Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷамъият дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷамъияти солим ба миён гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр дар марҳилаи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои дорои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷамъият ва оила аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷамъият дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷамъияти солим ба миён гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр дар марҳилаи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои дорои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷамъият ва оила аст.

Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равон карда мешавад.

Мақсади тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ мекунад, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва дигар сифатҳои мусбатро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд метавонад, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбат ба зуҳуроти манфии ҷамъият аз лиҳози танқид назар кунад, Ватани хешро дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд, ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷамъият саҳмгузор бошад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

Асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад. Муҳтавои ин методология дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъкид ёфтааст.

Давлат дар сиёсати худ перомуни тарбияи миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад, ки дар тарбияи миллӣ фазои ҳуқуқӣ фароҳам оварда, санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул ва дар амал татбиқ карда шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро меандешад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар асоси ҳуқуқҳои конститутсионӣ зиндагӣ ва кору фаъолият намоянд. Намуна ва ибрати шоиста будани рафтору гуфтори мансабдорони мақомоти давлатӣ, сарварони муассисаҳоро мутобиқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ талаб карда, дарк ва ҳисси масъулиятшиносии падару модар ва калонсолонро дар тарбияи насли наврас баланд мебардорад.

Ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстии анъанаю расму оинҳои мусбати миллии кишварро дар тарбияи мардум дастгирӣ карда, барои истифодаи осори пурарзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ, динӣ ва асару дастурҳои Сарвари давлат доир ба тарбияи шаҳрвандон тадбирҳо меандешад.

Унсурҳои асосии тарбияи миллӣ аз инҳо иборатанд:

Тарбияи ғоявӣ. Тарбияи ғоявӣ категорияи ахлоқӣ буда, мақсади он дар шуури шаҳрванд ташаккул додани ғояи миллӣ мебошад.

Тарбияи миллӣ. Тарбияи миллӣ ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ. Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд.

Тарбияи ватанпарастӣ. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад.

Тарбияи ҳуқуқӣ. Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷамъият мебошад.

Тарбияи гуманистӣ. Зери ин мафҳум дар шаҳрванд ба вуҷуд овардани эҳсоси дӯст доштан, эҳтиром кардан ва раҳму шафқат фаҳмида мешавад. Тарбияи гуманистӣ аз ғояҳои синфият ва инсонбадбинӣ орӣ аст. Он ба шаҳрванди кишвар имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷамъият, миллат ва аҳли башар эҳсос кунад.

Тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ. Мақсади асосии тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб дӯст доштани кор ва интихоби бошууронаи касб мебошад.

Тарбияи иқтисодӣ. Тарбияи иқтисодӣ ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар низоми иқтисоди миллии кишвар ва иҷтимоии ҷамъият мақоми худро дошта бошад. Тарбияи иқтисодӣ аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва истеҳсолот давом меёбад.

Тарбияи сиёсӣ. Тарбияи сиёсӣ аз зарурати фаъолияти сиёсии шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷамъият ба миён меояд. Шаҳрванд дар фазои сиёсӣ ҳаёт ба сар бурда, бояд сохтор ва неруҳои сиёсии ҷамъиятро донад.

Тарбияи ҷисмонӣ. Ин намуди тарбия аз бардаму солим тарбия кардани миллат иборат буда, он тавассути машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои варзишии кӯдакону ҷавонон, ҷамъиятҳои варзишӣ, тавассути сайру тамошо дар муҳити табиат, истироҳати фаъолона ва монанди ин иҷро карда мешавад.

Тарбияи тафаккури интиқодӣ. Тарбияи тафаккури интиқодӣ омили асосии ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо мебошад.

Тарбияи масъулиятшиносӣ. Масъулиятшиносӣ аз ҷумлаи сифатҳои муҳими шаҳрванд мебошад. Шахси масъулиятшинос вазифаҳои худро дар мактаб, оила, ҷойи кор ва ҷойи истиқомат хуб иҷро карда, сабабгори пешрафти оромии муҳити зиндагӣ ва кор мешавад.

Марҳилаҳои тарбия:

Марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиро меомӯзанд ва онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Аз мафҳумҳои нахустини деҳа, шаҳр, ноҳия, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд. Бо ҳамдигар ва ё хешу табор ва одамони дигар муомила карданро аз бар менамоянд. Волидон фарзандонро ба навозишу меҳрубонӣ ба тарбия фаро мегиранд. Кӯдакон аввалин донишҳоро дар бораи муҳити зиндагӣ, Ватан ва мактаб аз онҳо ба даст меоранд.

Марҳилаи дуввуми тарбия муассисаҳои томактабӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд.

Марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад. Тарбияи хонандагон аз рӯйи маводи дар китобҳои дарсӣ, дастурҳои методию манбаъҳо, аёнияти таълим сурат мегирад, ки он то як дараҷа низоми педагогӣ дорад. Дар ин муассисаҳо ба тарбияи миллӣ мутахассисон – омӯзгору устодон машғуланд. Бо хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ сифатҳои миллии насли наврас асосан ташаккул меёбанд ва онҳо қисман ба ақидаю ҷаҳонбинӣ мубаддал мегарданд.

Марҳилаи чоруми тарбия ба тайёрии касбии ҷавонон дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад.

Бунёди фаъолияти муассисаи таълимиро бояд арзишҳои миллии мо ташкил диҳанд. Сохтори рисолати муассисаи таълимӣ мураккаб аст. Омӯзгор дар рафти фаъолияташ на танҳо ба як масъалаи ҷузъии алоҳида, балки ба маҷмӯи масъалаҳои таълиму тарбия сарукор мегирад. Муассисаи таълимӣ низ на як мақсади алоҳида, балки маҷмӯи ҳадафҳои гуногунро амалӣ месозад. Ин ҳадафҳо аз рӯйи тартиби муайян сурат мегиранд. Дар баробари ин интихоби ҳадафҳои асосӣ, тарзу усулҳои фаъолияти омӯзгорон ва тамоми муассисаи таълимӣ дар маҷмӯъ воситаҳои ба он ноил шуданро муайян менамоянд.

Ҳамин тариқ, кори муассисаҳои таълимӣ ба ду қисм ҷудо мешавад: таълимӣ ва тарбиявӣ. Инҳо ҳамбастагии хеле қавӣ дошта, муассисаи таълимӣ маҳз дар заминаи ҳамин ду қисмат бунёд меёбад.

Алҳол ҳамаи ҳадафҳои муассисаи таълимиро ду ҷиҳати муҳим ташкил медиҳад:

-донишҷӯён асосҳои илм ва силсилаи муайяни донишҳоро аз бар намуда, малакаю маҳорат, қобилияти зеҳнӣ, инкишофи ҷисмонию меҳнатӣ, завқу рағбати худро қонеъ карда тавонанд;

-ҳар як донишҷӯ бояд бомаърифат, бофарҳанг, соҳибназар, эҷодкор ва дорои завқи баланд тарбия ёбад.

Тарбия ба маънои маҳдудаш ба рушди эҷодии ҷавонон тавре бояд нигаронида шуда бошад, ки дар заминаи воқеият истеҳсолоти ҷамъиятиро бо самтҳои тараққиёбандааш ташаккул дода тавонад.

Ҳар як омӯзгор, новобаста ба он ки аз кадом фанни таълимӣ дарс мегӯяд, бояд тарбиятгари шогирдони худ бимонад, то ки худшиносу худогоҳу садоқатманд ва бомуҳаббат ба бунёди ҳаёти осудаҳолона ва дурахшони азизи хеш саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин ӯ инро танҳо на ба он хотир анҷом диҳад, ки мақсади асосии муассисаи таълимиро ташкил медиҳад. Балки барои он анҷом диҳад, ки таҳсили муваффақонаи ҳар як фан дар сатҳи тарбияи шогирдон, талаботи тамоюли замон ба роҳ монда шуда, рушди қобилияти донишҷӯ аз диди назари некбинона таъмин гардад. Айни замон танҳо тавассути тарбия мақсад ва вазифаҳои таҳсилро ба таври самарабахш метавон амалӣ сохт. Чунки самараи тарбия дар таъсир ба тамоюли ботинӣ ва шавқу рағбат дар фаъолияти воқеии донишҷӯ зоҳир мегардад. Ташаккули чунин фаъолияти донишҷӯро маҳз тарбия дар ҷараёни таълим ба вуҷуд меорад. Тарбияи самарабахш дар заминаи хусусиятҳои фардӣ ва қобилияти донишҷӯ барои рушди шахсият, ахлоқи ҳамида, худшиносӣ, худогоҳӣ ва худбаҳодиҳии шахсият ифода мегардад.

Чунин мақсад ва вазифаҳои муассисаи таълимиро на танҳо омӯзгор, балки бояд донишҷӯ низ дарк кунад. Омода сохтани худ чун шахсияти комил, дар худ тарбия кардани хислатҳои беҳтарин ва намунаи ибрат будан барои донишҷӯён вазифаҳои муҳимтарини таҳсил ба ҳисоб мераванд.

Бинобар ин, ояндаи кишвари мо ба тарбияи дурусти насли ҷавон вобастагӣ дорад. Зеро ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Яъне ба таври дигар, агар имрӯз мо ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони Истиқлолият тарбия кунем, пас ояндаи дурахшоне моро дар пеш аст. Бо соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудан табиист, ки ҷавонони мо тамоми донишу маҳорати худро барои пешрафти давлати миллиамон равона месозанд.

Зимнан, омӯзгор тарбиятгар, устод асту роҳнамои насли ҷавон, бо маърифату маънавиёташ ҳаёту рӯзгорро равшану муайян месозад. Омӯзгор меҳнату заҳмати худашро ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонони илмдӯсту ташаббускор тақвият мебахшад. Омӯзгор бо дарки масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, меҳри илму донишандӯзиро дар қалби шогирдон ҷой мекунад. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозуъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Омӯзгор чун тарбиятгар дар раванди тарбияи насли ҷавон ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷамъият дар дасти ӯст. Омӯзгор дар раванди тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба тарбияи насли ҷавон бо масъулияти баланд муносибат намуда, фаъолиятамонро ба талаботи замони имрӯзаи рушди илму техника мутобиқ гардонем ва ҷиҳати тарбия кардану ба камол расонидани насли созандаву бофарҳанг, ватанпарвару меҳнатдӯст ва босаводу соҳибкасб аз ҳарвақта дида бештар азму талош намоем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки тарбияи дурусти насли ҷавон вазифаи аслии мост. Зеро тарбия масъулияти бузург аст, саҳлангорӣ нашояд.

Саторова М.Қ. – мудири шуъбаи ташкилию тарбиявӣ

Leave a Comment