Дар олами муосир амалҳои даҳшатангезе, ки аз ҷониби равияҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба вуқуъ мепайвандад, кулли ҷомеаи ҷоҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои оромтарини дунё Фаронса, Олмон, Англияро ба ташвиш овардааст. Амалҳои анҷом дода истодаашон на ин ки кишварҳои Аврупо, балки ҷомеаи орому мустақили Тоҷикистонро орому бетараф намегузорад.

Воқеан сар задани чунин амалҳо ба мисли ҳодисаҳои дигар бо гузашти вақт сабти таърих гардида, дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ то андозае таъсири манфии худро мегузоранд. Аммо ягона омиле, ки дар ин самт роҳи ҳалли худро наёфта, инчунин сарфи назар карда намешавад, дар робита қарор доштани амалҳои мазкур бо исломи сиёсӣ ва хостаҳои исломидошта ташкил менамояд. Ашхосе, ки дар ин тазоҳуру даҳшатҳо иштирок намуданд, худро исломӣ ҳисобида, аз номи дин чунин амалро анҷом медиҳанд. Чунин амалро ба хотири ҳадаф ва арзишҳои гурӯҳи ғайриинсониашон иҷро намуда, арҷгузорӣ ба ин равияҳои террористии хунхори “Давлати исломӣ” ва дар навбати худ зарба ба дини поки ислом намуда, номи неки мусалмонро доғдор менамоянд.

Дар олами муосир амалҳои даҳшатангезе, ки аз ҷониби равияҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба вуқуъ мепайвандад, кулли ҷомеаи ҷоҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои оромтарини дунё Фаронса, Олмон, Англияро ба ташвиш овардааст. Амалҳои анҷом дода истодаашон на ин ки кишварҳои Аврупо, балки ҷомеаи орому мустақили Тоҷикистонро орому бетараф намегузорад.

Воқеан сар задани чунин амалҳо ба мисли ҳодисаҳои дигар бо гузашти вақт сабти таърих гардида, дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ то андозае таъсири манфии худро мегузоранд. Аммо ягона омиле, ки дар ин самт роҳи ҳалли худро наёфта, инчунин сарфи назар карда намешавад, дар робита қарор доштани амалҳои мазкур бо исломи сиёсӣ ва хостаҳои исломидошта ташкил менамояд. Ашхосе, ки дар ин тазоҳуру даҳшатҳо иштирок намуданд, худро исломӣ ҳисобида, аз номи дин чунин амалро анҷом медиҳанд. Чунин амалро ба хотири ҳадаф ва арзишҳои гурӯҳи ғайриинсониашон иҷро намуда, арҷгузорӣ ба ин равияҳои террористии хунхори “Давлати исломӣ” ва дар навбати худ зарба ба дини поки ислом намуда, номи неки мусалмонро доғдор менамоянд.

Дар ҳақиқат амалиёти охири дар кишварҳои Аврупо баамаломада баъзе аз ҷомеаҳои нисбатан ақибмондаи шарқиро, ки чунин рафтор ба анъанаи доимиашон табдил ёфтааст, нигарон менамояд. Хусусан, воқеияти чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Миср шумораи зиёд доша, ба маркази истеҳсоли равияҳои террористӣ ва амалиёти ин гурӯҳҳо табдил ёфтааст. Дар ин кишварҳо сар задан ва бунёди ҳамаи ҳодисаҳои хунинро маҳз аз ислом ва ҳадафгузорӣ аз шариати исломӣ қарор додаанд.

Қазоват бояд намуд, набояд фаромӯш сохт. Чунин саҳнаҳои сиёсии ин гурӯҳҳою равияҳо ва ашхосоне, ки аз номи дини ислом ва шариати поки он истифода менамоянд, барои мардуми тоҷик бегона нест. Зеро парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ аз як тараф ба кишвари мо истиқлолияти сиёсӣ, давлати миллии ҳуқуқбунёду демократӣ дода, ба манфиату ҳуқуқу шарафи шаҳрвандон заминаи дунявӣ гузошта бошанд ҳам, аммо аз дигар ҷониб сабабгори як қатор бесарусомониҳои сиёсӣ дар кишвар гардида, ба ҳаёти миллионҳо нафарони бегуноҳ ва оилаҳояшон хатар ва сабабгори марги ҳазорҳо бегуноҳон дар кишвар гардида буданд.

