Воқеан дар олами муосир баъзе аз «сиёсатмадорон» баҳри пиёда сохтани ҳадафу манфиатҳои хеш ба ҳар амали манфии ношоиста даст мезананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии кишварҳои дигар мебинанд. Яъне ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ истилоҳоте чун терроризм ва экстрремизм пайдо гардидаву таҳдиди он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Воқеан дар олами муосир баъзе аз «сиёсатмадорон» баҳри пиёда сохтани ҳадафу манфиатҳои хеш ба ҳар амали манфии ношоиста даст мезананд. Ҳамин аст, ки роҳҳои расидан ба мақсади худро дар поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои нафарони дигар, миллату қавмҳои дигар, аз байн бурдани оромиву осоиштагии кишварҳои дигар мебинанд. Яъне ҳамин чиз сабаб гардидааст, ки дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ истилоҳоте чун терроризм ва экстрремизм пайдо гардидаву таҳдиди он барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аслан аз моҳияти мафҳуми терроризм ва экстремизм бармеояд, ки он ифодаи тарсу ваҳм ва  моҷароҷўиро дар худ касб намудааст. Магар инсон қодир аст, ки дар ин асри ҳуқуқӣ ба хотири расидан ба нияту ҳадафҳои хеш ба обрўю нуфуз ва беҳтарин муқаддасот – озодии инсон дастдарозӣ намояд? Магар ӯ дарранда нест, балки бадтар аз он аст?!

Рости дар посух ба ин суолҳо боз суоли дигаре ба миён меояд, ки пас пайдоиши терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон ва умуман дар дунё аз чӣ сарчашма мегирад? Дар атрофии ин масъала дар сиёсати имрўзаи ҷаҳон миёни ҷомеашиносону сиёсатмадорон мубоҳисаҳои зиёде ҷараён доранд. Аммо аз ду сар сарчашмаи идеологии онҳо бешатар динҳоро пайгирӣ менамоянд. Ба ин мазмун, таҳлилу ошкор намудани  низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи тамоми мардуми курраи Замин қарор дорад. Олимону пажўҳишгарон, масъулини ниҳодҳои дахлдор, сиёсатшиносон, исломшиносон, андешамандону соҳибназарон баҳри рафъи хатарҳои пешомада ва баҳои ҳақиқӣ додан ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа, хоса бархўрди манфиатҳои динӣ ва миллӣ, тафовут байни ҷаҳонбинии рўҳониён ва тафаккури дуниявӣ ва дигар масъалаҳо фикру андешаҳои мухталиф иброз намудаанд. Аз назари баъзе аз онҳо ҳадафи  чунин аҳзобҳои сиёсӣ таъсиси ҳизбҳои исломӣ ва паси идеологияи он пиёда кардани мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошад. Ҳизбҳои хусусияти мазҳабидошта ба чунин раванд майл дошта, барномаи хешро атрофи  идеологияи диние тарҳрезӣ менамоянд, ки гӯё ба дину Худо созгор аст. Имрўз шумораи чунин ҳизбҳо, ки сабаби нооромии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд, кам нестанд. Чунин мазмун гирифтани масъала таърихи сиёсии Тоҷикистони навинро пеши назар меорад.

