Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Ҳофизо май хӯру, риндӣ куну хуш бош, вале,

Доми тазвир макун, чун дигарон Қуръонро.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим, аз қабили инкишофи минбаъдаи соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, таъмини озуқавории мамлакат, соҳаи илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат дар паёми навбатии худ иброз доштанд, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохторҳои марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз қабили Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24 ва афроди алоҳида дар заминаи эътиқодоти динии амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ва гурӯҳҳои мухталиф, яъне хоҷагонашон бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геопалитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имкони дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Вале бадбахтона баъзан шахсоне ҳастанд, ки аз доираи ходимони дину уламои кишвар ва гурӯҳҳои алоҳидаи динӣ-сиёсӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, ки сарварии онро М. Кабирӣ ба уҳда дорад, то ҳол аз таҷрибаи талхи гузаштаи ба сари миллатомада натиҷабардорӣ накарда, барои расидан ба мақсадҳои муғризонаи худ ва иҷро намудани супоришҳои хоҷагони бегонаашон бо сӯйиистифода аз сатҳи пасти маърифати динию дунявии мусулмонон, бахусус ҷавонон, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки мардуми мусулмонро аз тариқи дини мубини ислом ҳар чӣ бештар вориди бозиҳои сиёсӣ карда, байни мардум тафриқаи динӣ эҷод намуда, фазои динӣ-сиёсии кишварро муташанниҷ созанду ба ҳамин восита тарҳҳои хоҷагон ва сарпарастонашонро амалӣ намояд.

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд, ба халалдор сохтани амнияти миллии давлатҳои гуногун мусоидат намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода муваффақ низ гардид. Мутассифона, дар ҷомеа гурӯҳҳое пайдо гардиданд, ки бо истифода аз эътиқоди мардуми мусалмони кишвар дини мубини исломро ҳамчун воситаи ноил гардидан ба манфиатҳои худ истифода бурда, ҳизбҳои хусусияти динидоштаро бунёд намуданд, ки яке аз онҳо ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) мебошад ва дар баробари ин баъзе гурӯҳу ҳизбу ҳаракатҳо омили низоу муноқишаҳои гуногун мегардиданд. Аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад, ки ахиран ниятҳои нопоки онҳо ошкор гардида, фаъолияти онро Суди Олӣ манъ намуд. Дар ин замина мо бояд таҳдид аз хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Чуноне ки таҳқиқоти муҳаққиқон дар ин ҷода нишон медиҳад, тундгароӣ дорои навъҳои гуногун буда, асоситарини онҳо радикализми сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ маҳсуб мешаванд. Воқеияти ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи инсонӣ имрӯз дар навбати аввал бо радикализми динӣ рӯ ба рӯ гашта, бештар ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад. Ифротгароӣ бошад маънои ифрот, зиёдаравиро дошта, дар он гурӯҳҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ва амалӣ гардонидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯйии худ зӯроварии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебаранд. Ифротгароӣ агар характери сиёсӣ пайдо намояд, яқин аст, ки аз тарафи ягон гурӯҳи муташаккил ба мақсади бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ва бо роҳи маҷбурӣ таҳмил кардани ақидаҳои ифротии худ таъсис шудааст. Аз ин рӯ, ифротгароии сиёсӣ барои амнияти давлатӣ ва ваҳдати миллии кишвар омили хатарнок дониста мешавад.

Ҳамарӯза мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем, ки дар баъзе мамлакатҳои ҷаҳони ислом вазъият ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки воситаҳои технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вконтакте, твитер ва ғ.) аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғу ташвиқи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Онҳо ба ин васила аз дин ва эътиқодоти динӣ истифода намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заифии дониши дунявиву динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» инфрасохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ сохтан мехоҳанд.

