Рамзҳои давлатӣ эҳтирому шинохти давлати мо аз ҷониби халқу миллатҳои ҷаҳон, барои мо – тоҷикистониён бошад, муқаддасоти пурарзиши Ватан маҳсуб мешавад. Парчами Тоҷикистон чун яке аз муқаддасоти миллӣ боиси ифтихору шинохти миллати куҳанбунёди тоҷик буда, моҳияту мақсади асосии он муттаҳид намудани мардум баҳри мақсадҳои ягона мебошад.

Халқи мо, ки дорои таърих ва суннатҳои қадимаи давлатдориву давлатсозӣ мебошад, аз қадимулайём давлатҳои тараққикардаи мутамарказ ва рамзу рукнҳои ба худ хос доштааст. Яке аз чунин рамзҳои хоси халқи тоҷик Парчам буда, миёни халқамон бо номҳои байрақ, дирафш, ливо машҳур аст. Мувофиқи маълумоти “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нахустин Парчами тоҷикон Дирафши Ковиёнӣ будааст. Тибқи ривоятҳо дар замони қадим мардуми мазлум гирди Парчам ҷамъ омада, муқобили золимон ва душманони Ватан мубориза мебурданд. Беҳтарин фарзандони халқамон зери Парчами миллӣ барои ҳифзи Ватан ҷон фидо мекарданд. Ҳамин аст, ки ҳамчун идомаи аъанаҳои гузаштагонамон ҳангоми ба зафар ноил гаштан Парчами давлатӣ барафрохта мешавад. дар аксар мавридҳо ҳангоми фавтидани муҳофизони қаҳрамон тани онҳо бо Парчами миллӣ пӯшонида мешавад.

Рамзҳои давлатӣ эҳтирому шинохти давлати мо аз ҷониби халқу миллатҳои ҷаҳон, барои мо – тоҷикистониён бошад, муқаддасоти пурарзиши Ватан маҳсуб мешавад. Парчами Тоҷикистон чун яке аз муқаддасоти миллӣ боиси ифтихору шинохти миллати куҳанбунёди тоҷик буда, моҳияту мақсади асосии он муттаҳид намудани мардум баҳри мақсадҳои ягона мебошад.

Халқи мо, ки дорои таърих ва суннатҳои қадимаи давлатдориву давлатсозӣ мебошад, аз қадимулайём давлатҳои тараққикардаи мутамарказ ва рамзу рукнҳои ба худ хос доштааст. Яке аз чунин рамзҳои хоси халқи тоҷик Парчам буда, миёни халқамон бо номҳои байрақ, дирафш, ливо машҳур аст. Мувофиқи маълумоти “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нахустин Парчами тоҷикон Дирафши Ковиёнӣ будааст. Тибқи ривоятҳо дар замони қадим мардуми мазлум гирди Парчам ҷамъ омада, муқобили золимон ва душманони Ватан мубориза мебурданд. Беҳтарин фарзандони халқамон зери Парчами миллӣ барои ҳифзи Ватан ҷон фидо мекарданд. Ҳамин аст, ки ҳамчун идомаи аъанаҳои гузаштагонамон ҳангоми ба зафар ноил гаштан Парчами давлатӣ барафрохта мешавад. дар аксар мавридҳо ҳангоми фавтидани муҳофизони қаҳрамон тани онҳо бо Парчами миллӣ пӯшонида мешавад.

Аввалин Парчами Тоҷикистони навин Парчами умумии ИҶШС (СССР) буда, чун ливои сурхи тасвири досу болғадору ситораи панҷгӯшадошта ба ҳисоб мерафт. Мутобиқи қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС аз моҳи феврали соли 1947 парчами сурхи досу болғадори ҷумҳурӣ бо навиштаҷоти тоҷикию русии “РСС Тоҷикистон” ва “Таджикская ССР” қабул шуда буд. Баъди таҳрири нав қабул шудани он соли 1953 Парчами РСС Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 1992 истифода бурда шуд.

Бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон қабул шуда, Парчами ҳозираи кишвари азизамон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид. Парчами нав анъанаҳои пуршарафи таърихию фарҳангии давраҳои тӯлонии таърихи халқамон, таърихи ҳафтодсолаи даврони Шӯравӣ ва ҳамчун рамзи пойдорӣ, бардавомию соҳибистиқлолии давлати имрӯзаи миллии моро ба пуррагӣ инъикос менамояд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистоняке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навин, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, ифодакунандаи мақсад ва орзую ормонҳои тамоми тоҷикистониён мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои андозаи 1х2 метр ва аз се рахи рангдор – сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар мобайни рахи сафед бо ранги зарҳал тоҷ ва ҳафт ситораи панҷгӯша дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Парчами Тоҷикистон мувофиқи рамз ва решаҳои қадимаи суннатии халқамон қабул шуда, тибқи ривоятҳои давраҳои қадим ранги сурх нишонаи муборизаҳои халқамон баҳри озодию соҳибистиқлолии Ватан барои сарзамини аҷдодӣ ва халқи худ будааст. Ранги сафед нишонаи бахту иқболи сафед, озодагию тозагӣ, покизагӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони халқу кишварамонро ифода менамояд. Ранги сабз нишонаи зиндагии табиати сабзу ҳамешабаҳори кишвар, сарсабзиву хуррамӣ ва ҷавонию шукуфои Ватани азиз, саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Меҳани биҳиштосоро ифода менамояд. Тибқи маълумоти расмӣ тоҷ – нишона аз истиқлолияту озодии диёр, ҳафт ситора – нишона аз ҳафт манотиқи таърихию зебоманзари Тоҷикистон – Зарафшону Бадахшон, Суғду Хатлон, Рашту Вахш ва Ҳисори Шодмон мебошанд.

Тибқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ дар болои биноҳое, ки иҷлосияи вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо доир мешаванд, инчунин дар тамоми давраи гузаштани иҷлосия дар болои бинои Маҷлиси Олӣ, Қасри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот, дар болои бинои вазоратҳо, кумитаҳо, кумитаҳои идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилот, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои таърихӣ, ҳамчунин дар қисмҳои ҳарбӣ – рӯзҳои ҷашнҳои гуногун барафрохта мешавад. муҳимаш он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят карда, ҳангоми маросимҳои сиёсию давлатию ҷамъиятӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандориамон барафрохта мешавад. Парчами давлатӣ инчунин ҳангоми дар мамлакат эълон шудани мотами умумихалқуӣ ба андозаи 1/3 ҳиссаи дарозии чӯбдаста поён “сархам” карда мешавад, ки нишона аз ҳамбастагии халқу муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда, тибқи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. тавре ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ узви ҷудонашавандаи давлати Тоҷикистон ва халқи худ буда, арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти Ватан қарзи муқаддаси ҳар яки онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷашни Парчами давлатӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимӣ ботантана ва дар рӯҳияи идона қайд карда мешавад. Тибқи Низомнома ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои мутантани давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. шаҳрвандон бо ба дил гузоштани дасташон ҳурмату эҳтироми хешро ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоранд. Умуман, тамоми умри шаҳрвандон зери тобиши Парчами давлатӣ ҷараён гирифта, мо бояд ба ин муқаддасоти Ватан ҳамеша арҷ гузошта, фахр намоем, ки фарзанди ва шаҳрванди ин кишварем. Мо итминони комил дорем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун таҷассуми орзую ормонҳои гузаштагонамон ҳамеша болои сарамон парафшон хоҳад буд ва зери тобиши он мо дар роҳи ободию шукуфоии Ватани азиз ба комёбиҳои нав ба нав хоҳем расид.

Мо ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, меҳнату хониши хуб ва дар ҷодаи зиндагӣ зери тобиши ин муқаддасоти бузурги Ватан барору пирӯзиҳо хоҳонем.

Парафшон Парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо.

Ҷӯраева Ҷ. – муаллими калони кафедраи менеҷменти истеҳсолӣ.

Leave a Comment