Шояд мазмуну муҳтавои калимаи Ваҳдатро ҳеҷ қомусу фарҳанге нагунҷонад, вале дар фарҳанги тоҷикон калимаи “ваҳдат” дар радифи суханони муқаддас, ки мафҳуми ягонагӣ, ҳамдилӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамраъйи ва ба ин монанд мазмунҳоро дар бар мегирад, ҷойгоҳ дорад. Ин истилоҳ дар қатори бузургтарин суханоне ҷойгир шудааст, ки тӯли ҳазорсолаҳо насли инсонро ба якдигарфаҳмию бунёдкорӣ раҳнамун сохта, аз дил ба дилҳо роҳ мекушояд. Эҳё ва ваҳдати миллии тоҷикон санаи тақдирсоз ва ҳатто офариниш дар саҳнаи нави давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Ва бояд бигӯем, ки ваҳдати миллӣ танҳо дирӯзу имрӯз ва 20 солу 30 сол не, балки ҳазорсолаҳо ба насли инсоният ҳидматгузорӣ намуда, барои бунёдкориҳо нақши бағоят арзанда бозидааст.

Шояд мазмуну муҳтавои калимаи Ваҳдатро ҳеҷ қомусу фарҳанге нагунҷонад, вале дар фарҳанги тоҷикон калимаи “ваҳдат” дар радифи суханони муқаддас, ки мафҳуми ягонагӣ, ҳамдилӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамраъйи ва ба ин монанд мазмунҳоро дар бар мегирад, ҷойгоҳ дорад. Ин истилоҳ дар қатори бузургтарин суханоне ҷойгир шудааст, ки тӯли ҳазорсолаҳо насли инсонро ба якдигарфаҳмию бунёдкорӣ раҳнамун сохта, аз дил ба дилҳо роҳ мекушояд. Эҳё ва ваҳдати миллии тоҷикон санаи тақдирсоз ва ҳатто офариниш дар саҳнаи нави давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Ва бояд бигӯем, ки ваҳдати миллӣ танҳо дирӯзу имрӯз ва 20 солу 30 сол не, балки ҳазорсолаҳо ба насли инсоният ҳидматгузорӣ намуда, барои бунёдкориҳо нақши бағоят арзанда бозидааст.

Чун ба саҳифаҳои таърихи миллати куҳанбунёди тоҷикон менигарем, абармардонеро мебинем, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро ибодатгоҳи хирадмандон сохтаанд, балки донишу заковатро ҷавшани худ намуда, башариятро ба думболи илму маърифат кашидаанд. Чунин фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро дигар халқу миллатҳо низ ҳамчун фарзанду пешвои худ дониста, илму дониши онҳоро эътирофу пайравӣ кардаанд, ки боиси сарфарозиву сарбаландии ҳар яки мост.

Агар дар асрҳои пешин миллати тоҷикро бо донишмандону адибонаш шинохта бошанд, пас дар охири асри 20-ум таҷрибаи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории моро барои кишварҳои даргири ҷаҳон (ҷангзада) намунаи ибрат ҳисобида, мавриди омӯзиш қарор додаанд, ки нуфузи ин миллати сулҳпарвару ваҳдатпешаро дар арсаи ҷаҳонӣ беназир мегардонад.

Баъди чашидани таъми истиқлолият замони зиёд нагузашт, ки бадхоҳони миллат нахостанд ин давлат истиқлолияти комили худро бо тинҷиву оромӣ истиқбол гираду рушд ёбад. Миёни мардуми шарифи Тоҷикистон низои миллию минтақавиро тарҳрезӣ намуда, мехостанд миллатро ба парокандагиву нестӣ оваранд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз, ки тақдири миллат ҳал мешуд, ба арсаи сиёсат шахсе омад, ки дарди миллатро ба худ қабул намуда, рисолати вазнину наҷотбахшро бар дӯш гирифта, бо боварии том баён намуд: “Ман ба Шумо сулҳ меоварам, ҳозирам ҷони худро дар ин роҳ фидо кунам!”.

Ин фарзанди содиқи халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар зулмати кинаву адоват ва муборизаҳои бесару сомон чароғи ҳамдигарбахшиву сулҳро дар қалби ҳар тоҷик фурӯзон сохт. Дили бекинаву сулҳофарини ӯ буд, ки миллат ба ҳам омад ва ӯ чун меъморе дар поягузории бунёди бинои сулҳи тоҷикон хишти аввал гузошта, дигаронро низ талқин кард. Маҳз бо кӯшишу талошҳою ҷоннисории ин марди қавирӯҳу сулҳофар фазои беғубори ҳамдиливу ваҳдат танинандоз гашт.

Маврид ба зикр аст, ки Ваҳдати милли тоҷикон, истиқрори сулҳу осоиштагии он барои мардуми олам намунаи ибрат гардида, шуълаи меҳру муҳаббат, вафодориву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон афрӯхта шуд. Имрӯз вазифаи ҳар як шахси бонангу номус аст, ки дар дили фарзандон ва наслҳои ояндаи худ ин шуълаи фурӯзони ваҳдати миллиро ҷой дода, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад, то бадхоҳе натавонад онро хомӯш созаду ояндаи дурахшони моро барҳам занад.

Ҳанӯз ба сари ҳокимият омадани Эмомалӣ Раҳмонро баъзе аз “фолбинони миллат” пешгӯӣ карда, ҳатто таъкид мекарданд, ки пойдории он муваққатӣ асту беш аз чанд моҳе давом намекунад.

