будани назария ва амалияи демократия огоҳ мебошанд. Дар кадом назарияи демократӣ омадааст, ки ба хотири демократия дар кишвар табадуллот ташкил мекунанд, ватанфурӯшӣ менамоянд, мардуми бегуноҳро мекушанд ва ин шабу рӯз аз вазъи фавқулодаи ҷомеаи башар, ки гирифтори бемории коронавирус аст, истифода намуда, ба пайдоиши ин беморӣ дар ҷомеа роҳбарияту ҳукумати кишварро гунаҳкор мекунанд? Аз ин рӯ, чунин даъвоҳои мухолифи бурунмарзӣ ба мо бегона набуда, порча аз саҳнаи навбатии онҳост. Мо ҳама мардуми мусалмону босабр мебошем. Дар асоси супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба коронавирус дар ҳамбастагӣ амал намуда, душвориҳои онро босаброна мегузаронем.

Аз ин рӯ, гуфтан бамаврид аст, ки хизматҳои шоистаи Сарвари азизамон Эмомалӣ Раҳмонро бо қалам рӯйи қоғаз овардан имконнопазир аст. Мо танҳо як таҷрибаи сулҳи бадастомадаи кишварро мисол меорем, ки бо талошҳои бевоситаи Сарвари оқиламон Эмомалӣ Раҳмон шуда, миллатро аз вартаи нобудшавиӣ раҳо намуда буд. Боқӣ ҳар фарди ин сарзамин, ки ба қимати заҳматҳои Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намерасад, роҳгумзада дар дунёи некдилону оқилон аст!!!

Мусоев Ш.М.

Саидумаров С.С.

Leave a Comment