Дар робита ба фаъолияти муғризонаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва амалкарди роҳбарону “фаъолон”-и он ва тавтиаангезиву туҳматпароканиҳои ҷонишини он Одинаев Маҳмурод.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити баробарро барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ фароҳам овардааст. Вале мутаассифона баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ин шароитро сӯйистифода намуда, ба решаи худ табар мезананд ва ваҳдату якпорчагии миллати худро зери хатар мегузоранд. Чунин рафтор ва кирдорро возеҳу равшан дар фаъоляти раҳбарияти ТТЭ ҲНИ мушоҳида намудем ва мардуми шарифи кишвар чеҳраи асосии онҳоро шинохт. Ҳамон хоҷагоне, ки онҳоро пуштибонӣ мекарданд, имрӯз дигарҳоро бо номи дигар барои пароканда намудан ва фитна андохтан дастгирӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки роҳкори муборизаи сиёсии ҲСДТ, ки аз ибтидои фаъолияти худ тавтиаангезона буд, ҳанӯз ҳам моҳиятан тағйир наёфтааст. Чандин маротиба бо дурӯғу фитнаҳои роҳбарияти он ва ҷонишинонаш, ба мисли Алим Шерзамонов… Аммо роҳбарияти ҲСДТ феълан дар андешаи тағйир додани шакли муборизаи худ ва бо пӯшиши гӯё ба ном «мардумсолорона»-ву «демократӣ» ҷилва додани талошҳои сиёсии хеш машғуланд. ҲСДТ бо шиорпартоиҳои худ дар назди ҷомеаи башарӣ ва мардуми кишвар чунин вонамуд кардан мехоҳад, ки гӯё ҳадафи муборизаи сиёсии онҳо бунёди

Дар робита ба фаъолияти муғризонаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва амалкарди роҳбарону “фаъолон”-и он ва тавтиаангезиву туҳматпароканиҳои ҷонишини он Одинаев Маҳмурод.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити баробарро барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ фароҳам овардааст. Вале мутаассифона баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ин шароитро сӯйистифода намуда, ба решаи худ табар мезананд ва ваҳдату якпорчагии миллати худро зери хатар мегузоранд. Чунин рафтор ва кирдорро возеҳу равшан дар фаъоляти раҳбарияти ТТЭ ҲНИ мушоҳида намудем ва мардуми шарифи кишвар чеҳраи асосии онҳоро шинохт. Ҳамон хоҷагоне, ки онҳоро пуштибонӣ мекарданд, имрӯз дигарҳоро бо номи дигар барои пароканда намудан ва фитна андохтан дастгирӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки роҳкори муборизаи сиёсии ҲСДТ, ки аз ибтидои фаъолияти худ тавтиаангезона буд, ҳанӯз ҳам моҳиятан тағйир наёфтааст. Чандин маротиба бо дурӯғу фитнаҳои роҳбарияти он ва ҷонишинонаш, ба мисли Алим Шерзамонов… Аммо роҳбарияти ҲСДТ феълан дар андешаи тағйир додани шакли муборизаи худ ва бо пӯшиши гӯё ба ном «мардумсолорона»-ву «демократӣ» ҷилва додани талошҳои сиёсии хеш машғуланд. ҲСДТ бо шиорпартоиҳои худ дар назди ҷомеаи башарӣ ва мардуми кишвар чунин вонамуд кардан мехоҳад, ки гӯё ҳадафи муборизаи сиёсии онҳо бунёди ҷомеаи мардумсолор дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.

Ба таъбири бисёр ҷолиб онҳоро мешавад “гургони гӯсфанднамо” номид, шарм надошта, боз худро ҳомӣ ва ҳофизи ҳуқуқи инсон меноманд ва номҳои болохонадор ба мисли “Раиси комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва Юрист” гирифтаанд. Ҳол он ки худи онҳо боиси ба зиндон рафтани садҳо бегуноҳу фиребхӯрда мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо тамоми саъю талоши худро баҳри некӯаҳолии сокинони мамлакат роҳандозӣ намудааст. Масалан, танҳо талоши Ҳукумат баҳри пешгирии бемории ҳамагири коронавируси иавъи COVID-19 лоиқи таҳсин аст. Табобати беморон комилан ройгон буда, зери ҳимои давлат қарор доранд. Ҳатто нафароне, ки аз ин беморӣ фавтиданд, аз ҷониби Ҳукумат ёрии моддии якдафъаина расонида шуд.

Акнун, аз “Шумо” ҷанобони “дилсӯзу адолатхоҳ” бипурсем, ки чӣ коре барои ин миллат анҷом додед? Ҳатто боре дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум ёрии маънавӣ расондед, онҳоро тавсия ва ё усули пешгирии ин бемориро кардед? Ё касе бозатон дошт ё имконият надоштед? Ҳол он ки як сухани дурӯғ ё фитнаро дар як они воҳид ба ҷаҳон паҳн мекунед.

Мо аз созмонҳои ҳуқуқи башар ва аврупоӣ таклиф менамоем, ки на ба се-чор гурезпойи бехабар аз ҷаҳон гӯш андозанд, балки сухани воқеиро аз миллати тоҷик бишнаванд.

Аз ин рӯ, аз мардуми шарифи тоҷик ва ҷаҳон даъват ба амал меорем, ки фирефтаи дурӯғҳои онҳо нашаванд ва оромии кишвару миллати худро халалдор накунанд!

Leave a Comment