Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд».

Бо ҳамин натиҷаҳо 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.

Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Россия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 26-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад. 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ (моддаҳои 1-13).

Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47).

Боби 3. Маҷлиси олӣ (моддаҳои 48-63).

Боби 4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64-72).

Боби 5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 73-75).

Боби 6. Ҳокимияти маҳаллӣ (моддаҳои 76-80).

Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моддаҳои 81-83).

Боби 8. Суд (моддаҳои 84-92).

Боби 9. Прокуратура (моддаҳои 93-97).

Боби 10. Тартиби тағйири конститутсия (моддаҳои 98-100).

Муқарароти интиқолӣ дар бар мегирад:

  1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
  2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
  3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
  4. Судяҳои ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб ва ё таъйин шудаанд, ваколати худро то анҷоми муҳлаташон нигоҳ медоранд. Баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳо судяҳо ба муҳлати 10 сол интихоб ва ё таъйин мешаванд.

Муминов Ф.С. – сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон.

Саидов Б.Б. – ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ.

Амонатова Ф.Қ. – мудири осорхона.

Leave a Comment