Воқеан таърихи сиҳсолаи охири тоҷикон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даврае сарнавишти талху торик ҷомеаи моро фаро гирифта, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву идеологии кишвари мо инҳисороти зиёде расонида буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари намояндагони ТЭТ ҲИТ аз ҷумлаи чунин нафароне буданд, ки бо мақсади халалдор кардани оромиаи кишвар ба саҳнаи сиёсат ворид гардида буданд. Баъзе аз саркардагони ин гуруҳи террористӣ аз сиёсату фаъолияти давлат огоҳ буда, ташнаи курсиҳои ҳокимяту ва бо кадом роҳ ба даст овардану истифода намудани онро доштанд. Ин “сиёсатмадорони” ватанбезори курситалаб ҳанӯз аз даҳсолаҳои охири давлати Шӯравӣ пай бурда буданд, ки он пошмехӯрад. Аз ин фурсат истифода карда, бо тариқи пинҳонӣ бо дастгирии кишварҳои хориҷа ба ташкили ин ҳизб шуруъ намуда буданд. Як мудат пошхӯрии давлати Шӯравӣ ба амалишавии ҳадафҳои бузурги онҳо имконияти васеъ дод. Дар натиҷа ТЭТ ҲИТ бо иғвову дасиса дар остонаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кишварро ба муноқишаи шаҳрвандӣ табдил дод. Беист бародар бародарро мекушт. Кишвар вайрону валангор ва дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Беист ин гуруҳи ҷиноятпеша аз заифии диниву сиёсии ҷавонони онвақта истифода намуда, ҷомеаи моро ба майдони хунин табдил медоданд. Хуллас як муддат нақшаи солҳо кашидаи ТЭТ ҲИТ амалӣ гашт. Вале ҳокимяти ғайриқонунии онҳо умри дароз надид. Чунки дар урфиаят мегуяндку: чоҳкан зери чоҳ аст. Рост. Як муддати кӯтоҳ ҷонибдорони ин ҳизби террористӣ корду камон дар даст ба қатлу ғорат ва вайрон кардани ин ватани бобоиамон ба миён омада буданд. Вале он фурстаро аз даст доданд.  

Яъне мегуянд, ки бар сари фарзани одам ҳарчи ояд бигзарад. Аз ин кирдору рафтори ваҳшиёнаи “бо ном гӯё ҳизби динӣ” Худою Расул дар ҳайрату хиҷолат монда, аз ин нияти пешгирифташон онҳо бенасиб гардонид. Инчунин халқи тоҷикро панаҳварӣ намуда, ба он роҳи росту сарвари одил ато намуд. Ин аст, ки имрўзҳо беғаразона таҳлил кардани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор дорад. Сарвари арҷмандамон ҳамеша аз ин таҳдидҳо сухан гуфта, чун дигар ҳамтоёни хеш дар арсаи байналмилалӣ терроризму экстремизмро маҳкум намуда, доимо чунин изҳор менамоянд: «Ҳаводиси рўзҳои охир бавуқўъ пайваста аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо мекунад, ки барои фардои фарзандонамон муттаҳид шавем ва ин нерўи аҳриманро решакан созем».

Дар баробари рӯзҳои гузашта дар замони муосир низ ҷавонон ба ислом, дин ва охират тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳанӯз саркардагони ин ҳизби мухолифин бо сарвари М. Кабирӣ дар хориҷ сукунат дорад, ки бо ҳар ҳилаву найранг ба шуури насли наврас таъсири психологӣ мерасонанд. Ин мазҳаби террористӣ аз заифии он насле ки аз гузаштаи талху торики Кабирӣ барин “сиёсатмадорон” бехабар истифода бурда, дар ниқоби исломӣ нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бештар ҷавононро ба гирдоби «бало» кашида, муқобили фаъолияти ҳукумату давлат менамоянд. Хусусан ҷавононе, ки саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ҷаҳонбиниашон танг аст, бештар аз рўйи бефарҳангӣ ба доми чунин гурўҳҳо меафтанд, ки оқибат боиси бадбахтии оила ва худи онҳо мегардад.
            Дар ин хусус доимо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ иброз менамоянд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат бахшидани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Ба анзари мо  яке аз сабабҳои асосие, ки боиси майл кардани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд, омили иҷтимоӣ мебошад. Гурўҳҳои ифротгар ваъзъи пасти иқтисодии ҷавононро ба назар гирифта, ба ҷавонон молу сарватҳои зиёде ваъда дода,  онҳоро ба доми худ мекашанд. Бо ин ҳама надоштани дониши хуби динӣ, ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ сабаби ба ин гурўҳҳо шомил гардидани ҷавонон шуда метавонад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.
Дар шароити муташанниҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аввалиндараҷа ва ҳаёти муҳим ба шумор меравад. Чунки рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки мавҷудияти ТЭТ ҲИТ барин аҳзобҳои хусусияти террористӣ дошта метавонад омили ба миёноии  хатарҳои навбатӣ дар кишвар ва минтақа гарданд.

