Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷушест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пойи модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пойи модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷушест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чи қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксори ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеч чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5 хоҳ 50, барои ӯ модар, навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеч баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷахонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардӣ.

Модар – зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан – модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд:

Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар онҳо занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.

Ҳамаи касбҳо хубанд, лекин аз ҳамааш ҳам касби омӯзгориро меписандам, зеро дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам.

Омӯзгор! Барои тасвири симои ботинӣ ва зоҳирии соҳиби ин касб қалами ҳеҷ суханвар ва ҳеҷ рассом қудрат надорад, зеро дар чеҳраи омӯзгор хатҳои ноаёне мавҷуданд, ки муҳаббати ӯ нисбат ба касбу хонанда ва Ватан акс ёфтаанд. Омӯзгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошиқи касби хеш буда, маънии ҳаёташ хизмат ба мардум аст. Ӯ шахси дилсӯзу меҳрубон ва ҳақиқатгӯву заҳматкаш мебошад.

Агар замину растаниҳо аз нури офтоб сабзанд, хонандагон бошанд, аз нури пурмеҳри омӯзгор баҳра мегиранд, ба қуллаҳои баланди бахту саодат ва орзуҳо мерасанд. Устод дар дили шогирд машъал меафрӯзад, барои ба даст овардани бахту толеъ роҳи ӯро мунаввар месозад.

Дар симои чунин модари дилсӯзу ғамхор, устоди азизу меҳрубон, Аҳророва Алфия Дадахоновна – олим, иқтисодчии шинохта, мутахассис дар соҳаи иқтисодиёти комплекси энергетикӣ ва рушди соҳаи маориф, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои иҷтимоию омӯзгорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон моро роҳнамоӣ мекунад.

Аҳророва Алфия Дадахоновна 9-уми августи соли 1943 дар шаҳри Андиҷони ҶШС Ӯзбекистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти умумиро соли 1960 бомуваффақият хатм намуда, таълимро дар муассисаҳои гуногуни илмӣ идома додааст, ки аз он дипломҳо ва сертификатҳои сершумор шаҳодат медиҳанд.

Марҳилаҳои асосии фаъолияти таълимию илмии ӯ таҳсил дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, аспирантураи Донишгоҳи марказии иқтисодӣ-математикии Академияи илмҳои ИҶШС, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи “Иқтисодиёт, ташкил ва идораи истеҳсолот”, Донишгоҳи педагогии ш. Душанбе, докторантураи Донишгоҳи марказии иқтисодӣ-математикии Академияи илмҳои ИҶШС, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, профессори кафедраи “Иқтисодиёт ва менеҷменти истеҳсолӣ”, Академияи иҷтимоию омӯзгории Россия ва монанди инҳоро ташкил медиҳанд, ки бо аттестат, диплом ва ғайраҳо сарфароз гардидааст.

Илова бар ин, Аҳророва А.Д. аз солҳои 1998 то ин вақт дар семинарҳо, конференсияҳо, тренингҳои дохилию байналмилалӣ иштирок намудааст.

Алфия Дадахоновна дар фаъолияти чандинсолаи худ дар вазифаҳои гуногун дар соҳаҳои асосии энергетикӣ ва муассисаҳои таълимии кишвар кор карда, таҷрибаи касбии худро ба шогирдони сершумор омӯзонидааст.

Солҳои 1966-67 ӯ ба ҳайси муҳандиси калони шуъбаи техникию истеҳсолии Сарраёсати энергетика ва электрификатсияи Тоҷикистон ва баъдан тайи ду сол ба ҳайси тадқиқотчӣ-таҷрибаомӯзи Донишгоҳи марказии иқтисодию математикии Академияи илмҳои ИҶШС ш. Москав кор кардааст. Аз соли 1973 то ин вақт ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолияти пурсамари худро идома дода, ҳамзамон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгори калон, дотсенти кафедра, мудири кафедра ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолият намудааст.

Айни ҳол Алфия Дадахоновна профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст. Дар тамоми вазифаҳо Алфия Дадахоновна барои ҳамкорон ва донишҷуёни донишгоҳҳо ҳамчун намунаи корманди касбӣ ва соҳибтаҷриба ибрат меомӯзад.

Аҳророва А.Д. дар соҳаи таълимоти олӣ собиқаи кории беш аз 40-сола дошта, дар ин муддат бевосита дар тайёр намудани бисёр муҳандисон ва иқтисодчиёни касбии соҳавии Тоҷикистон иштирок намудааст. Лексияҳо ва курсҳои асосии ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба мавзӯъҳои «Иқтисодиёти истеҳсолоти энергетикӣ», «Менеҷмент ва маркетинг дар корхонаҳои барқӣ», «Идораи давлатии иқтисодиёт», «Амнияти иқтисодӣ», «Амнияти энергетикӣ» бахшида шудаанд.