Аз ин фурсат истифода намуда, як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бо сарварии ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ), ки дар назарияи дурӯғу нопокашон пуштибони аз хуқуқу манфиатҳои диндорон ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд буд, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба коми фиребу дасисаҳои хеш ғарқ намуда буданд. Аммо таърихи сиёсӣ ба ҳамаи мо шоҳиди ҳақиқат буда, чеҳраи талхи онҳо ва ҳодисаҳои ғамангезу даҳшатовари он замонро дар чашми ҳар яки мо намудор менамояд, ки наход бародар ба бародар ҷанг намоянд. Аммо мутаасифона чунин буданд. Рафтори ғайриинсонии аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки худро мусулмонони асилу содиқ ба мардум нишон дода, дар дили нопокашон ҳаваси воридшавӣ ба сиёсат ва табаддулоти ҳукумати қонуниро пешаи хеш намуда буданд, нафарони ноогоҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард. Дар кӯтоҳтарин муддат оммаи аз сиёсату ҳақиқат бехабарро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, бевосита ба майдоншинӣ даъват менамуданд.

Хуллас, гирдиҳамомадагон аз ноҳияву шаҳру вилоятҳо атрофи чунин “фидоиёни исломӣ” (пешвоёни ҲНИ) дар майдони “Шаҳидон” ҷаъм гардида, аз ҳукумати конститутсионӣ, ки хоҳиши муттаҳиду обод гардонидани кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро доштанд, истеъфои ҳукуматро талаб менамуданд.

Аз дигар тараф, роҳбарони ТЭТ ҲНИ барои муташанниҷ намудани вазъияти сиёсии ҷумҳурӣ ва ба боварии мардум даромадану онҳоро мутмаин сохтан Қуръони Каримро ба даст гирифта, хона ба хона, масҷид ба масҷид гашта, мардумро ба муқобили гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ», ки даъвои чунин бенизомӣ ва ҷонибдори ҳукумати қонунӣ буданд, таблиғ намуда, шумораи майдоншинони ТЭТ ҲНИ-ро аз ин ҳисоб зиёд менамуданд. Ба мардуми гумроҳзадаи аз дину ислому сиёсат бехабар мефаҳмониданд, ки гӯё дар майдони “Озодӣ” коммунистони беимон ҷамъ омадаанд, мақсадаҳояшон бастани масҷидҳо, аз миён бурдани дини мубини ислом, ба ҳабс гирифтани эшону уламо, пешвоёни дини муқаддаси ислом мебошад. Ин усули ТЭТ ҲНИ боиси зиёд гардидани рақобати бародар бо бародар, писар бо падараш гардонида, гӯё ба оташ равған пошиданд, ки ҳарчи тезтар алангааш ба фалак барояду ҷанги бародаркуш оғоз гардад.

Агарчӣ аз назар пӯшида набуд, ки дар ду майдон гирд омадани афкори ба ҳам мухолиф рӯзе боиси cap задани нохушии гӯшношунид ва хунин мегардад, агар онҳо воқеан тарафдори оромии вазъи ҷумҳурӣ мебуданд, майдони «Шаҳидон»-ро ташкил накарда, аз рӯйи инсофу адолат гузашт намуда, мардуми меҳнаткаши фирефтаро ба рехтани хуни бародар ҳидоят намекарданд. Ҳол он ки дар он вақт барои халқу Ватан на шунидани сафсатаҳои беасоси роҳбарони ТЭТ ҲНИ асосӣ буда, балки ҷой додани идеяи давлати миллии тоҷикон дар ақлу шуури мардум воқеияти замон буда, ба қиммати чунин неъмати бебаҳо расидан зарурати воқеиро ташкил медод. Баракс гирдиҳамоии як моҳи охирашон, ки ҳеҷ кас ба кори онҳо дахолат накарда, ҳар чӣ мехостанд, ҳукумати қонуниро (Вой бар ҳоли демократия! Мансабталошони ҳаққимардумхӯр! Кофирони номусулмон!) ба мардум сиёҳ намуда, оқибат сабабгори ҷанги бародаркуш дар кишвари азизамон гардиданд. Хизматчиёни давлатӣ сиёсатмадорони он давр, ки нону намаки давлатро солҳо хӯрда буданд, ба қафо нигоҳ накарда, ба он хиёнат намуданд.

Масалан, ба монанди ватанфурӯш генерал Ҳоҷӣ Ҳалим, ки давлат ба тамоми хатоҳои гузашта (аъзои собиқ ТЭТ ҲНИ буданаш) чашм пӯшида, ба ӯ вазифаю имкониятҳои зиёде дода буд, хиёнат намуда, мақсади табаддулоти давлатиро кашида буд. Ба монанди ӯ дар он давра кам набуданд. Масалан, генерал-майор Раҳмонов Б. низ дар он солҳо ба давлату миллати қонунии хеш хиёнат намуда буд. Яъне моҳи майи соли 1992 генерал-майор Раҳмонов Б. савганди дар назди Президент ва давлат додаи худро шикаста, ноҷавонмардона ба тарафи мухолифин гузашта, яроқу аслиҳаи зиёди чангиро ба ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ дода, заминаи оғози моҷарои шаҳрвандӣ дар кишвар гардида буд.

Пасон, хоини миллати тоҷик генерал Раҳмонов Б. ба ҷониби мардуми оппозитсионӣ бо арзи том гуфтааст: «Эй аҳли ислом, эй мардуми озодихоҳу ҷасур! Ман фарзанди эшону эшонзодаам, бобокалонам дар вақти ҳаҷҷи акбар дар Маккаи мунаввара ба номи Худованди кариму Муҳаммад расули барҳақ ҷон ба ҳақ супоридааст. Падарамро бошад, коммунистони беинсоф, бедину беимон барои эшонзода буданаш ва тоату ибодат карданаш зиндонӣ карда, китобҳояшро оташ зада буданд. Имрӯз чун авлоди эшонзода, арвоҳи падару бобоямро шод намуда, барои ғалабаи дини мубини ислом, барои озодӣ бо Шумо мардони майдон, ҷасурони миллат ҳамроҳ гардида, яроқу аслиҳаи зиёдро аз ҳисоби ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумо туҳфа менамоям ва то қатраи охирини хунам бо Шумо якҷоя ба муқобили коммунистони беимон мубориза мебарам. Ба ҷону мазҳабам қасам, ки рост мегӯям!..».

Суханҳои ӯро шунида майдони «Шаҳидон» ба ваҷд омаданд. Ба тарафи онҳо гузаштани генерал Раҳмонов барояшон як бозёфти гаронбаҳое буд, чунки теша ба решаи давлати навзоди тоҷикон мезаданд. Эшону эшонзодаҳо, ҳоҷиёну қориёни «Қуръон» даст ба рӯ бурда, аз Худованди карим талаб менамуданд, ки генерал Раҳмоновро аз нури биҳишт мушарраф гардонад. Ба номи Худои яккаву ягона қасам ёд мекунем, ки ҳеҷ гоҳ намегузорем, ба пойи ӯ хоре халад ва чораҳое меандешем, ки то вазифаи вазири дифоъ насибаш гардад…

Қазоват намоед, ҳамватанони азиз, ки аз шунидани ин ҳарфҳо Раҳмонов Б. болидахотир гардида, қабат-қабат гӯшт мегирифт. Аммо қисме аз мардуми бофаҳми диниву дунявӣ дар ҳайрат монда меандешиданд, ки худоё худовандо, чаро баъзе бандагонатро то дараҷае чоплусу ноҷавонмард офаридаӣ, ки барои соҳиби мансабу мол шудан аз дину миллату модар рӯ гардонида, монанди обу ҳаво тағйир меёбанд. Ӯ беист изҳор менамуд, ки «Роҳи пешгирифтаи ҲНИ қобили қабул аст ва мо барои озодӣ мубориза мебарем». Ин фикри ботили хоини ватанро мухбирони дурӯяву палид ҳамчун амали ҷавонмард тасвир менамуданд. Барои он ки ба дасти худобехабарон силоҳи зиёде дода, ба муқобили мардуми бесилоҳ фиристод ва сабабгори рехтани хуни инсони бегуноҳ гардид, бо ӯ чун қаҳрамони миллат муносибат менамуданд. Ҳол он ки ин эшонзода (генерал Раҳмонов Б.) аз забони модарӣ ҳарфе ва аз «Қуръон»-и маҷид ояте намедонист, калла меҷунбонд, аммо барои кӣ ва аз чӣ сабаб худаш медонисту худо.

Имрӯз ки Б. Раҳмонов чун хоини миллат дар кӯтоҳтарин муддат аз сари қудрат дуру нопадид гардидааст, ҷони даҳҳо касони бегуноҳ аз ин нокас халосӣ ёфт! Худованд агар бандагонашро аз як хок офарида бошад, пас чаро якеро ҷавонмарду дигареро номарду беномус офаридааст, ки аз дасти ӯ касони дагар азоби ҷисмонию рӯҳӣ мекашанд?…

Маврид ба ёдоварист, ки пайғамбарамон фармудаанд: «Мусулмон онест, ки аз забон ва аз дасти ӯ мусулмоне озор наёбад». Ба ин мазмун Ҳақ таъоллоҳ фармудааст: «Тарсед, эй бандагон аз Худо ва якдигарро ҷангу таҳқир насозед». Биёед худ қазоват менамоем, ки чӣ гуна ҳомиёни дини ислом дар ин раванд бар муқобили фармудаи Худою пайғамбар амал намуда, ба садои баланд нафароне, ки ҷонибдори ҳукумати қонунӣ, озодӣ ва амнияту суботи кулли мардуми Тоҷикистон буданд, таҳқир карда, номусулмону беимон мегуфтанд. Пас, аз гуфтаи Худою расул худи онҳо чи гуна мусулмон будаанд?! Албатта дар ҳама замон халқу таърих довари замон буда, баду нек, мусулмону қаҳрамони миллатро ба хубӣ дарк намудаанд, ки сазовори он аст…

Чунин фикру акидаҳои пур аз буҳтону туҳмат ба иззати нафси дигарҳо расида, ҳеҷ гоҳ заминаи иттиҳоди сиёсӣ ва сулҳу осоиш дар миёни мардуму гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ шуда наметавонад. Онҳое, ки мардуми ҷумҳуриро ба шӯр меоварданд, миёни ҷомеа суботи ояндаи кишварро намехостанд. Аз ин рӯ, баъди ин қадар кашмакашиҳои бемаънӣ баъзе аз онҳо ба рӯйи мардуми шарифи тоҷик чӣ тавр ва бо кадом рӯ нигоҳ мекарда бошанд? Алҳол он номусу ор ва раҳму шафқати мусулмониашонро куҷо намудаанд? Ё баъд аз ин ҳама хатоҳои сиёсӣ ва мардумфиребиашон дигар маротиб ба хато даст назада, чун фарди комили ин Ватани обод зиндагони мекарда бошанд?! Албатта инро танҳо вақту замон муайян мекунад, ки онҳо то кадом андоза мусулмон ва номусу шарафи инсонӣ доранд.

Дигар ин ки қазовати мусулмонии мо ба дасти Худованди карим аст, на ба дасти ТЭТ ҲНИ ва эшону саидзодагони пургуноҳ ва сохтаю бофта, ки динро баҳри манфиатҳои сиёсиашон истифода менамоянд. Охир, Парвардагори олам ба ҳеҷ бандаи худ, ҳатто ба пайғамбари охири замон ҳазрати Муҳаммади мустафо ҳуқуқи ба дини муқаддаси ислом маҷбур намудани касеро надодааст, чунон ки дар ояти мубораки Қуръон омадааст: “Ва лав шои раббука лаомана ман фил арзи қуллуҳум ҷамиъан афоанат тукриҳу ан-носа ҳатто якуну муъминин” (Эй расули Худо, мо Худои ту агар мехостем, аҳли замин ҳaма яксара имон меоварданд, (чун нахостем) ту кай тавонӣ то ба ҷаббору икром ҳамаро мӯъмину худопараст гардонӣ») (Сураи Юнус, ояти 99). Аз таҳлили ин ояи муборак бармеояд, ки 98 фисади аҳолии кишварро, ки мусулмонон ташкил менамоянд, иродаву имонашон на ба воситаи ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни ифлоси он бедору мустаҳкам гардидааст, балки онҳо имону виҷдони нафаронеро, ки аз пушти худ мебурданд, дар назди Худою расулу динашон заифу гунаҳгор намудаанд.

Ҳамин тариқ, чунин рафтори ноҷавонмардонаи як идда нотиқони ТЭТ ҲНИ воқеан ба дини мубини ислом вайронӣ ва ба ҷомеаи тоҷик хавфу хатар меоварданд. Итминони комил дорам, қисме аз онҳо сазовори ҷазою бозпурсӣ дар назди қонунро дошта, қисмати дигари онҳо фардо рӯзи қиёмат ба ин ҳама хатоҳои хеш ҷавоб хоҳанд гуфт! Хулоса, аз таърихи сиёсии ин ҳама амалиёти гурӯҳи оппозитсионии ТЭТ ҲНИ ҳар яки мо шоҳиди воқеӣ шуда метавонем, ки эшон бо роҳи истифода бурдани яроқ ва фиреби мардуми гумроҳ табаддулоти сиёсӣ карда, кишвари ободу Ватани зебои моро ба майдони ҷанг табдил дода, давлатро бо хоҷаҳои хориҷии хеш тақсиму валангор намудан мехостанд.

Аммо дар он давра буданд ҷавонмардоне, ки ҷони худро ба хатар гузошта, алайҳи ниятҳои нопоку ифлоси ин гурӯҳҳо мубориза бурда, монеи асосии ҷанги шаҳрвандӣ ва тақвияти суботу ягонагӣ дар кишвар гардида, миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ доштанд. Ба ҳайси чунин ашхоси ватандӯсту сиёсатмадори барҷастаи он замони ноором Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмонро ном бурдан кофист, ки дар кӯтоҳтарин вақт мардумро ба сарҷамъӣ, ҷомеаро ба суботу оромӣ ва кишварро ба ободӣ оварда расониданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо хисороти азими иқтисодӣ оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид. Вобаста ба ин дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шавад ва мо ба он мекушем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Рӯзи аввали фаъолияташон ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Пешвои миллат вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ доданд. Бо ташаббуси роҳбари давлат ва дастгирии халқи тоҷик, инчунин шахсиятҳои равшанфикри хориҷӣ мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон – сулҳу субот дар Ватанамон комёб гардем. Бо азми қавӣ барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дошта бошад, саъю кӯшиш намудем. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагии дубора бозгардонд.

Аммо боварии кас намеояд, ки баъди гузашти чандинсолаи ваҳдати комил дар кишвар баъзе аз нафарон (аъзои ТЭТ ҲНИ) ҳанӯз аз нафси ҳайвонии хеш нагашта, аз пайи вайронкории ин Ватани ободамон мебошанд. Ҳанӯз чунин ҷонибдорӣ ва ҳадафгузориҳо барои ислом дар Тоҷикистон низ вақтҳои охир фаъол гардида буданд. Ҳол он ки ҳеҷ арзиши исломии шаҳрвандон поймол нагардида, муқаррароти динии худро озодона ва бидуни нигаронӣ анҷом медиҳанд. Аммо боз гурӯҳҳое мавҷуд буданд, ки аз ислом ва арзишҳои исломӣ ба хотири ҳадафҳои ғаразнокашон истифода менамоянд. Масалан, хиёнати нангини Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бо супоришу дастури роҳбарони ТЭТ ҲНИ-и манъшуда содир гардида буд, метавонист оғози амалигардонии чунин ҳадафҳои даҳшатнок дар кишвар маҳсуб ёбад.

Албатта онҳое, ки дар гузашта дар Тоҷикистон бо ном исломро «ҷонибдорӣ» менамуданд ва онҳое, ки имрӯзҳо ба хотири ислом ва «паҳн» кардани арзишҳои динӣ дар Сурия ва Ироқ мубориза мебаранд, ҳатман ба хотири расидан ба ҳадафҳояшон даст ба ҳама гуна даҳшатафканӣ мезананд ва инро дар роҳи Худо мояи ифтихор медонанд, мутлақо хатост.

Аммо ин гурӯҳу равияҳои тундгарои ТЭТ ҲНИ мутмаин бошанд, ки давлати муосири Тоҷикистон дорои амнияти мутамарказ ва сарвари оқилу дурандеш буда, тамоми имкониятро баҳри такрор нагаштани таърихи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта заминаи бузурги амниятию ҳарбии хешро вогузор намудааст. Зеро сулҳи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки мардуми шарифи тоҷик мебошад. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургу таърихии мардуми Тоҷикистон буда, дар натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Насли ояндаи кишваро ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ба ин васила пешниҳоди мо ҳамчун як фарди ватандӯсти ин миллат ба тамоми шаҳрвандон, ҷавонон ва фарзандони ин миллати содиқ ҳамин аст, ки баҳри ҳифзи тамоми муқаддасоти кишвар – истиқлолият, ваҳдат, ягонагӣ ва субот аз ин гурӯҳу равияҳои ғайриисломии ТЭТ ҲНИ ва дигар равияҳои экстремистии зери чеҳраи ислом ба мардуми шарифи Тоҷикистон дарафтода ҳимоя намуда, ободии ин кишари азизамонро доимо нигаҳбон бошанд. Зеро Тоҷикистони азизи мо беҳтарин давлати дунявӣ буда, ба шарафу виҷдон ва эътиқоду боварии ҳар шаҳрванд нисбат ба дин арҷгузорӣ намуда, зери ҳимояи қонуни асосӣ қарор додааст. Шукрона аз ин ваҳдату кишвари сулҳпарвар намуд, ки асрҳои оянда ин хоку ин сарзамин ободу поянда бошад.

Мусоев Ш.М., Камолиддинов Б., Юнусов Ф.М. – устодони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Leave a Comment