Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ширкати Coca colla барои донишҷӯёни курси 3 ва 4-и донишгоҳ бо мақсади пешкаш намудани маълумот доир ба имкониятҳои ташкили таҷрибаомӯзӣ ва таъмин бо ҷойи кор дар ширкат презентатсия гузаронид.

Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди захираҳои инсонӣ дар маҷмӯъ барои иқтисодиёти кишвар, ки дар пеши худ ҳадафи саноатикунонии мамлакатро гузоштааст, аҳамияти калидӣ дорад. Вазъи кунунии бозори меҳнат нисбат ба сифати қувваи корӣ, сатҳи маърифатӣ, касбӣ ва тахассусии он талаботи зиёдро ба миён меорад. Мувозинати талабот ва қувваи корӣ муҳимтарин вазифаи сиёсати давлатии шуғл аст ва яке аз механизмҳои асосии ҳалли ин масъала ҳамкории системаи таҳсилоти касбӣ бо бозори меҳнат мебошад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки шарти асосии ҳамкории бозори меҳнат ва системаи таҳсилот мавҷудияти манфиатҳои муштарак дар ин соҳа дар байни ҳамаи субъектҳои он аст. Дар байни шаклҳои умедбахши ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо корхонаҳои шарик инҳоянд:

-ташкили сохторҳои муштараки илмии ҳамгирошуда бо ҷомеаи тиҷоратӣ, ки ба тайёр кардани мутахассисони сатҳи донишашон баланд ва ботаҷриба равона карда шавад;

-ҷалби корфармоён ба таҳияи стандарти касбӣ ва ташаккули салоҳиятҳои дахлдори мутахассисони оянда, таҳияи барномаҳои такмили ихтисоси менеҷерон, муҳандисони лоиҳакаш, электроншикҳо, технологҳо ва дигар мутахассисон;

-ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои донишҷӯён бо истифода аз замина (таҷҳизот)-и муосири технологии корхонаҳо;

-дар заминаи донишгоҳ анҷом додани корҳои лоиҳакашӣ ва технологӣ ё дигар корҳои тадқиқотии инноватсионӣ;

-ташкили презентатсияҳои характери таълимидошта дар асоси ҳамкории корхонаҳо, мақомоти минтақавӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ.

Дар доираи фаъолияти чунин ҳамкориҳо, муассисаҳои таълимӣ метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои илмии донишгоҳҳо ва корхонаҳо неруи илмии худро инкишоф диҳанд.

Хулоса, бояд қайд кард, ки интихоби шаклҳои ҳамкорӣ ҳам аз ҷониби донишгоҳ ва ҳам корхонаҳо бо шароити мушаххас ва пеш аз ҳама бо хусусиятҳои неруи кадрии донишгоҳ, сохтори барномаҳои таълимӣ ва хусусиятҳои мавқеи ҷуғрофӣ муайян карда мешавад. Манфиатҳои максималӣ барои дарозмуддат барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва фоидаи бештар барои ҷомеа метавонанд танҳо аз ҷониби кори системавии бисёрҷанбаи донишгоҳ дар асоси омезиши манфиатҳои стратегӣ бо шарикон ба даст оварда шаванд.

Содиқов Х.С., ЗайниддиновТ.Н. – маркази рушди касбият.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment