Имрӯз устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соати 10-00 ба таври дастаҷамъона тариқи телевизор ва экранҳои бузург дар толорҳои донишгоҳ натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ асосан донишҷӯён ҷамъ омада, бесаброна мунтазири натиҷабардорӣ аз интихобот ҳисоботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гӯш карданд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз – 11.10.2020 тамоми мардуми Тоҷикистон баҳри озодию истиқлолият, тинҷию амонӣ ва беҳбуди ояндаи Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва овоз доданд. Дар ин чорабинии сиёсӣ аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 110 нафар волонтёрон иштирок намуда, дар рафти интихобот саҳми худро гузоштанд.

Пас аз эълони натиҷаи интихобот, ки аз рӯйи ҳисоби пешакӣ Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди бештари овозҳо – 90,92% аз шумораи умумии интихобкунандагон овозҳоро соҳиб гардидааст, иштирокдорони чорабинӣ бо кафкӯбии бардавом натиҷаи интихоботро хуш қабул намуданд.

Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ пас аз анҷоми эълони натиҷаҳо ҷавонони донишгоҳ бо шиорҳои “Ҷавонони Донишгоҳи техникӣ – ҷонибдори Пешвои миллат!”, “Пешвои миллат, мо бо шумоем!”, “Бо Пешвои миллат ба пеш!” ва ғайраҳо баромад намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

Leave a Comment