Чуноне ки гуфтем, яке аз сабаб ва омилҳои хусусияти сиёсӣ касб кардани дин дар ҷаҳони ислом, бахусус дар кишварҳои навистиқлоли Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз давлатҳои рушдкунанда ба ҳисоб мераванд, муборизаи давлатҳои абарқудрат ба мақсади зери нуфузи худ ворид сохтани ин кишварҳо мебошад. Мамлакатҳои қудратталаб барои васеъ намудани доираи манофеи геополитикии худ аз роҳу усулҳои мухталиф, аз таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароидошта ва интиқоли онҳо ба кишварҳои мусалмонӣ ва тариқи онҳо ба вуҷуд овардани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар ин кишварҳо замина фароҳам оварданӣ мешаванд. Чунки ба вуҷуд овардани вазъи ихтилофноки динӣ-сиёсӣ, истифода кардан аз эътиқоди динии мардум роҳи аз ҳама осонтар ва ба матлаб наздиктар аст ва таърихан усули санҷидашуда низ мебошад. Сиёсисозии дин ҳамеша ҳамчун омили афрӯхтани низоъҳои динию мазҳабӣ, этникӣ-миллӣ ва бархӯрдҳои сиёсӣ хизмат карда ва монеа дар роҳи таҳкиму рушди давлати миллӣ ва умуман ваҳдати мусулмонон будааст. Ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи сиёсисозии ислом кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳокимияти сиёсиро ғасб намуда, иродаи худро ба амал бароранд. Вобаста ба он ки кадоме аз ин ҳизбу ҳаракатҳо имкони ба сари қудрат омадан доранд, давлатҳои абарқудрат ин ҳизбу ҳаракатҳоро пуштибонӣ карда, тавассути онҳо нақшаҳои геополитикии худро дар ин ё он минтақа амалӣ месозанд. Дар чунин шароит сиёсисозии дин ва дар ин замина барангехтани низоъҳои динӣ-сиёсӣ барои давлати миллии рушдкунанда хеле хатарзо мебошад.

Аз ин рӯ, дар давлатҳои миллии рушдкунанда маҳз муносибати фарҳангӣ-арзишӣ ба дин яке аз омилҳои муҳими суботу амнияти ҷомеа буда, чунин тарзи муносибат ба дин ба рушди давлати миллӣ ва баланд бардоштани ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт давлати дунявии Тоҷикистон низ тӯли бисту нӯҳ соли истиқлолияти худ як қатор чораҳои мушаххаси ҳуқуқӣ андешид. Қабули қонунҳо “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Риояи қонунҳои мазкур барои рафъи хурофоту ифротгароии динӣ, танзими анъанаву маросимҳо, пурзӯр кардани назорати иҷтимоӣ ва дигар нақшу вазифаҳои волидайн ва калонсолон ҷиҳати дар рӯҳияи хушахлоқӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонон, инчунин решакан кардани падидаҳои номатлуби хусусияти хатарноки диниву сиёсидошта мусоидат менамояд.

Чуноне ки ҳамаи мову шумо шоҳид ҳастем, низои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ бунёди ақидатӣ дошт. Маҳз бо “шарофати” ТЭТ ҲНИ амну суботу ҷомеа хароб гардида, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери хатар гузошта шуд. Ин гурӯҳ тавассути сӯйиистифодаи шиорҳои динӣ дар байни мардум тафриқа андохта бародарро бо бародар, хоҳарро бо хоҳар душман сохт. ТЭТ ҲНИ бо пуштибонии «дӯстони хориҷиаш» кӯшиш ба харҷ дод, ки исломи суннатӣ (ҳанафия)-ро дар кишвар ба исломи бунёдгароӣ табдил диҳад ва тамоми масоили ҷамъиятию сиёсиро на дар асоси ақидаи исломи ҳанафӣ, балки тибқи талаботи исломи бунёдгароии сиёсикунонидашуда ҳаллу фасл намояд. Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ бо сабаби мавқеи зиддимиллӣ ишғол кардани ТЭТ ҲНИ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон низои динӣ-сиёсӣ на танҳо дар байни ақидаи исломию дунявӣ (коммунистӣ), балки инчунин дар байни ақидаи исломи бунёдгарои аз хориҷ таҳмилшуда ва исломи суннатӣ (ҳанафия) ба вуҷуд омад.

Дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва озодии виҷдон муайян кардани муносибати давлат ба дин фаҳмиши дурустро дар масъалаи табодули тарафайни давлату дин ташаккул дод. Маҳаки чунин фаҳмишро чунин ғоя ташкил медиҳад, ки ҷудоии дин аз давлат маънои ҷудоии мутлақро надошта, танҳо маънои ҷудоии дин аз сиёсат, яъне аз дастгоҳу мақомоти давлатиро дорад, то ки ягон гурӯҳ натавонад аз тариқи дастгоҳҳои давлатӣ, дин ва эътиқоди мардумро барои мақсадҳои муғризонаи худ ва вайрон кардани амну суботи ҷомеа истифода барад. Вале идеологҳои ТЭТ ҲНИ дунявиятро ҳамчун яке аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ инкор намуда, онро ба мардум ба таври дигар фаҳмонидан мехостанд ва дар баромаду мақолаҳои худ, ки дар рӯзномаҳои давриашон ба нашр мерасид, дунявиятро чунон шарҳ медоданд, ки гӯё он бо дин комилан мухолиф ва оштинопазир буда, лиҳозо маънои бединиро дошта бошад. Ҳол он ки дунявият ҳамчун присип дар ягон ҳолат озодии диниро маҳдуд наменамояд ва ягон идеологияро ба ҳайси идеологияи расмӣ қабул надорад.

