Меҳргон яке аз бузургтарину бошукӯҳтарин ҷашни тоҷикон, ҷашни пайвандгари аҳду паймон, ҷашни ҷамъоварии натиҷаи заҳмати пурбори деҳқон ба шумор меравад. Аз қадимулайём мардуми ориёинажод Меҳргонро ҳамчун ҷашни ҳосилғундорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат таҷлил мекарданд. Бо гузашти замон ин ҷашни миллии мардуми ориёиасл ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, таҷлилаш дар мамлакатҳои эронинажод сурат намегирифт. Аз нишонаҳои ин ҷашни муқаддас бузургонамон танҳо дар маъракаҳои ҳосилғундорӣ ёд мекарданду халос. Бо баробари ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ва бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ҷашнҳои бузурги аҷдодонамон дубора эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварданд. Ин ҷашнвораи бузург тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дар қатори дигар ҷашну маросимҳои гузаштагонамон ҳамчун иди миллӣ эътироф гардид.

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Пурфайз бод хони шумо аз нуру нори арғавон.

Калимаи “Меҳргон” маъноҳои “меҳру муҳаббат”, “соҳибони меҳр”, “дорои меҳр”, “меҳрубон”-ро ифода карда, ҳамчунон дар адабиёти гузаштагонамон ин калима ба маънои Офтоб низ омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода мекунад. Дар истилоҳ меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ аст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқамандӣ дорад. Дар замонҳои қадим мардум Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадим ба ин ном нисбат медоданд. Ба ақидаи бархе аз таърихнигорон меҳр на фақат Хуршед аст, балки дар китоби муқаддаси оини Зардуштиён ”Авесто” яке аз худоёни устуравии бузург ба ҳисоб рафта, ба он мардуми ориёӣ ниёиш мекарданд ва аз он омурзиш мехостанд. Истилоҳи таърихии Митро маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоят ва дар асри II пеш аз мелод ҳамчун Худои Офтоб ба ҳисоб мерафт.

Меҳргон дар қатори идҳои Сада, Тиргон ва Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод ба шумор меравад. Ба ақидаи мардуми ориёинажод гӯё дар гузашта танҳо ду фасл вуҷуд доштааст: тобистон ва зимистон. Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати марди деҳқон, натиҷаи давраи хушкию офтобӣ ва ҳосилҷамъкунию ҳосилғундорӣ будааст. Дар моҳи меҳр офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад ва то аз он баромадани Офтоб як моҳ (аз 23.09 то 23.10)-ро ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр мутобиқ ба 8-уми октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Наврӯз ба номи шоҳ Ҷамшед ва ҷашни Меҳргон ба номи шоҳ Фаридун вобаста шудааст. Дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ омадааст, ки баъд аз ҳукмронии шоҳ Ҷамшед салтанатро Заҳҳоки морон ба даст мегирад ва дар замони салтанаташ ба мардум зулму ситами зиёде мекунад. Хушбахтона аз насли шоҳ Ҷамшед ҷавонмарде бо номи Фаридун пайдо шуда, Заҳҳокро аз сари ҳокимият меронад, ки ин воқеа дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ хурсанд шуда, ҷашни бузург баргузор намуданд ва номи ин ҷашнро “Меҳргон” гузоштанд.

Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фарҳанги суннатӣ ва ҷашну маросимҳои бостонӣ зиёд гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки минбаъд иди Меҳргон дар қатори иди Наврӯз ҳамасола ҳамчун иди миллӣ дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шавад. Ҳоло ҷашни Меҳргон ҳамасола дар шаҳру ноҳия, ҷамоату деҳот ва муассисаҳои таълимӣ бо барномаҳои суруду мусиқӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ баргузор мегардад. Тайи чанд соли охир пас аз даҳ рӯзи аввали моҳи октиябр то моҳи ноябр омад-омади ин ҷашни бошукӯҳро мардум бо карнаю сурнай, рақсу тарона дар тамоми деҳот, ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба таври расмӣ бо шукӯҳи баланд барпо мекунан. Дар ин ҷашн деҳқонон ҷамъ шуда, ҳосили дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд. Мардум бошад, ба идгоҳ рафта, машғули шодиву хурсандӣ, рақсу бозӣ шуда, омад-омади фасли зимистонро ҷашн мегиранд. Ҳамин тавр, Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон идҳои миллию аҷдодии мардуми эронинажод ва ориёитабор ба шумор мераванд, ки дар гузашта авлоду аҷдодони гузаштаи халқи тоҷик ин ҷашнҳоро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд.

Барои гиромидошти ин ҷашни пуршукӯҳ бо ташаббуси Пешвои миллатамон номи як қатор гулгашту хиёбон ва бозор ба номи ин ҷашни таърихӣ гузошта шудааст. Мо ҷавонони даврони истиқлол пайгири бевоситаи ин иқдоми пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ буда, талош меварзем, ки баҳри эҳё гардондани ҷашну маросимҳои гузаштагонамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Ёрмаҳмадзода Фаридун Ибодулло

Донишҷӯи курси дуюми факултети Энергетикӣ, гурӯҳи 430103Б

Leave a Comment