Мо бе муболиға асоснок метавонем кард, ки фаъолияти чунин созмонҳои паси пардагии террористӣ торафт васеъ шуда истода, таъсири манфии онҳо бештар ба мушоҳида мерасанд. Мисоли он кишварҳои бо мо ҳамшафат – Афғонистон ва Покистон шуда метавонад, ки зиёдгардинии чунин мазҳабҳои ифроти ваъиятро дар ин кишварҳо боз ҳам мураккабтар гардонида истодааст. Мубориза алайҳи ин вабои аср, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром, ҳифзи манфиатҳои ҳамдигарӣ ва муттаҳид намудани кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумиро тақозо менамояд.  Дар ин шароит ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, ин таҳкими пояҳои давлатдории дуниявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дуниявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онро зери ҳимояи худ қарор медиҳад. Яъне Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, ба тамоми ҳуқуқҳои виҷдонии шаҳрвандон арҷ мегузорад. Дар ин самт баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои башаррӣ, ҳамкориҳои судманди хешро бо тамоми созмонҳои сиёсиву ҳуқуқии башарарӣ ба роҳ монда, ба фаъолияти минбаъдаи ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъитӣ заминаи ҳуқуқӣ зам намудааст.

Вале мавҷудияти ТЭТ ҲИН барин гурўҳи ифротӣ намегузорад, ки  самти фаъолияти дохиливу берунии  кишвар муътадил бошад. Ин равияи террористӣ аз пайи туҳмату иғво ва хатарҳои сиёсии дигаре мебошад, ки ҳар лаҳза он метавонад дар оянда таҳдид ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар гардад. Мутаассифона, дар гирдоби таблиғу ташвиқи чунин гурўҳҳо наврасон ва ҷавонони ғафлат аз сиёсат меафтанд. Онҳо наврасону ҷавононро барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки хеш бештар истифода мекунанд. Роҳи ягонаи наҷот дар ин самт бетарафиро ихтиёр накардани шаҳрвандони дигар мебошад.

Дар ин самт бовари аз он дорем, ки ҳар фарди солимақли тоҷик ин фурсатро аз даст намедиҳанд. Зеро аз таҷрибаи сулҳи ба дастомада ба мо аён аст, ки кишвари мо аз вартаи нобудшавиӣ раҳо ёфт ва ҳамчун миллат ояндаи худро бо ақлу заковати хеш муайян намуд. Таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ин роҳи расидан ба ҳамбастагии миллӣ, оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили калидии рушди ҷомеаи муосири мо мебошад. Имрўз ҳифз, таъмин ва такмили сулҳу салоҳи миллӣ бояд ба яке аз вазифаҳои муқадаси табақаҳои гуногуни ҷомеа табдил ёбад. Яъне мафкураи ҳифзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ба мафкураи ягонагии миллӣ ва рушди минбаъдаи шаҳрвандон табдил ёбад. Ҳифз ва таъмину такмили сулҳу ваҳдати миллӣ дар шакли як шиори таблиғотию ташвиқотӣ неву, балки ба амали ҳамарӯзаи аҳли ҷомеа табдил ёбад. Он диққату  ғамхорӣ, такмилу тақвияти ҳамешагиро тақозо мекунад. 

Ҳамин тариқ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бояд аз ҳар гуна зарбаҳо ва олоишу ҳуҷумҳои муғризонаи бадхоҳонаш, хусусан аз саркардагони ТЭТ ҲИТ ҳифзу ҳимоя гардад. Дар ин самт танҳо мардони ватандўст ва содиқ бо ҳушёрии сиёсии худ дар атрофи Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, бо меҳнати суботкорона ва ободии Тоҷикистон бар зидди хоинони давлат ва миллат ҷавоби босазо метавонанд диҳанд.

Аз ин лиҳоз, имрўз аз ашхоси фирефтагаштаи тоҷик, ки пайи тафриқаи хоҷагони худ рафта, дар чорроҳаи гумроҳӣ мондаанд, даъват ба амал меорем, ки ба сўйи ваҳдату якдилӣ ва муҳаббат ба Ватану Модар бозгарданд! Танҳо дар ягонагӣ мо метавонем, ки ба ояндаи дурахшони давлату миллат бирасем!

Мусозода Ш.М.

Саидумаров С.С.

Leave a Comment