Айни замон бояд ёдрас шуд, ки сарфи назар аз он дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ дар замони истиқлолият ба даст овардаанд, баъзан душманони ғоявии мо барои афрӯхтани низоъҳои сиёсию динӣ кӯшиш менамоянд бе ягон асосу далел сиёсати давлати дунявии моро нисбат ба дин нодуруст баҳогузорӣ намоянд. Вале дар асл дар зери шиори озодии эътиқоди динӣ ин душманони ғоявии мо кӯшиши озодона паҳн кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротии диниро ба мисли ақидаҳои салафигароӣ, ҳизбуттаҳрирӣ, ихвонӣ, ансоруллоҳӣ ва ғайра мефаҳманд, ки ба вайрон кардани назму субот ва амнияти ҷомеаи мо нигаронида шудаанд.

Оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобиовари фаъолияти сиёсӣ-динии ТЭТ ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидаанд. Ҳодисае, ки шаби 4-уми сентябри соли 2015 ба амал омад, ҳеҷ фарди миллатдӯсту ватанхоҳ ва инсонгароро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодиса бори дигар ба мардуми дар тӯли таърих аз дасти ба ном «ҳомиён»-и дини ислому мусулмонон азияткашидаи тоҷик нишон дод, ки пайванди дину сиёсат ба ин миллати фарҳангсози ситамдида ҳамеша бо оқибатҳои сангин анҷом ёфтааст.

Чуноне ки аз иқрори пайравони ин гурӯҳ бармеояд, ТЭТ ҲНИ соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Ғарб ва ИМА пинҳонкорона бо мақсади аз дохил вайрон кардани низоми Шӯравӣ таъсис ёфта буд. Неруҳои беруна ҳизби мазкурро ҳамчун василаи вайрон намудани Иттиҳоди Шӯравӣ то андозае истифода намуданд ва имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии қувваҳои манфиатҷӯйи минтақавӣ дар Осиёи Миёна метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ТЭТ ҲНИ бо созмону ташкилоти «байналмилалӣ» шаҳодат медиҳад. Далели ихтилоф доштани ТЭТ ҲНИ ба низоми давлатдории миллӣ ин аст, ки оинномаи ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Яъне оинномаи ТЭТ ҲНИ дар асоси ақидаҳои фундаменталистӣ эҷод гардида, манфиатҳои миллӣ дар мадди дуюм қарор доранд. Дар чунин ҳолат ҳокимияти теократӣ ба вуҷуд омада, ҳуқуқи пайравони дину мазҳабҳои дигар поймол мегардад ва таҳаммулпазирии динӣ дар ин ҷомеаҳо аз байн меравад.

Хулоса, ТЭТ ҲНИ мисли аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии диниву сиёсӣ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геостратегии онҳо дар кишварҳои мусалмоннишин табдил ёфтанд ва қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамин давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуқтаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд. Бинобар ин ТЭТ ҲНИ аз рӯйи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин созмонҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтаанд. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем.

Ногуфта намонад, ки барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқ аст, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошанд ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё созанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд, нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯйистифода намоянд.

Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, то фирефтаи макрҳои сиёсиву идеологии он гурӯҳҳои манфиатҷӯйи дини мубини исломро бо терроризм айниятдиҳанда ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррификунанда нашаванд ва аз гароиш ба онҳо худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафар шахсони бегуноҳи дигар мегарданд.

Мо бояд Ваҳдати миллӣ ва сулҳу сафоро чун гавҳараки чашм муҳофизат кунем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш мебошад. Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва таъмини сулҳу субот, пеш аз ҳама, хидмати халқи шарифи Тоҷикистон аст. Пойдории миллати тоҷик маҳз дар тафаккури сулҳхоҳӣ ва хислати таҳаммулпазирии он аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзию хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид ва ҳамчун омили муттаҳидкунанда дар ҷомеа мебошад. Ҳар як сокини мамлакат бояд барои ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллии кишвар талош варзад ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат амал намояд. Фақат дар фазои амну субот, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирии динӣ, садоқату вафодорӣ ба давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ имкони ба дастовардҳои назаррас ноил гаштан вуҷуд дорад. Фақат бо чунин услуби давлатдорӣ мо метавонем кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои мутамаддин ва мутараққии ҷаҳон мубаддал созем.

Leave a Comment