Аммо рӯҳи гузаштагони ин миллати соҳибкитобу соҳибдавлат, ки дар тӯли қарнҳои гузашта бо фарҳангу девони давлатдориаш намуна буд, фарзандони бо нангу номусашро ба ҳам оварду дар бунёди як давлати навини тоҷикон, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътибору нуфузи худро пайдо кардааст, мададгор шуд. Ин буд, ки роҳбари ҷавон бо дили бекинаи худ вориди корзор шуда, аз пайи барҳам задани хусумати дохилӣ гардид ва гурӯҳҳои даргирро ба ваҳдату ҳамдилӣ даъват намуд.

Барои ба мақсад расидан ҷаҳду талошҳо, ғайрату ҷасорати баланд, дили беғаразу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат лозим буд ва баъди чандин музокираҳо ӯ тавонист, ки кинаву кудурат ва қасосгирии гурӯҳҳои мухолифро барҳам занаду созишномаи сулҳи деринтизорро ба миён оварад.

Устод Лоиқ ин сулҳро дида, аз шодию тараб ин қасидаро сароиданд:

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадори мо омад.

Кӯю барзан пур аз гадоён буд,

Фурсати шоҳкори мо омад.

Пири Канъоно, чашми ту равшан!

Юсуфи дилфигори мо омад.

Мурдаҳо норизо зи мо буданд,

Фотиҳа бар мазори мо омад.

Чор сӯ буд тирборонҳо

Яке тири барори мо омад.

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад.

Аз сари мо хазонфишон бигзашт,

Гулфишони баҳори мо омад.

Кӯҳсоро, бибахш пастии мо,

Нангу ному виқори мо омад.

Ҳоли зору низори мо бигзашт,

Вақти ҷуду нисори мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ин сулҳ ба осонӣ ба даст наомад, чанд маротиба оши оштӣ хӯрдаву боз душманони миллат хиёнат карданд, вале Сарвари ҷавону тозаинтихоб ҷонбозиҳо намуда, ҳаёти худро чандин маротиба зери хатар монда, бо забони сулҳпарастӣ ба онҳо муроҷиат намуд, даъват ба амал овард, ки: “Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнату бунёдкорӣ машғyл шавем. Танҳо якҷоягию муттаҳидӣ метавонад Тоҷикистони азизи моро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию пешрафта мубаддал гардонад”.

Сулҳи тоҷикон на танҳо ба кишвару миллати тоҷик сафо бахшид, балки амнияту оромии минтақаро устувортар гардонид ва давлатҳои ҳамсояву гирду атрофи мо аз баракати ин сулҳ имрӯз тараққӣ намуданд.

Воқеан, хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тамаддуни башарӣ беназир буда, аз Ҷорҷ Вашингтон, Маҳатма Гандӣ, Камол Ататурк, Нелсон Мандела ва ғайраҳо ба маротиб афзун мебошад. Агар онҳо баҳри ҳуқуқу озодиҳои инсон мубориза бурда бошанд, Эмомалӣ Раҳмон дар баробаи ин корҳо тавонист аввалин давлати миллии мустақили тоҷиконро аз парокандагию нобудӣ наҷот бахшад.

Рисолати ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрӯзҳо торафт тавсеа ва густариш меёбад. Он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур намуда, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Яке аз бузургтарин рамзҳои давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон Шоҳроҳи ваҳдат мебошад. Ин иншоот тамоми манотиқи кишварро ба ҳам пайваста, мамлакати моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо месозад, роҳи онро ба ҷаҳони мутамаддин мекушояд. Ҳамаи ин пешравиҳо аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Истиқрори сулҳ ва таъмини амнияти ваҳдати миллӣ, бе муболиға яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири асри 20 мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардидааст. Миллати тоҷик тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст.

Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна буҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳуввияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба рӯҳи мардуми тоҷик ҷони тоза бахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шермарди даврони худ ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардонид. Вақте ки ӯ ҳамчун сулҳофар ба сӯйи мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз кард, пеш аз ҳама манфиатҳои миллии мо, ояндаи ҳамватанони худро пеши назар дошт. Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат зери фишори душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо истодагарӣ ва ҷасорати худ ҷанги шаҳрвандиро ба анҷом расонида, сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯсту душманони сарзамини мо шоҳиди он гаштанд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад ва ӯ миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад.

Дар шароити бемории домангири ҷаҳонии СOVID-19 ва дар пасманзараи буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ, проблемаҳои сайёра, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш барои мардуми Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар зарур аст. Зеро таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, мо бояд бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бароямон соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Пешвои миллат дар як суханронии худ қайд намуда буд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем. Дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ, сулҳ, тамкину таҳаммул, ватандӯстиву ватанпарастӣ, донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ тарбият намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва қарзи ҳар фарди ҷомеа, хусусан аҳли зиёи мамлакат мебошад”.

Мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, насли ватанпарварро тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад.

Шод зӣ, эй Пешво, ғамхори ҳар инсон туӣ,

Дар тани миллат гирифта ҷой мисли ҷон туӣ.

Халқ мегӯяд якояк, бо ҳазорон ифтихор,

Пешвои одилу бофазлу бовиҷдон туӣ.

Бигзор ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша пойдор бошад ва аз ҳар хонадони тоҷик файзу баракат канда нашавад!

Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф. и.в. дотсени кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment