Табиати инсонӣ худ танҳо офарида нашудааст ва инсон, пеш аз ҳама, дар зиндагӣ ниёз ба ҳамрадиф дорад. Оиладор шудан ба инсон оромиш ва таскин мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷуди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад. Аз ин рӯ, зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад. Баробари оила барпо намудан мо вазифаи вазнинеро бар дӯшамон мегирем. Мо уҳдадор мешавем ба хушбахтии оилаи хеш. Аммо имрӯз ҳамагон бар ин андеша нестанд, оилаи худро мустаҳкам нигоҳ дошта наметавонанд.

Дар ин ҷо фикру андешаҳо гуногунанд. Бархе бар он назаранд, ки сабаби ҷудо шудани оила пеш аз ҳама нофаҳмӣ байни зану шавҳар, байни падару модар, келину хушдоман аст. Бале, хамаи ин сабабҳо боиси ҷудошавии оилаҳо шуда метавонад, аммо боз бояд андешае кард, ки сабаби аслӣ дар чист?

Табиати инсонӣ худ танҳо офарида нашудааст ва инсон, пеш аз ҳама, дар зиндагӣ ниёз ба ҳамрадиф дорад. Оиладор шудан ба инсон оромиш ва таскин мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷуди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад. Аз ин рӯ, зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад. Баробари оила барпо намудан мо вазифаи вазнинеро бар дӯшамон мегирем. Мо уҳдадор мешавем ба хушбахтии оилаи хеш. Аммо имрӯз ҳамагон бар ин андеша нестанд, оилаи худро мустаҳкам нигоҳ дошта наметавонанд.

Дар ин ҷо фикру андешаҳо гуногунанд. Бархе бар он назаранд, ки сабаби ҷудо шудани оила пеш аз ҳама нофаҳмӣ байни зану шавҳар, байни падару модар, келину хушдоман аст. Бале, хамаи ин сабабҳо боиси ҷудошавии оилаҳо шуда метавонад, аммо боз бояд андешае кард, ки сабаби аслӣ дар чист?

Бояд ҳар як падару модар аввал фарзанди худро хононад, иҷозат диҳад, то пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳо рафта, таҳсили худро идома диҳанд. Духтар ва ё писаре, ки таҳсили худро идома медиҳад, боз фаҳмиши зиёд пайдо мекунад, яъне бо мурури замон калон мешаваду худ дарк месозад, ки оила чист ва чӣ гуна бояд оилаи худро пос дошт. Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Оила маконест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад.

Шикваи модарони зиёдеро шунидаем, ки дар чашм об гирифта, ба фарзанди худ мегӯянд: – Ту як пора гӯшт будӣ, шабҳоро сари гаҳвораат рӯз кардам, то ту ба серӣ хӯриву пӯшӣ, нахӯрдаву напӯшидам, дар сафарҳои дуру наздикат чашмам ба роҳат буд… Имрӯз маро ранҷ медиҳӣ, ҳамсаратро ҷонибдорӣ мекунӣ. Зан дар ҳар қадам ёфт мешавад, вале модар ёфт намешавад!

Бояд гуфт, ки дар чунин вазъиятҳо фарзанд (писар), бехабар аз он ки байни келину хушдоман ва хоҳаршӯ ихтилофи табиии азаливу абадӣ вуҷуд дорад, дар байни ду оташ мемонад, намедонад, кадомашонро ҷонибдорӣ намояд. Модар инсонест, ки ӯро ба дунё овардааст, хоҳар – ҷигар, зан – модари фарзандонаш…

Ҳар яки мо медонем, ки модар хушбахтӣ, пойдории оилаи фарзандонашро мехоҳад, бинобар ин келинҳо дар оянда хушдоман мешаванд, ҳамин хел зиндагӣ ва иззату ҳурмат намоянд, ки ба онҳо низ ҳамин хел рӯзҳои нек муяссар гардад.

Ба хушдоманҳо гуфтанием, ки келин ҳам фарзанди хонадонатон аст ва онҳоро мисли фарзандони худ қабул намоед, зиндагӣ ва пастиву баландиҳои рӯзгорро ба онҳо омӯзед.

Барои он ки байни хушдоману келин муросо бошад, якчанд маслиҳатҳои муфид ба келинҳо дода мешавад:

  1. Саҳар хестӣ, аввал хушдоманатро рафта бин.
  2. Маслиҳат диҳад, рад накун.
  3. Бо маслиҳати ӯ кор кунӣ, пушаймон намешавӣ.
  4. Фақат дурандешу паҳрезкор бош.
  5. Бо рафтору кирдорат ғазаби ӯро наор.
  6. Сарфаю сариштакор бош.
  7. Ҳурматашро ба ҷо ор, кам намешавӣ.
  8. Ба хушдоманат гапи дурӯғ назан, охир ба даст меафтӣ, аз боварӣ мебароӣ.
  9. Хушдоманатро фиреб надеҳ, баракати хонаат мепарад.
  10. Хизмати кардаатро таъна назан, ӯ низ бисёр хизмат кардааст.
  11. Ба шавҳарат ӯро бад накун, хурсанд намешавӣ.
  12. Ба ӯ бо овози баланд гап назан, таънаю маломат накун.
  13. Насиҳатҳояшро гӯш кун, ҳамааш ба фоидаи ту аст.
  14. Дасту пойи хушдоманат шав.
  15. Бемор шавад, тез-тез хабар гир, меҳрубонӣ кун.
  16. Ба ягон ҷой равӣ, огоҳ кун.
  17. Агар ягон чиз харидани шавӣ, бо ӯ маслиҳат кун.
  18. Ба як саволаш даҳто ҷавоб надеҳ.
  19. Ба хушдоманат роҳ нишон надеҳ, ӯ аз ту бисёртар дидааст.
  20. Худро аз ӯ доно нагир, ӯ аз ту бисёр медонад.
  21. Нозу эркагии хушдоманатро бардор, дар вуҷудаш чӣ дорад, қабул кун.
  22. Хушдоманат саҳар нахезад, хабар гир мумкин нотоб аст.
  23. Хушдоманатро гунаҳкор накун, гунаҳкор мешавӣ.
  24. Айби хушдоманатро накоб, беайб Парвардигор аст.
  25. Хатогиятро гӯяд, хафа нашав бахшиш пурс.
  26. Ба дугона ва хешу таборат ӯро бад накун, обрӯ намегирӣ.
  27. Ҳангоми ба кор рафтанат бе хайрухуш нарав, пешпо мехӯрӣ.
  28. Ба фарзандонат насиҳат кунад, ту халал нарасон, ба мобайни онҳо надаро.
  29. Ӯ нагуфта, либосашро шӯй, хонаашро тоза кун.
  30. Хушдоманатро интизор накун, ҳама корҳоятро партофта, аввал хизмати ӯро кун.
  31. Хушдоманат пой бардорад, ту пой мон, аз ӯ ба пеш надаро.
  32. Бо хушдоманат қаҳрӣ нагард, яъне қаҳрӣ накун, обрӯят мерезад.
  33. Дар рӯзҳои ид ва дар рӯзи мавлудаш ӯро табрик кун.
  34. Хӯрокашро дар вақташ тайёр кун, баракат меёбӣ.
  35. Корро аз дасташ гир, мӯйи сафедашро ҳурмат кун.
  36. Ба гапаш гап нагардон.
  37. Агар ӯро бад бинӣ ҳам, ошкор накун.
  38. Давлат хоҳӣ, дуои хушдоманатро гир.
  39. Ҳурмат кунӣ, ҳурмат мебинӣ. Як рӯз ту ҳам хушдоман мешавӣ.
  40. Хушдоманатро азиз дорӣ, шавҳарат туро бисёртар дӯст медорад ва ҳурмат мекунад.

Чуноне ки дар урфият мегӯянд: Дарахт бо об месабзад, келин бо дуои хушдоман.

Сурайё Раҳимова – Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

Leave a Comment