Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордоди байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамояд. Президент тариқи интихоботи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. Номзад ба президентӣ бояд 10 соли охир дар мамлакат зиндагӣ карда, забони давлатиро донад, синнаш аз 35 зиёд бошад.

6-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 6-уми ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6-уми ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6-уми ноябри соли 2013 бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯз гардид.

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордоди байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд. Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад: “Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям”. Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

 

Қаҳҳор Маҳкамов

30-юми ноябри 1990

31-уми августи 1991

Қадриддин Аслонов

31-уми августи 1991 (иҷрокунандаи вазифа)

23-юми сентябри 1991

Раҳмон Набиев

23-юми сентябри 1991 (иҷрокунандаи вазифа)

6-уми октябри 1991

Акбаршо Искандаров

6-уми октябри 1991 (иҷрокунандаи вазифа)

2-юми декабри 1991

Раҳмон Набиев

2-юми декабри 1991

7-уми сентябри 1992

Акбаршо Искандаров

7-уми сентябри 1992 (иҷрокунандаи вазифа)

19-уми ноябри 1992

Эмомалӣ Раҳмон

19-уми ноябри 1992 (иҷрокунандаи вазифа)

6-уми ноябри 1994

Эмомалӣ Раҳмон

6-уми ноябри 1994

То ҳол

 

Дар интихоботи соли 2020 ҳам 6 ҳизби сиёсӣ ширкат варзиданд. Дар ин интихобот бо гирифтани 90,92% аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бори дигар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

***

Аз гуфтаҳои Президенти кишвар дар бораи хизмат ба халқи тоҷик:

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми маросими савгандёдкунӣ гуфт, ки “То охирон нафас нону намаки мардуми кишварамро фаромӯш нахоҳам кард ва пос хоҳам дошт”.

Президент аз сафарҳои корӣ ба ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои дури Тоҷикистон ёдрас шуд ва гуфт, ки маҳз дар ин сафарҳо “шоҳиди муҳаббати содиқонаи хурду бузурги кишвар нисбаташ гардидааст”. Ӯ гуфт, ки ҷавобан ба ин муҳаббат, “ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам”.

“Аз хурду бузурги Тоҷикистон самимият ва меҳрубонии зиёд дидам ва ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам, бо садоқат, бо тамоми ҳастиям” — таъкид мекунад президент ва меафзояд, ки ҳангоми сафарҳояш борҳо шоҳид шудааст, ки пиру барно аз масофаҳои дур ба дидораш меомаданд ва соатҳо интизораш мешуданд.

“Пас, чӣ гуна ба ин миллат, мардум, фарзандон ва насли ҷавон хизмати содиқона накунам?”, — таъкид мекунад Эмомалӣ Раҳмон.

“Агар дар ёд дошта бошед, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиамро ба ин сарзамин мебахшам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам”, — мегӯяд бо ҳаяҷон президент.

“Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам”, — такрор мекунад Роҳбари давлат.

Муминов Ф.С. – сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон.

Саидов Б.Б. – ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ.

Амонатова Ф.Қ. – мудири осорхона.

Leave a Comment