Дар ҷаҳон ҳар як давлат қонуни асосие дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қонуне ҳаст, ки мо онро “Қонуни бахт”, “Бахтномаи миллат” меномем. Ва ин қонун Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, имсол 26-солагии он таҷлил мегардад. Дар тӯли солҳои гузашта вобаста ба рӯйдодҳои дохилии кишвар ва ҷаҳон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуда бошад ҳам, ба ин нигоҳ накарда, ҳамасола рӯзи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҷаҳон ҳар як давлат қонуни асосие дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қонуне ҳаст, ки мо онро “Қонуни бахт”, “Бахтномаи миллат” меномем. Ва ин қонун Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, имсол 26-солагии он таҷлил мегардад. Дар тӯли солҳои гузашта вобаста ба рӯйдодҳои дохилии кишвар ва ҷаҳон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуда бошад ҳам, ба ин нигоҳ накарда, ҳамасола рӯзи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо буда, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад.

Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ аст.

Инчунин мутобиқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимият аз ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ иборат аст.

Ҳокимияти қонунгузор Маҷлиси Олӣ буда. Аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таркиб ёфта, ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми савгандшиканӣ Президентро аз вазифа барканор намояд.

Ҳокимияти иҷроия, яъне Президент, Ҳукумат (вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ), намояндагони Президент дар маҳалҳо, соҳаҳо ва мақомоти маҳаллии иҷроия мебошанд.

Ҳокимияти судӣ аз Суд (Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, шаҳру ноҳияҳо) иборат аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

“Мо. Халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад ва ҳуҷҷати ифодакунандаи мақсаду орзуи тамоми халқи Тоҷикистон мебошад. Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас эълон кардааст. Дар моддаи 5 таъкид шудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътиров, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар моддаи 6-и Конститутсия қайд гардидааст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат намояд ва барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа низ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон зану мард дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ тамоми озодиҳоро кафолат медиҳад.

Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи зиндагӣ, истифодаи васоити ахборро кафолат медиҳад. Мувофиқи қонун таъқиб барои танқид манъ карда шудааст.

Конститутсия ба ҳар кас ҳуқуқи соҳиби ба моликият ва меросро дода, муайян намудааст, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад.

Конститутсияи Тоҷикистон оила, модару кӯдак, кӯдакони ятим ва маъюбро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода, ба ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнату таҳсил, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ медиҳад.

Мувофиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими имтиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванд бояд қарзи муқаддаси худро тибқи ин нишондоди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адо намуда, дар таъмини муҳофизати Ватан ва зиндагии осоиштаи халқи тоҷик саҳм гузорад.

Ҳамзамон, Конститутсия дар баробари додани ҳуқуқҳои васеъ ҳар як шаҳрвандро вазифадор менамояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои давлатро риоя карда, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати асосии тақдирсози кишвар буда, онро ҳар як фард, ҳар як ҷавони донишҷӯ бояд хуб бидонад. Охир, таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ, тамоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мамлакат маҳз аз нишондодҳои Конститутсия бармеояд. Инсон агар ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро надонад, шаҳрванди комил шуда наметавонад ва худро ҳифз карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд ҳамаи даҳ боб ва сад моддаи Конститутсияро донанд ва дар ҳаёту таҳсили ҳамарӯзаашон аз онҳо истифода намоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳсутун ва шиносномаи давлат низ меноманд. Ҳамаи моро зарур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он ба муҳофизати Ватан, таҳсилу меҳнати созанда, пойдор намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссаи худро гузорем.

Бо қонуни ҳақиқат месароем, то забон дорем,

Ба зидди душманонаш мебароем, то ки ҷон дорем.

Ватан дорад чунин қонун, ки бо вай фахрҳо карда, ҳамегӯем, ки қонуни ягона дар ҷаҳон дорем.

Ҷӯраева Ҷ. – муаллими калони кафедраи менеҷменти истеҳсолӣ, донишҷӯёни курси 2-юми гурӯҳи 270101-01А, факултети Технологияҳои инноватсионӣ.

Leave a Comment