Дар доираи фаъолияти илмии худ профессор Алфия Дадахоновна баҳри рушди илми иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 корҳои илмӣ, аз ҷумла панҷ монографияҳо, бахшида ба такмили тавозуни энергетикаи минтақавӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои обию барқӣ, нақшакашии иқтисодию иҷтимоии низоми таъминоти Осиёи Миёна ба ангиштсанг, идораи талабот ва асосноккунии сиёсати нархномаи неруи барқ, таҳлили таъсири муҳити дохилию беруна ба рушди устувори комплекси энергетикии Тоҷикистон аст. Корҳои илмии профессор Аҳророва А.Д. баланд арзёбӣ гардида, инчунин аз ҷониби созмонҳои байналмилалии илмӣ эътироф шудаанд.

Зери роҳбарии бевоситаи илмии ӯ зиёда аз 30 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ тайёр шудаанд, ки корҳои онҳо ба ҳалли масъалаҳои рӯзмараи кишвар бахшида шудаанд. Алфия Дадахоновна айни вақт роҳбарии аспирантҳоро оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ дар сатҳҳои гуногун идома дода истодааст.

Махсусан қайд кардан бамаврид аст, ки Алфия Дадахоновна аввалин олим-зан дар Тоҷикистон мебошад, ки унвони доктори илмҳои иқтисодиро сазовор гаштааст.

Дар доираи фаъолияти ҷамъиятию касбӣ ӯ дар соҳаи таълимии Тоҷикистон саҳми арзандае гузошта шудааст. Таҷрибаи касбии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд арзёбӣ мегардад. Бо тавсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати ташкилоти байналмилалию молиявӣ ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои бузург оид ба такмили сохтори низоми энергетикии кишвар, идораи манбаъҳои обӣ, таълимоти бизнес ва иқтисодиёт – Шабакаи таъсискунандаи Осиёи марказӣ (EdNet), аъзои Шӯрои роҳбарикунанда (намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), роҳбари Шӯрои дисертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия оид ба ҳимояи диссертатсия барои унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, аъзои Шӯрои диссертационии назди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон КОА Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия оид ба ҳимояи диссертатсия барои унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, аъзои гурӯҳи кории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эксперти асосии лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи маориф ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи ташкилоти байналмилалию молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, фаъолона иштирок намудааст.

Дар доираи фаъолияти касбию илмӣ профессор Алфия Дадахоновна муносибатҳои хуби корию касбиро бо донишгоҳҳо ва олимони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Германия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Италия, Эстония, Юнон ва Швейсария ва дигар давлатҳо ба роҳ монда, пайваста таҳким мебахшад.

  • Ӯ манфиатҳои васеи илмӣ доир ба мушкилоти иқтисодии комплекси энергетикӣ (рушди устувори бахши энергетикӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои энергетикӣ, такмили монополияҳои табиӣ, сиёсати наргузорӣ ва ғайраҳо), амнияти энергетикии кишвар ва сохтори минтақавии ӯ, марҳалаҳои интегратсионӣ ҳангоми истифодаи самараноки захираҳои Осиёи Марказӣ, амнияти иқтисодӣ ва усулҳои таъмини он, этикаи пешбурди энергетика ва маориф дорад.

Бо пешниҳод ва иштироки бевоситаи ӯ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент, кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот», ки ӯ муддати дароз сарварӣ намудааст, таъсис ёфта, тахассусҳои «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот», «Иқтисодиёт ва идораи соҳаи энергетика ва алоқа» бо тақдими классификатсияи иқтисодчӣ-муҳандис ташкил кардааст. Инчунин Маркази технологияҳои иноватсионионӣ таъсис гардида, дар он озмоишгоҳи «Энергияи тозаи табиӣ» бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуда, магистратура оид ба ташкили манбаъҳои алтернативии энергия таъсис гардидааст. Зери роҳбарии ӯ консепсияи ифтитоҳи магистратура барои се тахассуси дигар оғоз гардидааст.

Барои фаъолияти чандинсолаи пурмасъули худ, инчунин барои саҳми шахсӣ дар рушди соҳаи маориф ва илм Алфия Дадахановна бо ҷоизаҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Профессор Аҳророва Алфия Дадахоновна то имрӯз фаъолияти илмии худро идома дода, ҳамчун неруи илҳомбахш ва пешбарандаи мавзӯъҳо ва лоиҳаҳои муосир, ки барои амалӣ намудани онҳо олимони ҷавон, донишҷӯён ва магистрҳои ҷавон сафарбар шудаанд, хизматҳои шоён мекунад.

Лолаев З.Х., Сафаров Қ.А., Гулова М.Б. – устодони кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ.

Leave a Comment